ХАБАРИ ДОҒ

12 марти соли 1990 дар Маскав Анҷумани III-юми вакилони мардумии СССР ба кори худ шурӯ кард. Анҷумани мазкур дар таърихи собиқ Шӯравӣ нақши вежае ифо карда, ба яккатозии ҲКИШ хотима дод. Дар ин Анҷуман бо тағйиру иловаҳо ба Сарқонун нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ аз Сарқонун ҳазф гардида, дар аввалин кишвари Шӯроҳо бисёрҳизбӣ ҷорӣ карда шуд. Инчунин, Анҷумани мазкур мақоми Президенти СССР-ро таъсис дод ва мақоми раиси Шӯрои Олиро низ интихобӣ кард. 

Брежнев ва дарки хатар

Бояд қайд кард, ки ҳатто дар Сарқонуни сталинӣ, ки соли 1936 қабул гардида буд, моддае дар бораи нақшт вежаи ВКП(б) вуҷуд надошт. Албатта ин маънои онро надошт, ки муаллифони ин Сарқонун зидди мақоми роҳбарикунандаи ҳизбашон буданд. Аммо ҳам худи Сталин ва ҳам Николай Бухарин, ки дар омодасозии Сарқонуни соли 1936 нақши вежа дошт, ба хуби мефаҳмиданд, ки ин кор оқибати хубе нахоҳад дошт. Сарқонуни соли 1936 бори аввал дар СССР интихоботи умумӣ, баробар, мустақим ва пинҳониро ҷорӣ намуд. Ва дар сурати пазируфтани нақши роҳбарикунандаи ВКП(б) дар Сарқонун, ин интихобот моҳияти худро аз даст медиҳад ва интихоботро аз интихоб маҳрум мекунад.                                             Аммо дар замони Леонид Брежнев вазъият зиёд муташаниҷ гардида буд. Рӯйдодҳои Чехословакия дар соли 1968 Брежнев ва кулли роҳбарияти СССР-ро ба таъбире "талхакаф" кард. Болшевикони собиқадор дар ҳол хатареро, ки ба онҳо замони ҷанги гражданӣ ва ошӯби Кронштат таҳдид мекард, дарк карданд. Шиори инқилобиёни чех низ, мисли матросҳои Кронштат "Шӯроҳои бе коммунист" буд. Ва Леонид Брежнев қарор дод, бо мустаҳкам кардани нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ дар Сарқонун ҳукумати ҳизбашро аз хатарот маҳфуз гардонад. Ҳамин тариқ банди 6-уми Сарқонуни СССР арзи вуҷуд пайдо кард. 

Горбачев ва тафакури нав

Дар давраи аввали “бозсозӣ” Горбачев ва тарафдоронаш дар роҳбарияти ҲКИШ дар бобати ислоҳоти сиёсӣ ҳатто фикр ҳам намекарданд.

Сохти тоталитарии ҷомеаи шӯравӣ чӣ дар муҳити иқтисодӣ ва чӣ дар муҳити сиёсӣ боқӣ монда буд ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ акнун ташаккул меёфту нақши чандоне надошт. Аз тарафи дигар мантиқи инқилоб “аз боло” як навъ тадриҷиятро тақозо мекард. Аммо баъди чанде ислоҳотчиён ба муқобилияти сахти дастгоҳи бюрократӣ алайҳи дигаргуниҳои иқтисодиашон рӯ ба рӯ гардида, бори аввал ба фикри дастгирии ислоҳоташон “аз поин” шуданд.                                                                                          Моҳи январи соли 1987 Пленуми навбатии КМ ҲКИМШ доир гардид ва дар он мубориза бо бюрократия ва гузаштан ба арзишҳои демократии идоракунӣ, асоси фаъолияти ҳизбӣ эълон гардиданд. Ин самти нави фаъолият “тафаккури нав” ном гирифт. Тезиси асосии ин тафаккурро пазируфтани якпорчагии дунё, алоқамандӣ ва вобастагии кишварҳо аз ҳамдигар ташкил медод. Тибқи ин “тафаккури нав” манофеъ ва арзишҳои умумиинсонӣ бар манофеъ ва арзишҳои синфӣ авлавият пайдо мекарданд. Муносибатҳои байнидавлатӣ низ тибқи ин тафаккур тағйири ҷиддӣ диданд. Ин “тафаккури нав” заминаи хуберо барои фаъолияти амалӣ эҷод кард. Маҳз дар натиҷаи ҳамин тафаккур баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ бо Афғонистон 15 маи соли 1988 раванди баровардани Артиши шӯравӣ аз ин кишвар оғоз гардида, моҳи феврали соли 1989 нерӯҳои шӯравӣ ба пуррагӣ Афғонистонро тарк карданд. Воқеан ошкорбаёнӣ ва гуногунандешии эълонкардаи Горбачев дар ҷомеъаи тоталитарии шӯравӣ бе назир буданд. Дар натиҷаи ин сиёсат норозиён бо сохти шӯравӣ низ аз зиндонҳо ва бемористонҳои рӯҳи берун омаданд. Бори аввал дар СССР дигарандешӣ ҷиноят маҳсуб намешуд. Васоити ахбори омма низ “аз боло” соҳиби озодии танқид кардани роҳбариятро пайдо карданд. Гарчӣ ин озодӣ бисёр маҳдуд буд, аммо бо вуҷуди ин рӯзноманигорон акнун метавонистанд дар маосиле, ки то дирӯз ҳаққи ҳарф задан надоштанд, ибрози ақида намоянд. Рӯзнома ва маҷаллаҳои зиёди нав рӯи чоп омаданд. Аммо мавҷи ахбороти ҷадид, ки як тӯфонро мемонд дар муддати кӯтоҳ зербинои тафаккури коммунистиро хароб кард. Албатта ташаббускорони бозсозӣ ин натиҷаро пешбинӣ накарда буданд.  

Ташкилотҳои ғайрирасмӣ

Яке аз натоиҷи демократикунонии ҷомеа “аз боло” ташаккули тадриҷии мухолифони сиёсии низом гардид. Дар шароити ошкорбаёнӣ, дар кишвар хеле зуд ташкилотҳо ва ҷамъиятҳои ғайрирасмӣ қудрат гирифтанд. Ин ташкилотҳо дар оғоз ба тарафдори аз “бозсозӣ” ташкил мегардиданд. Барои мисол дар пойтахти СССР шаҳри Маскав ҷамъиятҳое мисли “Бозсозӣ”, “Маҳфил”, “Фонди ташаббусҳои иҷтимоъӣ”, дар Ленинград ҷамъияти “Диалектик”, дар Красноярск “Иттиҳод ба тарафдори аз бозсозӣ” рӯи кор омаданд. Дар кишвари мо низ ҷамъиятҳое монанди  “Ошкоро” ва баъдан ҳаракати “Растохез” ва ғ. арзи вуҷуд намуданд. Дар давраи аввали “бозсозӣ” ин ташкилотҳои ғайрирасмӣ дар чаҳорчӯби сиёсати расмӣ фаъолият дошта, чандон хатаре барои роҳбарият надоштанд. Аммо воқеъияти пайдо шудани чунин ҷамъияту ташкилотҳо дар ҷомеъаи шӯравӣ маънои мухолифати сиёсӣ алайҳи системи шӯравиро дошт. Ин ҷамъияту ташкилотҳо, ки бо ташаббус “аз поин” пайдо мешуданд, оҳиста-оҳиста ақоиди миллӣ ва ғайри коммунистиро дунболкардан гирифтанд. Дигаргунии куллӣ дар фаъолияти ин ташкилотҳо соли 1987 ба вуқӯ пайваст. Тирамоҳи он сол вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии аввалин кишвари шӯроҳо бениҳоят бад гардид ва дар як қатор ҷумҳуриҳои иттиҳодӣ ва мухтор фронтҳои халқӣ ташаккул ёфтанд. Аввалин Фронти халқӣ моҳи апрели соли 1988 дар Ҷумҳурии Эстония ташкил гардид. 

Поёни ҳукумати ҳизб

Бори аввал масъалаи барҳам додани яккатозии идеологӣ ва сиёсии ҳизби ҳоким (ҲКИШ) баҳори соли 1989, дар рӯзҳои интихоботи вакилони мардумии СССР ба миён омад. Вакилони зиёд аллакай он замон зарурати гузаштан ба системи бисёрҳизбӣ ва бекор кардани банди 6-уми Сарқонунро тақозо мекарданд. Мубориза барои бекор кардани банди 6-уми Сарқонун дар Анҷумани I-уми вакилони халқии СССР, ки моҳи маи соли 1989 доир гардид, шиддат гирифт.           

  Дар натиҷаи бигу-нагӯҳо вакилони мардумӣ ба ду даста тақсимбандӣ гардиданд. Гурӯҳи аввалро мӯътадилҳо бо сарварии Михаил Горбачев ташкил медоданд ва гурӯҳи дуввумро бошад радикалҳо, ки дар шакли Гурӯҳи вакилони байниминтақавӣ (МДГ) муттаҳид гардиданд.           

  Ба ин гурӯҳи дуввум Юрий Афанасев, Гавриил Попов, Борис Елтсин, Виктор Палм ва Андрей Сахаров роҳбарӣ мекарданд. Сарварони ин гурӯҳ роҳбарияти мухолифинро дар кишвар ба зимма гирифтанд ва хоҳони пурра нест кардани системи сиёсии шӯравӣ буданд. Намояндагони ин гурӯҳ дар Анҷуман талаб карданд банди 6-уми Сарқонун пурра бекор карда шавад. Яке аз асоситарин тарафдорони барҳам додани банди 6-уми Сарқонуни СССР академик Андрей Сахаров гардид. Маҳз бо тақозои ӯ ин масъала барои баррасӣ ба Анҷуман пешниҳод гардид. Аммо вакилони байниминтақавӣ ин бор ба мақсадашон нарасиданд. Фурсати навбатӣ моҳи декабри соли 1989 дар Анҷумани II-ми вакилони халқии СССР фароҳам шуд. Намояндагони вакилони байниминтақавӣ (МДГ) пеш аз оғози кори Анҷуман аз вакилони дигар ва мардуми кишвар даъват карданд, ки ба хотири бекор кардани банди 6-уми Сарқонун даст ба коршикании умумӣ зананд. Сахаров дар аввалин ҷаласаи Анҷуман талаб кард масъалаи мазкур ба дастури кори Анҷуман ворид карда шавад. Аммо радикалҳо ин бор низ ба мақсадашон нарасиданд ва Горбачев тавонист вакилонро розӣ кунонад ин масъаларо баррасӣ накунанд.       

Бо вуҷуди ин, Сахаров ва тарафдоронаш ба муборизаашон идома доданд ва моҳи феврали соли 1990 Маскавро мавҷи эътирозоти мардуми фаро гирифт. Асоситарин талаби тазоҳуркунандагон бекор кардани банди 6 уми Сарқонун гардида, Горбачев таслим шуд. 5 феврали соли 1990 дар Маскав пленуми васеъи ҲКИШ доир гардид ва дар он Михаил Горбачев иброз намуд, ки бояд мақоми Президенти СССР-ро таъсис дода, банди 6-уми Сарқонунро бекор намоянд. Баррассии ниҳоии ин масъла ба Анҷуман ғайринавбатии Шӯроҳо вогузор карда шуд. Ба нақл аз Собчак " дар пленум тамоми баромадкунандагон бар зидди бекор кардани банди 6-ум баромад карданд ва баъдан дар Анҷумани ғайринавбатӣ, ҳама бо як овоз ба тарафдории ин кор овоз доданд".

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter