Сокинони Русия моҳҳо музди меҳнат намегирифтанд ва нафақаашон пардохт намегардид. Ҳукумати марказӣ ҳатто дар қаламрави худи Русия ҳеҷ қудрате надошт. Кишвар дошт ба самти аз ҳампошӣ сарозер мешуду Елтсин бошад ҳеҷ коре аз дасташ сохта набуд. Ҷанги аввали русу-чечен, ки оғозгари он низ Елтсин буд, бо шикасти Русия поён ёфт ва ин кишвар дар арсаи байналмиллалӣ ҳам ба навъе шарманда гардид. Русияро ба унвони як абарқудрат дигар касе эътироф намекард ва аслан тамомияти арзиаш зери суол буд.
Ҷамъоварандаи заминҳо рус
Маҳз дар ин шароити буҳронии Русия Владимир Путин зимоми идоракунии Русияро ба ӯҳда гирифт. Мегӯянд Путин ҳам бо ризояти Вашингтон ба қудрат расид, чун Елтсин дар шароите қарор дошт, ки наметавонист бе дастури он сӯи уқёнус амал кунад. В.Путин ба қавле шароити пешниҳоднамудаи амрикоиҳоро пазируфт, аммо баъдан ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба ин пешниҳодҳо накард. Ислоҳоти иқтисодии Елтсин ва хусусигардонӣ дар соҳаи иқтисодӣ низ мушкилот азим ба вуҷуд оварданд ва афроди сармоядоре дар Русия буруз карда буданд, ки дар сиёсати ҳукуматӣ ҷову беҷо дахолат мекарданд. Соли 1999, танҳо баъди ду рӯзи сарвазир таъин шудани В.Путин, ҷангиёни чечен ба Доғистон ҳамла карданд ва ҷанги дуввуми русу-чечен оғоз гардид. Ин ҷанг дар ду давраи президентии В.Путин идома дошт. Русҳо талафоти ҳангуфт диданд, вале билохира дар он пируз гардиданд. Ин амалкарди В.Путин ҳарбиёни Русияро, ки баъди созишномаи Хасавюрт худро таҳқиршуда мешумурданд, ба самти ӯ тела дод ва президент аз эътибори вежае дар Артиш бархурдор гашт. В.Путин дар дохили Ичкерияи собиқ барои аҳдофаш ҳаммаслак пайдо кард ва соли 2003 Аҳмад Қодиров муфтии собиқи Ичкерия, сарвари Чеченистон интихоб гардид. Баъди марги Аҳмад Қодиров, писараш Рамзан ҷои падар нишаст ва русҳо оҳиста-оҳиста тамоми қумандонҳои чеченро аз миён бардоштанд. Соли 2006 дар Ингушистон, маъруфтарин қумандонҳо чечен Шамил Басаев низ ба ҳалокат расид ва ҷанг оҳиста-оҳиста хотима ёфт. Чеченистон ба қаламрави Русия бозгардонида шуд. Пирӯзи дар Қафқоз, нуфузи ҳукумати марказиро дар соири қаламравӣ Русия мустаҳкам кард ва дигар касе орзӯи ҷудошавӣ аз Русияро намекард.
Артиш ва бозгардонии иззат
Рушди иқтисодии кишвар ба В.Путин имконият дод ба аз нав таҷҳизонидани Артиши Русия шурӯ кунад. Дар Артиш ислоҳоти васеъ роҳандозӣ гардид. Кумакпулии сарбозон ва музди меҳнати афсарон боло бурда шуда, таҷҳизоти низомӣ низ комилан азнавсозӣ гардид. Аз оғози солҳои 2000-ум Русия ба истеҳсоли танкҳои нави Т-90 шурӯ кард ва ин танкҳо дар зарфи 10 сол дар дунё аз ҳама серфурӯш буданд. Мушакҳои нави Искандар, автомати нави АК-12, комплекси зиддиҳавии "Бук-М2" ва "Бук-М3", падофанди зиддиҳавоии С-400, тайёраи қиркунандаи Су-35, чархболи Ми-28 ва ғ. яке аз беҳтаринҳо дар дунё маҳсуб меёфтанд. Аммо ин ислоҳот пасомадҳои манфӣ низ ба бор дошт. Соли 2012 дар Вазорати дифоъ ҷанҷоли коррупсионӣ ошкор шуд ва вазири дифоъи Русия Анатолий Седюков мутаҳҳам ба фасодкорӣ гардид. Сердюков аз вазифа рафт, аммо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашуд. Бо вуҷуди ин Артиши Русия қудрат ва иззати собиқи худро то андозае барқарор карда, амалиёти муваффақаш дар Сурия инро ба ҳамагон собит намуд.
Фарозу нишебҳо дар иқтисод
Шояд ба бахти В.Путин буд, ки соли 1999 дар як вақт бо омадани ӯ ба сари қудрат, нархи нафт ҳам дар бозори ҷаҳонӣ рӯ ба болоравӣ кард. Фоидаи ҳангуфт аз фурӯши нафту газ роҳро ба сӯи "муъҷизаи иқтисодӣ" барои Путин боз карданд. Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Русия (ММД) аз соли 2000 то соли 2008 ҳар сол 7% афзоиш меёфт ва аз ММД-и ҳамаи кишварҳо бештар буд. Барои мисол дар ҳамин давра ММД ИМА танҳо солона 2,4% ва ММД-и Олмон 1,5% афзоиш доштанд. Соли 2003 В.Путин аз эъҷоди як захираи молиявӣ бо номи Сандуқи субот (аз соли 2008 Сандуқи рифоҳи миллӣ) хабар дод ва ин Сандуқ то соли 2008 наздики 157 миллиард доллари ИМА пул захира намуд. Маҳз ба василаи ҳамин сандуқ, барномаҳои сармоягузӣ маблағгузорӣ мегардиданд ва суботи қурби арзи миллӣ нигаҳдорӣ мешуд. Соли 2005 дар Русия бо ташаббуси Путин лоиҳаҳои миллии "Саломатӣ", "Манзили дастрас", "Дониш", ки мақсад доштанд вазъи шаҳрвандони оддии кишварро беҳбуд бахшанд роҳандозӣ гардиданд. Соли 2006 Русия қарзҳои худро ба Клуби қарздиҳандагони Порис пардохт намуд. Русияи Елтсинӣ тамоми замони мавҷудияташ аз ин ташкилот қарз мегирифт. Путин дар ду давраи аввали президентиаш инчунин ислоҳоти андозӣ, замин, нафақа ва бонкиро дар кишвар роҳандозӣ кард. Баъди ду давраи президентӣ, соли 2008 Владимир Путин сарвазирӣ Русия гардид ва Медведев барои 4 сол президент шуд. Ба бахти бади Медведев маҳз ҳамон сол ҷаҳон вориди буҳрони навбатии иқтисодӣ гашта, нархи нафт аз 140 доллари ИМА то ба 40 доллар поин омад. Русия аз фурӯши нафту газ нисфи будҷаи худро маблағгузорӣ мекунад ва поин рафтанашон ба будҷаи он зарбаи сахте ворид кард. Ин буҳрон ҳукумати Русияро маҷбур кард, қариб 80% маблағҳои Сандуқи суботро харҷи буҳрон кунад. Бо вуҷуди ин, ММД и Русия соли 2009 наздики 8% коҳиш ёфт ва бекорӣ ба сатҳи соли 2003 расида, қарзи хориҷии кишвар бори аввал аз соли 2009 афзоиш ёфт. Соли 2010 нархи нафт боз боло рафт ва ба ҳукумати В.Путин муяссар гардид оқибатҳои буҳронро хунсо намуда, ММД-и кишварро бори дигар афзоиш диҳад.
Иттиҳоди шарқӣ
Чизи ҷолиби дигари давраи Путин, иттиҳоди Русия ва Чин ба шумор меравад. Маҳз дар давраи Путин Чин бо Русия, баъди муовимати тӯлонӣ бори дигар иттифоқчӣ гардиданд. Соли 2001 Путин бо роҳбари вақти Чин Цзян Цзэмин дидор намуд ва созишномаи сулҳу дӯстӣ ва ҳамкориро ба имзо расонид. Худи ҳамон сол Созмони ҳамкории Шанхай таъсис дода шуд ва ҳарду кишвар ба он ворид гардиданд. В.Путин ташкилоти навро як навъ муқобилаи шарқӣ бо созмонҳои ғарбӣ муаррифӣ кард ва дар СММ низ Русияву Чин дар бештари масоил ба нафъи ҳамдигар раъй медиҳанд. Имрӯз назарҳо дар бобати президентии ӯ мутавофианд.Баъзе В.Путинро мушкилоти Русияи муосир унвон мекунанд ва баъзеи дигар бошанд мавҷудияти ӯро вуҷуди Русия медонанд. Аммо бе ҳеҷ шакку тардид дар ин 20 сол, В.Путин дар хотираҳои мардуми дунё чун як сиёсатмадорӣ қавӣ нақш бастааст ва чун роҳбари нав эътироф гардидааст. Умдатарин масоиле, ки дар назди ин роҳбари нав меистоданд аз қабили рафъи камбизоатии мардуми рус, баргардонидани боварии мадум ба давлат ва ниҳодҳои он ва аз қудрат дур кардани сармоядорони бузург, ки дар фазои қашшоқии мардум як зиндагии бе банду бор доштанд, дар аҳди ӯ ҳаллу фасли худро ёфтанд. Ҳоло бошад, Путин имтиҳони наве дар пеш дорад ва буҳрони ҷадиди иқтисодӣ домангири кишвараш гардида аст ва чи гуна ин роҳбари нав, аз имтиҳонот берун меоядро ояндаи начандон дур собит хоҳад кард.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30