бояд ҳар халқ бо забони худ давлатдорӣ кунад, мактаб кушояд, матбуот нашр кунад. Масъулияти коммунистони мусулмон дар он аст, ки онҳо ватани худро бояд барои Шарқи хориҷӣ намуна созанд, то миллионҳо нафар ҳамқавмҳои онҳо дар Афғонистон, Ҳиндустону Эрон аз онҳо ибрат гиранд.
Дар тақсимоти ҷаҳонии охири асри 19 аввали асри 20 аз нигоҳи расмӣ Осиёи Миёна сарзамини туркӣ-тоторӣ ба ҳисоб мерафт. Гарчӣ дарк шуда буд, аҳли илм зикр мекарданд ва ба генерал губернатори Туркистон (1899) маълум ҳам карда буданд, ки аҳолии аслии таҳҷоӣ тоҷикон мардуми эронитаборанд. То омадани мустамликадорони рус ба ин минтақа (1868) хонигариҳои Хуқанду Хива намояндаи хонадонҳои туркӣ буданд. Аллакай садҳо сол боз дар адабиёти арабу арабпарвард ин минтақа Туркистон ном бурда мешуд, ҳатто ба адабиёти ба забони мо таълифёбанда ҳам:
Тарсам нарасӣ ба каъба эй аъробӣ,
К-ин роҳ ки ту меравӣ, ба Туркистон аст.
Ҳамин навъ омилҳо буданд, ки империяи рус ин минтақаи ишғолкардаашро Туркистон номид ва ба мардумаш дар ҳамин замина муносибат дошт. Бухоро низ ба шоҳидии бузургони мо Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ аморати мангитӣ маҳсуб меёфт ва ба он ҳамчун ба мардуми ғайри эроннажод муносибат доштанд. Дар аввалҳои замони Шуравӣ ҳам чунин муносибат идома ёфт. Ҳатто бо ибтикори тоторҳо ва туркҳои усмонӣ соли 1919 кушиш шуд, ки забони расмии кишварро туркӣ гӯянд. Хушбахтона ин бадбахтиро бародарони туркману ӯзбек қабул накарданд.
Аммо В.И. Ленин дар ҳамон солҳо низ диққат медод, ки ҳақиқати этникии ин мардум муқаррар карда шавад. Ӯ соли 1918 навишт, ки ба забони бухороӣ ҳам рӯзнома бояд нашр шавад. Забони давлатии Бухоро тоҷикӣ буд ва Ленин ҳаминро дар назар дошт. Соли 1923 (моҳи июн) аснодеро ба давлатдории се халқ-ӯзбекҳо, қиргизҳо ва туркманҳо табдил додани Туркистон омухта навишта буд, ки “Барои таъсиси ин давлатҳо шитоб накарда, аввал вазъи этникии маҳалҳоро дақиқан омӯзед”. Аммо мутаассифона, соли 1924 тақсимоти ҳудуди миллӣ чунон шуд, ки ба ақидаи академик Бартолд халқи аслии таҳҷоӣ, “абореген”-ҳои ҳақиқии Туркистон эрониҳо-тоҷикҳо бе давлат монданд.
Хайрият камтар дер бошад ҳам, бо камбудиҳои ҷиддӣ бошад ҳам, ин норасоии бузург ислоҳ шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистони Шуравӣ таъсис ёфт, ки он заминаи истиқлолияти миллии Тоҷикистонро дар соли 1991 фароҳам сохт.
Татбиқи андешаҳои В.И. Ленин нафақат барои рушди фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон замина гузошт, балки бештар аз он барои ҳамчун миллат ташаккул ёфтани халқи тоҷик шароит муҳайё кард, зеро дар тӯли ҳазор соли гузашта баъди хонадони Сомониён халқи тоҷик дар давлатҳо, хонигариҳо ва мулкҳои хурду калон, ки дар ҳамааш аҷнабиҳо ҳукмрон буданд, пароканда шуда, рӯз то рӯз аз ҳам дур мешуд, ба ҳамдигар бегона мешуд, ҳатто гӯишу анъанаҳои ҳархела ба миён меомаданд.
Сиёсати давлати Ленин ин равандро боздошт ва ба самти нек баргардонд. Шояд барои ҳамин ҳам, аз ҷумла, устод Мирзо Турсунзода гуфтааст:
Авлоди башар чун ту фидокор надидаст,
Ҷон додию ҷони ҳамаи халқ харидӣ.
И.Усмонов, профессор нафақахур.