ХАБАРИ ДОҒ

 21 март дар сар то сари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шудааст. Ин қарор 19 феврали соли 2010 дар 64-мин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ қабул карда шуд. Дар банди 49 рӯзномаи ин ҷаласа, ки дар бораи "Маданияти дунё" ном дошт, чунин омода буд: "Ассамблеяи Генералии СММ 21 мартро чун  Рӯзи байналмилалии Наврӯз мепазирад ва кӯшиши давлатҳои баргузоркунандаи Наврӯзро дар бобати нигаҳдорӣ ва тарвиҷӣ фарҳанги Наврӯз истиқбол мекунад".   Ҳамин тариқ, Соли нави мардуми ориёитабор эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кард. Албатта, ин кор ба осонӣ ба даст намомад, зеро барои ин солҳои тӯлонӣ ва заҳмати зиёде кашида шуд.

 

Бедории табиат

Ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии соли навро бо як шаҳомату шукӯҳи хосае ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои соли навии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз тавалуди ҳазрати Исо (с.а) ҷашн мегиранд.Соли нави қамарӣ,ки бештари нажоди сомӣ аз он табаият мекунанд аз ҳиҷрати Паямбари ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хоссе доранд. Аммо ҳеҷ кадом аз инҳо, ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо соли нави ориёӣ пурра ба ин мафҳум ҷавобгӯст.                                                     

 Чун маҳз дар фарвардин (март) табиат аз хоби зимистониаш бедор мешавад ва мардуми ориёитабор ин бедориро Наврӯз ном ниҳода, аз қадимтарин даврони таърихи хеш ин ҷашни бошукӯҳро то ба ин рӯз зинда нигаҳ  доштанд. Наврӯз чуноне, ки аз номаш маълум аст ҷашни миллии қавми ориёист ва метавон гуфт, бузургтарин ҳадяи ин қавм ба таммадуни башарист. Таърихи Наврӯз дар асотири ориёӣ ба замони Пешдодиён мерасад ва бештари муаррихон ин ҷашнро ба шоҳи 4-уми ин сулолаи афсонавӣ Ҷамшед марбут медонанд. Дар қадимтарин маъхази мардуми ориёитабор «Авасто» низ аз ин ҷашн ёд шуда, маҳз Ҷамшед дар он, чун поягузорӣ он зикр гардидааст.

Дар замони Ҳахоманишинҳо, ки таърихи сиёсии ақвоми ориёӣ аз онҳо оғоз мегардад, ҷашни Наврӯз ба бузургтарин ҷашни давлатӣ табдил дода шуд ва шоҳони Ҳахоманишнӣ онро бо шукӯҳу шаҳомати азим ҷашн мегирифтанд. Ин анъана дар замони Ашкониён низ идома ёфт ва дар аҳди Сосонӣ ба авҷи аълои худ расид.  

 

Иди динӣ

Аммо Наврӯз, хусусан миёни мо тоҷикон фарозу нишобҳои сангинеро ҳам пушти сар карда аст. Бо омадани ҳукумати Шӯроҳо қисмати ин ҷашни қадимӣ комилан ранги дигар гирифт. Болшевикон Наврӯзро оини исломӣ муаррифӣ карданд ва ҷашни он барои солҳои зиёд мамнуъ шуд. Албатта мардуми оддии мо ҳамеша онро ҷашн мегирифт, аммо дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро аз Маскав манъ карда буданд. Ҳукумати онвақта ин ҷашни қадимии мардумиро "боқимондаи гузаштаи феодалӣ" ва иди диниву мазҳабӣ қаламдод мекард. Он замон дар байни роҳбарияти коммунистӣ ақидае роиҷ буд, ки Наврӯзро мусалмонон ҷашн мегиранд, на коммунистон. Бо вуҷуди ин, зиёиёни миллат, монанди Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Холмурод Шарифов ва дигарон борҳо ин масъаларо дар назди роҳбарияти он рӯзаи кишвар бардошта буданд, аммо дар Душанбе касе ҷуръат намекард бе ризояти Маскав қароре қабул кунад. Ва ин вазъ то соли1965 идома ёфт.     

                                                                                         

Иди меҳнат                          

Соли 1965 ҳукумати Тоҷикистон муносибати худро нисбат ба ин ҷашн тағйир дода. иди навро бо номи "Иди меҳнат" роҳандозӣ намуд. Ин иди нав оғози кишту кори баҳориро ифтитоҳ мебахшид ва ҷойгузини Наврӯз мегардид. Роҳбари он вақтаи РСС Тоҷикистон, котиби авали Ҳизби коммунист Ҷаббор Расулов дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо зиёиён мегуфт, ки "Иди меҳнат" танҳо чизест, ки Ӯ метавонад иҷозат диҳад. Аммо бо шарофатии нотарсӣ ва ғурури миллии як зани тоҷик Наврӯз дар кишвари мо чун иди расми дубора эҳё гашт. 

21 марти соли 1966 нашри махсуси рӯзномаи "Маориф ва маданият" рӯи чоп баромад, ки пурра ба ҷашни Наврӯз бахшида шуда буд. Ба ин рӯзнома Буринисо Бердиева сарварӣ мекард. Ин зани далеру нотарс бар ҳақ дар эҳёи дубораи Наврӯз хидмати зиёде кард. Шоҳидон нақл мекунанд, ки вақте шумораро барои нашр омода мекарданд аз "боло" дастур доданд, то макети онро, ки ба "Иди меҳнат" бахшида шуда буд барои аз назар гузаронӣ ба Кумитаи Марказӣ биёранд. Сардабир макетро бурд ва дар КМ низ онро тасдиқ карданд, аммо вақте макетро ду бора ба редаксия оварданд Буринисо Бердиева "Иди меҳнатро" ба Наврӯз иваз кард ва ин ҷашни қадимаи мардуми ориёӣ дубора эҳё гардид. Баъди баромадани шумора кормандони Кумитаи Марказӣ ба кофтукови Буринисо афтоданд аммо, ӯро аз ҳеҷ ҷой пайдо намекарданд. Ин зани далер ба кормандони рӯзнома гуфта буд: "Агар маро суроғ кунанд гӯед, ки ба Кумитаи Марказӣ рафт". Ин шумораи наврӯзӣ дар матбуоти тоҷик 1 саҳифаи дурахшоне буд ва баъди нашри он сардабири "Маориф ва маданият" ба яке аз чеҳраҳои намоёни кишвар табдил ёфт. Шоир Бозори Собир, ки он солҳо ҳамроҳи Буринисо  дар "Маориф ва маданият" кор мекард боре гуфта буд: "Дар гирди Ӯ ҳамфикрони зиёде ҷамъ шуда буданд, аммо танҳо мардонагии Буринисо буд, ки матолиб дар бобати Наврӯз рӯи чоп омад. Маҳз Ӯ Наврӯзро  дубора ба ҷашни расмии кишвар табдил дод". 

 

Иди маҷусӣ 

Аммо бо ин фарозу нишебҳои ин ҷашни қадимӣ ба поён нарасид. Наврӯз бори дигар аз ҷашни динӣ ба ҷашни маҷусӣ табдил ёфт. Хусусан дар ин шабу рӯз, иддае дигар аз муқаддасмаобон мекӯшанд, ин иди қадимиро чун ҷашни маҷусӣ қаламдод кунанд ва мардумро аз ҷашни он гардонанд. Ҳол он, ки ислом урфи пайравони худро, ки дар он созандагию рушд вуҷуд дорад инкор намекунад, балки мардумро ба пайрави аз он тарғибу ташвиқ менамояд.                                     

 Бешак ҷашни Наврӯз аз ҳар анъанаи миллӣ бештар ба ин рушду созандагӣ ҷавобгӯст, чун рабти танго танге бо табиат, ин муъҷизаи Худованд дорад. Ба ҳамин хотир буд, ки баъди зуҳури ислом ва пазируфтани он аз тарафи мардуми эронӣ, Наврӯз натанҳо аҳамияти худро гум накард, балки ақвоми ғайри эронитабор низ ин ҷашни қадимии ориёиёнро, чун иди миллии худ пазируфтанд ва ҳамасола ҷашнаш мегиранд. Хушбахтона, ҳеҷ истилое, ҳеҷ ҷаҳонбинию фарҳанги наве натавонист Наврӯзро аз тафаккури мардуми эронитабор берун кунад. Хушбахтона имрӯз, Наврӯз ҷойгоҳи волои худро дарёфт кард ва аз тарафи ҷомеъаи башарӣ чун дастоварди қавми ориёӣ эътироф гардид. Албатта ин кор худ аз худ ба амал наёмад ва талошҳои сарони се кишвари эронитабор Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ин кор нақшӣ ҳалкунанда доштанд ва билохира адолат барқарор гардид. 30 сентябри соли 2009 созмони ЮНЕСКО ин қадимтарин ҷашни миллии моро  ба феҳристи мероси фарҳангии инсоният шомил намуду дар зери ин санад 24 кишвари дунё имзо гузоштанд.                                                                     

 Акнун дар таърихи ин ҷашни қадимӣ саҳифаи нав навишта шуд. Қавми ориёӣ ҷашнеро ба башарият ҳадя дод, ки солҳои тӯлонӣ дар17 кишвари ҷаҳон истиқбол мегардид. Дар асл эътирофи Наврӯз аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ, як аҷргузорист ба ин ҷашни фархундаву қадимии табори ориёӣ. 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter