Бегоҳии ҳамон рӯз бошад, қисмҳои дивизияи 150-уми Артиши Сурх қисмати асосии бинои Рейхстагро ишғол намуда, субҳи 1 Май бар болои Рейхстаг Парчами Ғалаба барошуфта шуд. Немисҳо муқовимати сахт нишон медоданд ва танҳо шаби 1 бар 2 Май гарнизони Рейхстаг таслим шуд. Баъди ин, дар Берлин дар дасти немисҳо танҳо ноҳияи Тиргартен ва маҳҳалаи ҳукуматӣ боқӣ монда буду халос. Маҳз дар ин маҳалла канцелярия императорӣ қарор дошт, ки дар ҳавлии он паноҳгоҳи зеризаминии Фюрер ҷой гирифта буд.
Шаби 1 май ба мавқеи армияи 8-уми генерал Чуйков, сардори штаби генералии артиши пиёданизоми олмонӣ, генерал Кребс ҳозир шуд ва ба Чуйков хабар дод, ки Гитлер худкушӣ кард. Кребс инчунин хостори оташбасӣ муввақатӣ шуда, ин пешниҳодро ба фармондеҳии шӯравӣ расонид. Жуков хабари худкушии Гитлерро ба Сталин иттилоъ дода, пешниҳоди немисҳоро низ ёдовар шуд.
Сталин ба оташбасӣ муввақатӣ розигӣ надод ва талаби таслими бе чуну чарои немисҳоро хостор шуд.
Немисҳо талаби фармондеҳии шӯравиро дар мавриди таслими бе чуну чаро рад карданд ва ҷанг аз нав идома ёфт. Аммо немисҳо дигар қудрати муқовимат бо Артиши Сурхро надоштанд ва 2 май тариқи радио ба ҷониби шӯравӣ муроҷиат карда, ба таслим розӣ шуданд. Соати 6-и субҳи 2 май, фармондеҳи мудофиаи Берлин генерал Вейдлинг бо ҳамроҳии се генерали дигар аз хатти фронт убур карда, ба нерӯҳои шӯравӣ таслим шуд. Баъди як соат дар штаби армияи 8-уми гвардиягӣ, Вейдлинг фармони таслими бе чуну чароро навишт ва ин фармон тавассути балангӯякҳо ва радио дар фазои Берлин пахш гардид. Баъди ин, муқовимати немисҳо дар маркази Берлин қатъ гардид ва то охири рӯзи 2 май, нуқтаҳои боқимондаи муқовимат низ торумор карда шуданд.
Садоқати Эйзенхауэр
Аммо бо худкушии Фюрер ва тасарруфи Берлин ҷанг ҳоло ба поёни худ нарасида буд. Ҳукмати нави Олмон, ки сарварии онро дарёсолори бузург (гросс-адмирал) Карл Денитс ба ӯҳда гирифта буд қарор дод, "немисҳоро аз Артиши Сурх наҷот диҳад". Тибқи ин қарор, артиши немисӣ мебоист муқовиматро дар Фронти шарқӣ идома дода, аҳолӣ ва нерӯҳои низомиро ба Ғарб интиқол медод. Дар Ғарб бошад, немисҳо мехостанд ба иттифоқчиён таслим шаванд. Аммо немисҳо медонистанд, ки тибқи созишнома миёни СССР ва иттифоқчиён касе таслими бе чуну чарори онҳоро дар Ғарб намепазирад. Бинобар ин, қарор дода шуд таслимҳои хурд-хурд, дар сатҳи гурӯҳи армияҳо ва поинтар анҷом дода шаванд. Ҳамин тариқ, 4 май гурӯҳи армияҳои немисӣ дар Ҳолланд, Дания, Шлезви-Голштейн ва Олмони Шимолу-Ғарбӣ ба нерӯҳои генерали англис Монтгомерӣ таслим шуданд. 5 Май гурӯҳи Армияҳои "G" дар Бавария ва Австрияи Ғарбӣ ба нерӯҳои амрикоӣ таслим шуданд. Баъд аз ин, миёни немисҳо ва иттифоқчиён гуфтушунид бобати таслими бе чуну чаро дар Ғарб оғоз гардид. Аммо генерали амрикоӣ Эйзенхауэр, немисҳоро ноумед кард. Эйзенхауэр муддаӣ шуд, ки таслим ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ ба вуқӯъ пайвандад ва армияҳои немисӣ ҳамон ҷое, ки қарор доранд бояд муттавақиф шаванд.
Ин маънои онро дошт, ки на ҳама метавонанд аз Артиши Сурх фирор кунанд. Немисҳо хостанд эътироз кунанд, аммо Эйзенхауэр ҳушдор дод, ки агар немисҳо боз ҳам вақтро кашола диҳанд, бо роҳи зӯрӣ пеши роҳи гурезагонро ба Ғарб мегирад. Баъд аз ин, немисҳо чорае ҷуз таслими бе чуну чаро надоштанд.
Ду созишномаи таслим
Созишномаи таслим мебоист дар ситоди генерал Эйзенхауэр дар Реймс ба имзо мерасид. Маҳз ба онҷо 6 май, аъзоёни намояндагии ҳарбии шӯравӣ генерал Суслопаров ва полковник Зенкович эҳзор гардиданд ва аз имзошавии созишнома огоҳ карда шуданд. Суслопаров дар вазъияти бисёр ногуворе қарор гирифт. Ӯ ваколати имзои ин созишномаро надошт ва ба барои касби таклиф ба Маскав муроҷиат кард. Мутаасифона, ҷавоби Маскав сари вақт нарасид ва Суслопаров маҷбур шуд ба санади созишнома имзо гузорад, аммо як эзоҳе ҳам ба он илова кард, ки дар он омада буд: "Имзои созишномаи мазкур, монеъи дар оянда имзои созишномаи мукаммали дигар намешавад, агар тарафҳо ба он пофишорӣ намоянд". Дар ин намуд, аввалин созишномаи таслими Олмон ба имзо расид.
Аз тарафи Олмон онро сардори штаби оперативӣ, генерал-полковник Алфред Йодл, аз ҷониби иттифоқчиён генерали амрикоӣ Уолтер Смит ва аз ҷониби СССР генерал-майор Иван Суслопаров имзо карданд. Ин созишнома 7 май, соати 2:41 дақиқаи шаб ба имзо расид ва 8 май соати 21:01 дақиқа мебоист ҳукми қонунӣ мегирифт. Аммо баъди ба имзо расиданӣ созишнома аз Маскав ҷавоб омад, ки ба Суслопарво имзои созишномаро манъ мекард. Дар натиҷа бо талаби тарафи Шӯравӣ қарор дода шуд, санади дигареро ҳам ба имзо расонанд. Имзои созишномаи дуввум бегоҳии 8 майи соли 1945 дар шаҳраки Карлсхорт доир гардид. Ба ин санад аз ҷониби Олмон, сардори Сарфармондеҳии олӣ, генерал-фелдмаршал Вилгелм Кейтел, генерал-полковник Штумпф ва алмирал фон Фридебург, аз ҷониби СССР маршал Жуков ва аз ҷониби иттифоқчиён маршали англис Теддер имзо гузоштанд.
Созишномаи Карлсхорст 8 май, соати 22:43 дақиқа ба вақти миёнаврупоӣ ба имзо расид, ки ба вақти Маскав соати 01:01 дақиқаи 9 Майро ташкил медод. Маҳз ин тафовут дар вақт сабаби аслии ин гардид, ки дар Аврупо Рӯзи Ғалабаро 8 Май ва дар СССР 9 Май ҷашн мегирифтанд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30