Аммо афсарони артиши собиқ қариб ҳама ашрофзода буданд ва ба синфи коргару деҳқон ҳеҷ рабте надоштанд. Ин ду табақаи ҷомеа бо ҳам дар тазоди ошкор қарор доштанд ва душмани синфии ҳамдигар ба шумор мерафтанд. Бо вуҷуди ин, болшевикон вуруди афсарони собиқро ба Артиши сурх иҷоза доданд ва барои назорати онҳо тобистони соли 1918 Бюрои умумируссиягии комиссарони ҳарбиро таъсис намуданд. Ин ташкилот соли 1919 Раёсати сиёсӣ РВСР ном гирифт ва як ҷузъи мустақили КМ РКП(б) ба шумор мерафт. Комиссарон дар артиши нав бевосита аз ҳизби болшевикӣ (РКП(б)) намояндагӣ мекарданд ва миёни ҷанговарону ҳайати фармондеҳӣ кори сиёсӣ тарғиботӣ мебурданд. Билохира болшевикон дар ин кор муваффақ шуданд ва аллакай тирамоҳи соли 1918 Артиши сурхи коргару деҳқонӣ ба як артиши оммавӣ табдил дода шуд. Дар рафти ҷанги гражданӣ ҳайати шахсии артиши нав 1,5 млн ҷанговарро ташкил медод.
Рутбаҳои ҳарбӣ
Дар оғоз болшевикон, дар Артиши коргару деҳқонӣ рутбаҳои ҳарбӣ ва погонҳоро, чун мероси низоми собиқ барҳам доданд. Аскарон ба қумандонҳо танҳо тибқи мансаби ишғолкардаашон муроҷиат мекарданд. Масалан, қумандони дивизияро комдив, корпусро комкор меномиданд. Аммо баъди чанде болшевикон ин тафовутро низ аз миён бардоштанд ва 22 сентябри соли 1935 И.Сталин аз нав дар Артиш рутбаҳои ҳарбиро ҷорӣ кард.
Барои фарқ кардани рутбаҳои ҳарбӣ дар Артиши сурх аз соли 1935 то соли 1943 петлитсаҳоро (нишонаи латтагини рангӣ, ки ба гиребон ё остини либос васл мекарданд) истифода мебурданд. Соли 1940 бошад, И.Сталин бо ташаббусӣ Ворошилов дар артиши нав рутбаи генералиро низ ҷорӣ намуд. Тамоми “комдивҳо”, “комбригҳо”, “комкорҳо” ва “командармҳо” ба генералҳо табдил дода шуданд. Дар артиш рутбаи маршалӣ низ роҳандозӣ гардид. Соли 1943 бошад И.Сталин билохира погонҳо ва муроҷиати “афсар”-ро низ вориди Артиши сурх кард ва ин артиш беш аз беш ранги доимиро ба худ мегирифт.
Моҳи сентябри соли 1939 дар кишвари Шӯроҳо қонуни нав дар бобати ӯҳдадории умумии ҳарбӣ қабул карда шуд. Қонуни нав аз қонунҳои собиқ бо оммавияти худ тафовут дошт. Тибқи қавонини собиқ “аносури муфтхур” афроде, ки ба ҳокимияти шӯроҳо содиқ набуданд, ҳаққи хизмат дар артишро ҳам надоштанд. Ин афрод ӯҳдадориҳои ҳарбиашонро дар ақибгоҳ адо мекарданд. Ба таъбири дигар ҷуз коргару деҳқон дигарон аз ҳаққи ворид шудан ба он маҳрум буданд. Аммо қонуни нав ин тафовутро низ аз миён бардошт ва дигар новобаста аз синфият, ҳама метавонистанд ба ин артиш шомил гарданд.
Бо вуҷуди ин дар худи қонун Артиши сурх, ҳанӯз артиши коргару деҳқонӣ ном бурда шудааст. Аммо алаккай дар фармони Комисариати Халқии Мудофиаи (КХМ) СССР таҳти № 0156 аз 11 октябри соли 1939 артиши коргару деҳқонӣ танҳо Артиши сурх ном бурда мешавад. Ворошилов низ 15 ноябри соли 1939 ҳангоми маърӯзааш дар Бюрои сиёсӣ, артиши сурхи коргару деҳқониро Артиши Сурх ном бурд. Раванди тағйири номи артиши нав 26 июли соли 1940 хотима ёфт. Дар ин рӯз бо фармони махсуси ҳукумат таҳти № 0037 ва № 0038, сохтори нави дастгоҳи марказии КХМ ва Ситоди генералӣ роҳандозӣ гардиданд ва дар онҳо истилоҳи “коргару деҳқонӣ” дигар мавҷуд набуд. РККА ба Артиши сурх тағйири ном кард.
Армияи Советӣ
Дар авохири ҷанг, вақте иштирокчиёни ҷанг ба таври оммавӣ ба хонаҳояшон бар гаштанд, миёни мардум андешаи роиҷ гардид, ки низоми шӯравӣ акнун каме сабуктар мешавад. Ҷанговарони собиқ, ки зиндагии мардуми Аврупоро дида буданд, қиссаҳои ҳайратангез нақл мекарданд. Сару садоҳое паҳн шуданд, ки давлат ба деҳқонон иҷоза медиҳад аз колхозҳо хориҷ шуда, хоҷагии шахсиашонро таъсис диҳанд, мардум метавонанд савдои хурди шахсиро ба роҳ монанд. Хусусан миёни ҷавонон ва донишҷӯён андешаҳои инчунин бештар равнақ доштанд. Аммо баромади пеш аз интихоботии Сталин 9 феврали соли 1946 ба ҳамаи ин сару садо хотима дод. Сталин дар баромадаш гуфт, ки сохти ҷамъиятӣ ва давлатии шӯравӣ имтиҳони ҷангро пушти сар кард. Ба гуфти И.Сталин ҷанг ҳаққонияти сиёсати ҳизбро нисбати индустрикунонӣ ва коллективонии кишвар собит намуд. Аммо дигаргуниҳо билохира доир гардиданд. 25 феврали соли 1946 Артиши Сурх ба Артиши Шӯравӣ (советӣ) табдили ном кард. Ба ибораи дигар Артиши сурх аз лашкари ихтиёриёни инқилобӣ ба артиши доимии як кишвари соҳибистиқлол мубаддал гардид. Ин Артиш, ки аллакай 2 ҷанги хунинро пушти сар намуда, дар ҳардуи онҳо пирӯз гардида буд, яке аз нерӯмандтарин артишҳои дунё ба шумор мерафт. Соли 1946 теъдоди ҷанговарони Артиши Сурх 11 млн нафарро ташкил менамуд. Баъди тағйири ном ҳайати шахсии Артиши Шӯравӣ, то 2,8 млн нафар кам карда шуд ва дар рафти ҷанги сард низ дигар аз 5 млн. убур накард. Соли 1967 бошад дар он хизмати аскарии 2 сола ҷорӣ карда шуд. То он замон ҷавонони Иттиҳод 3 сол дар Артиш хизмат мекарданд. Ҳукумати Шӯравӣ низ номи худро иваз намуд. ШКХ ба Шӯрои Вазирон табдил дода шуд.Тамоми комиссарони ҳалқӣ аз ин ба баъд вазир хитоб карда мешуданд. Сарварии ҳукумат- Шӯрои Вазиронро бошад худи Сталин ба зимма дошт.
Зокирҷон Бобоев,
ноҳияи Ҳисор