ХАБАРИ ДОҒ

Маршале, ки Гитлерро «капут» кард!

  • Чоршанбе, Апр 15 2020

 

(Ба муносибати 75-солагии ғалабаи Халқи Советӣ дар ҶБВ)

Сталин аз ҳуҷуми Гитлер хабар дошт!

Маршали Иттифоқи Советӣ Г.К.Жуков дар китоби худ ёддоштҳо ва мулоҳизаҳо овардааст:

-Бегоҳии 21 июни соли 1941 сардори штаби округи ҳарбии Киев генерал-лейтейнант М.А.Пуркаев хабар дод, ки ба назди сарҳадбонон гурезаи немис омада, иброз медорад, ки қушунҳои немис дар назди сарҳад омодагӣ доранд ва субҳи 22 июн ҳуҷумро оғоз менамоянд. Дар ин бора ҳамон лаҳза ба нарком ва И.В.Сталин занг задам.

Сталин гуфт: «Бо НарКом зуд ба Кремл ҳозир шавед!». Ӯ танҳо маро қабул кард ва дар изтироб буд.

И.В.Сталин пурсид: Гурезаро барои барангехтани зиддият нафиристода бошанд?

С.К.Тимошенко: Гуреза гапи ҳақро мегӯяд.

Ба утоқи И.В.Сталин аъзои Бюрои Сиёсӣ даромаданд. Чӣ бояд кард,-пурсиданд И.В.Сталин. Ҳама хомӯш буданд.

Ба округҳои ҳарбии сарҳадӣ амри директивӣ додан лозим, ки онҳо аз ҷиҳати ҳарбӣ омода бошанд,-гуфт нарком.

Г.К.Жуков матни телеграммаро қироат намуд.

21.06.1941. Соат ба вақти СССР 00.30 дақиқа.  Телеграмма ба округҳои ҳарбӣ расонда шуд. 

 

 Шурӯъи ҶБВ

22.06.1941. Соат ба вақти СССР 03:17 дақиқа. Фармондеҳи Флоти Баҳрӣ адмирал Ф.С.Октябрский хабар дод, ки аз тарафи баҳр шумораи зиёди самолётҳо пайдо шуданд, чӣ бояд кард? Қарори шумо пурсидам?

Қарор якто: бо оташи зиддиҳавоии флот пешвоз мегирем.

 

22.06.1941. Соат ба вақти СССР 03:30 дақиқа. Ба шаҳрҳои Белорусия, баъди 3 дақиқа ба шаҳрҳои Украина, соати 03.40 ба Каунас аз бомбаборон кардани самолётҳои немис хабар доданд.

Ба И.В.Сталин занг задам, касе гушаки телефонро намегирад.

Занг заданро такрор кардам, овози хоболуди генерали раёсати посбонҳо ҷавоб дод. Илтимос намудам, ки Сталинро даъват намояд. Баъди 3 дақиқа Сталин омад, ӯро аз вазъият огоҳ кардам, хомӯшӣ. Мепурсам рухсат диҳед, ки ба онҳо ҷавоб гардонем.

Оқибат пурсид: Нарком куҷост? Бо округи Киев гуфтугӯ дорад, ҷавоб додам.

Бо Тимошенко назди ман дароед.

22.06.1941. Соат ба вақти СССР 04:30 дақиқа. Аъзои Бюрои сиёсӣ ҳозир шуданд. 

Ман ва нарком Тимошенкоро ба утоқи Сталин даъват карданд. Рангу рӯи Сталин канда буд. Баъди чанд дақиқа Молотов ворид шуд. Ҳукумати Германия,- гуфт ӯ,-бо мо ҷанг эълон кардааст. Сталин ба кресло нишаста ба фикр фурӯ рафт.

Телеграммаро биёред супориш дод И.В.Сталин ва соати 7.15 дақиқаи рӯзи 22 июн он ба ҳама округҳои ҳарбии сарҳадии Ғарб расонида шуд.

Бо ҳамин Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Германияи гитлерӣ ногаҳон бе эълони ҷанг бо директиваи №21, ки номи рамзиаш «Барбарос» буд, бо стратегияи ҷанги «барқосо» бо зарбаи пурзӯри ногаҳонӣ дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Артиши Шӯравиро пешбинӣ менамуд. Германия дар ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравӣ 190 дивизия, 18 бригада (5,5 млн нафар одам), 3700 танк, зиёда аз 47 ҳазор тупу миномиёт ва қариб 5 ҳазор самолётро истифода бурд.

 

300.000 Тоҷик дар ҷанг

Артиши Сурх дар ихтиёри худ 2,9 млн аскар, 1800 танк ва 1540 самолёт дошт. Танҳо аз шаҳри Кӯлоб ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ 5608 нафар дар ҷанг иштирок карда, аз онҳо 1148 нафараш барнагаштанд. Аз 300 ҳазор ҷанговароне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ин ҷанг сафарбар шуда буданд 92 ҳазорашон дар ин ҷанги хонумонсӯз ба ҳалокат расиданд.

Ҳизби коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ 22 июни соли 1941 аз оғози ҷанг ба халқи Шӯравӣ хабар доданд.

Директиваи Совети Комисарони Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Кумитаи Марказии ВКП (б) аз 29 июни соли 1941 (баромади И.В.Сталин аз 3 июл) нақшаи амалиёти Халқи Шӯравӣ гардид. Ин ҳуҷҷатҳо аз халқ талаб менамуданд, ки ҳар ваҷаб замини Шӯравиро мудофиа кунанд, ба қушуни амалкунанда ҳаматарафа ёрӣ расонанд, ақибгоҳро мустаҳкам намоянд, тамоми қувва ва воситаҳоро барои ҷабҳа ҷалб кунанд. 30 июн Комитети давлатии мудофиа (КДМ), 10 июл Ставкаи фармондеҳи Олӣ (аз 8 август, Ставкаи Сарфармондеҳи Олӣ-ССО ) таъсис ёфтанд. Ба ҳайати Ставкаи Сарфармондеҳи Олӣ И.В.Сталин, В.М.Молотов, К.Е.Ворошилов, С.К.Тимошенко, Г.К.Жуков, Б.М.Шапошников, С.М.Буденный дохил шуданд, ки дар таъмини ғалаба бар Германияи фашистӣ саҳми калон гузоштанд.

 

Гитлер капут!!!

18 апрели соли 1945 қушӯнҳои Фронти 1-ум (фармондеҳии Г.К.Жуков) ва 2-юми Белорусия (фармондеҳии И.С.Конев) амалиёти Германияро сар карданд. 25 апрел қушунҳои советӣ гурӯҳи ниммиллионнафараи душманро муҳосира намуда, ба 2 қисм ҷудо намуданд. Дар Берлин ҷангҳои шадид авҷ гирифта, 30 апоел Армияи советӣ Рейхстагро ба штурм гирифт. 2 май Берлин таслим шуд. Халқи Шӯравӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи он таҳти роҳбарии Иосиф Виссарионович Сталин ғалабаи оламшумули таърихӣ ба даст оварда, озодӣ ва истиқлолияти Ватани худро нигоҳ доштанд. 9 май рӯзи иди умумихалқӣ-Иди Ғалаба эълон шуд.

Жуков менависад: -Миёнаҳои моҳи майи 1945 Сарфармондеҳи Олӣ ба ман амр намуданд, ки ба наздашон ҳозир шавам. Мақсади даъватро намедонистам, пурсидан аз рӯи одоб набуд, дар ҳарбиён ин одат қабул нагардида. Ба Москва расидан баробар ба И.В.Сталин занг зада, дар Москва буданамро маълум кардам.  Сарфармондеҳ гуфтанд, ки соати 800 дар наздашон бошам.

Сарфармондеҳ пурсиданд: -Оё мо наметавонем ба шарафи ғалаба аз болои Германияи фашистӣ дар Москва паради ҳарбӣ гузаронда, ба он қаҳрамонон-аскарони қаторӣ, сержантҳо, старшинаҳо, офитсерон ва генералҳое, ки корнамоӣ нишон додаанд, даъват намоем?

Масъалаи кӣ паради Ғалабаро қабул ва сардорӣ мекунад он рӯз муҳокима нагардид. Вале, ҳар як кадоми мо фикр мекардем, ки паради Ғалабаро бояд Сарфармондеҳи Олӣ қабул намояд. 

18.06.1945. Соат ба вақти СССР 09:53 дақиқа. Сарфармондеҳи Олӣ манро ба наздашон даъват намуда пурсиданд: -Аспсавориро фаромӯш накардед?

-Фаромуш накардаам, гуфтам дар ҷавоб.

И.В.Сталин: Ба Шумо лозим аст, ки паради Ғалабаро қабул кунед! Ба парад Рокоссовский фармон медиҳад. 

Ман дар ҷавоб гуфтам: Раҳмат барои боварӣ ва эҳтироматон. Вале хуб мешуд, ки Шумо паради Ғалабаро қабул мекардед! Шумо Сарфармондеҳи Олӣ мебошед, Шумо ҳуқуқ ва вазифадоред, ки парадро қабул намоед.

И.В.Сталин гуфтанд: Ман алакай пир шудаам, то парадро қабул намоям!

 

Эълони Паради ғалаба дар рӯзи шуруъи ҷанг

22.06.1945. Соат ба вақти СССР 08:00 дақиқа. Дар ҳама рӯзномаҳои СССР чунин фармони Сарфармондеҳи Олӣ ба табъ расид:

1.«Ба шарафи Ғалаба аз болои Германия дар ҷанги Бузурги Ватанӣ фармон медиҳам; 24 июни соли 1945 дар Москва дар майдони Сурх паради қушӯнҳои амалкунанда, Флоти Ҳарбии Баҳрӣ ва гарнизони шаҳри Москва гузаронида шавад.

2.Паради Ғалабаро муовини ман, Маршали Иттифоқи Советӣ Г.К.Жуков қабул намояд, ба парад Маршали Иттифоқи Советӣ К.К.Рокоссовский фармон диҳад».

Сарфармондеҳи Олӣ,

Маршали Иттифоқи Советӣ, И.В.Сталин

     Москва, 22 июни соли 1945

 

24.06.1945. Соат ба вақти СССР 09:57 дақиқа. Савори асп дар назди дарвозаи Спасск амрро равшану возеҳ мешунавам: «Парад, ором бош!» Пас аз амр садои қарсак баланд садо медиҳад. Соати бурҷи Кремл соати 1000 садо медиҳад. Дар майдон оҳанги бастакор Глинка «Славсья»-«Шарафёб бош» танинандоз мегардад. Сипас дар майдон хомӯшӣ. Суханони буррои фармондеҳ шунида шуд, ки ӯ дар ҳаяҷон буд. Рапорти Рокоссовский маро ором намуд. Афсус, ки бисёр ҷанговарони қаҳрамон дар ин тантанаҳо иштирок карда натавонистанд. Аз ҳама лаҳзаи фаромӯшнашаванда вақте ки дар зери садои нақора 200 ҷанговар дар назди девори Мавзолей, 200 байрақи қушӯнҳои фашистони немисро бар коми оташ партофтанд. Бигузор ин лаҳзаи таърихиро ҳаводорону авантюристони ҳарбӣ аз ёд набароранд.

 

Абдурауф Ҳафизов, 

собиқадори меҳнат, 

ш.Кӯлоб 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter