Дар ҷавоб ҳукумати нави Фаронса бо сарварии Адолф Тери занҷираи озуқавории гвардиячиёнро қатъ кард ва теъдоди онҳо якбора кам гардид, аммо ҳайати он ифротитар шуд.
Тӯпҳои Монмарт
Моҳи марти соли 1871 аввалин даргириҳо миёни гвардиячиён ва нерӯҳои ҳукуматии Фаронса ба вуқӯъ пайвастанд. Сабаби ин даргириҳо тӯпҳои баландии Монмарт буданд. Ҳукумат хост ин тӯпҳоро ба тассаруф дарорад, аммо гвардиячиён монеъ шуда, тӯпҳоро надоданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ, ки барои ғасби тӯпҳо ба Монмарт фиристода шуданд, 2 фармондеҳи худро ба қатл расонида, ба тарафи гвардиячиён гузаштанд. 18 март бошад дар Париж шӯриши нав аланга зад ва гвардиячиён бо ҳамроҳии коргарони ба онҳо ҳамроҳшуда, идораҳои асосии ҳукуматиро ба тассаруф дароварданд ва ҳукумат дар шаҳр ба дасти Кумитаи марказии Горди миллӣ гузашт.
Ин Кумита 10 рӯз ҳукумат кард. Дар ин муддат интихобот ба Коммуна баргузор гардид ва баъди 10 рӯз, ҳокимият дар пойтахти Фаронса ба зиммаи ин Коммунаи тозаинтихоб вогузор карда шуд. Аммо касоне, ки ба ҳайати ин Коммуна интихоб гардиданд, танҳо хуб ҳарф зада метавонистанду халос, онҳо аз таҷрибаи ҳукуматдорӣ бархурдор набуданд.
Ҳукумати шиорпарто
Дар Коммунаи тозаинтихоб 3 бахши бузург шакл гирифт. Инҳо якобинҳои нав (ки мехостанд ҳаводиси Инқилоби бузурги Фаронсаро дубора боз гардонанд), сотсиалистҳо ва анархистон буданд. Ҳамаи ин афрод сухангӯҳои оташин ба шумор мерафтанд ва коммуна ба қабули Эъломияҳои гуногун, монанди аз байн бурдани истисмор ва имтиёзоти табақавӣ, касби муълумоти дунявӣ, ҷудо кардани калисо аз давлат ва ғ. оғоз намуд. Аммо ҳамаи ин эъломияҳо танҳо як шиорпатоие беш набуданд ва ҳеҷ заминаи иҷроӣ надоштанд. Дар фалаҷ кардани кори Коммуна, аз ҳама бештар анархистон, ки аслан зидди ҳар навъ давлатдорӣ буданд, нақши калидӣ бозиданд. Ҳангоме, ки анархистон бо сотсиалистҳо ва якобинчиҳои нав бобати озодӣ бигӯ-магӯ доштанд, Адолф Тери ба ҷамъоварии нерӯҳои мусаллаҳ машғул буд. Моҳи апрел ҳукумати Фаронса аллакай 20 ҳазор нерӯи мусаллаҳ дар ихтиёр дошт. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз бартарӣ дар тарафи Коммуна буд ва коммунарҳо мебоист вақтро ғанимат дониста, ҷониби қасри Версал ҳаракат мекарданд, аммо анархистҳо ин бор низ вориди майдон шуда, қарори ҳуҷум ба Версалро бекор намуданд.
Аслан Коммуна дар як вазъи аҷибу ғариб қарор дошт. Нерӯҳои горди миллӣ, ки дар хатти пеши мудофиа қарор доштанд, ҷойгузин намегардиданд. Ҳамин тариқ қисми нерӯҳо дар хандақҳо ва қисми дигарашон дар казармаҳо қарор гирифта, таъминоти нерӯҳо комилан аз байн рафта буд. Кор ба ҷое расид, ки дар анборҳо силоҳи мудерну нав бекор хобидаву нерӯҳои Горди миллӣ бо силоҳи кӯҳна таҷҳизонида шуда буданд. Силоҳи нав барои ҳамаи гвардиячиён мерасиду зиёдатӣ ҳам мекард, аммо вазири ҷанги Коммуна, анархист Клюзеро, ки моликияти шахсиро эътироф мекард ба шикастани қулфи амборҳо иҷозат надод. Пойтахти Фаронса аз анбӯҳи ҷосусон пур шуда буд, аммо анархистон ҳабси афроди машкукро манъ карданд.
Фарҷоми ҳамоса
Билохира бефаросатӣ ва шиорбозии роҳбарони Коммуна кори худашро кард ва дар ҳолати зарурӣ теъдоди ками мардум аз он муҳофизат намуданд. Ҳукумати Тери бо немисҳо маслиҳат карда, артиши олмонӣ асирони фаронсавиро озод намуд. Ҳамаи ин асирон ба артиши ҳукуматии Фаронса пайвастанд. 21 май нерӯҳои ҳукуматӣ аз дарвозаи Сен-Клуи Париж (ки аз ҷониби коммунарҳо бе муҳофизат гузошта шуда буд) вориди пойтахт шуда, дар Париж ҷангҳои кӯчагӣ оғоз гардиданд. Ба мудофиаи Париж аз ҷониби коммунарҳо Ярослав Домбровскийи хохол (украинтабор) роҳбарӣ мекард. Аммо роҳбарияти ягона аслан вуҷуд надошт. Ҳар сангар худаш худашро ҷудогона муҳофизат мекард. Бо вуҷуди ин, коммунарҳо мардона меҷангиданд ва ҳукуматиҳо ҳар сангарро бо талафоти зиёд фатҳ мекарданд. Кор ба ҷое расид, ки коммунарҳои асирафтодаро бе ҳеҷ мурофиа дар ҷои ҳодиса ба қатл мерасонданд. 25 май соҳили чапи Сена аз коммунарҳо тоза карда шуд, аммо задухӯрдҳо дар қисматҳои шимолӣ ва шимол-шарқии Париж ҳанӯз идома доштанд. Аз ҳама задухӯрди шадид дар қабристони Пер-Лашез ба вуқӯъ пайваст. Ҳукуматиҳо баъди пирӯзӣ дар ин задухӯрд, коммунарҳои асирафтодаро дар назди девори қабристон парронданд. Сангари охирин 28 май аз ҷониби ҳукуматиҳо фатҳ гардид ва бо ҳамин, ҳамосаи 72 рӯзаи Коммуна ба поён расид.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30