ХАБАРИ ДОҒ

 

24 майи соли 1937 маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Тухачевский аз сафи ВКП(б) хориҷ карда шуд ва Сталин ба ҳабси ӯ ризоят дод. Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳи 30-юм, болотарин рутбаи ҳарбӣ дар Артиши Сурх ба шумор мерафту дар сафи артиш 5 маршал вуҷуд дошт. Дар рафти тозакунии Артиши Сурх аз ин 5 маршал 3 нафарашон (Тухачевский, Блюхер ва Егоров) кушта шуданд, ду маршали дигар-Ворошилов ва Будёнийро зинда монданд.

Мухолифин дар Артиш

Маълумот бобати вуҷуди мухолифин дар Артиши Сурх бо сарварии Тухачевский, бори аввал соли 1929 аз ҷониби духтари генерал Зайончковский садо дод. Соли 1932 ҳамин гуна маълумотро ҷосуси шӯравӣ Адолф Хайровский (бо тахаллуси «Сюрприз») ба Маскав ирсол намуд. Солҳои 1934 ва 1936 ду ҷосуси дигари шӯравӣ Илинич ва «Венера» ҳам, ингуна маълумотро дода буданд. Аммо ин маълумот танҳо моҳи январи соли 1937 аз ҷониби роҳбарияти ниҳодҳои ҷосусии шӯравӣ (мактуби А.Х. Артузов) ба иттилоъи роҳбарияти олии кишвар расонида шуд. Ногуфта намонад, ки маълумотро бобати норозигии афсарони олирутба дар Артиши Сурх, худи ниҳодҳои қудратии шӯравӣ, аз ҷумла ОГПУ ҳангоми баргузории амалиёти маъруфи «Трест» ва «Синдикат-4» дар хориҷ аз СССР паҳн карда буданд. Албатта чекистон бо паҳн кардани ин маълумоти дурӯғин мехостанд роҳабрияти нерӯҳои зидди шӯравиро ба СССР даъват кунанд. Аз ҷумла чекистон ба хадамоти ҷосусии як қатор кишварҳо (Фаронса ва Полша) ному насаби Тухачевскийро ҳам гушзад карда буданд. 

Куштори Сталин

Ҳанӯз тсоли 1930 ОГПУ кори ҷиноиро алайҳи як қатор роҳбарони олирутбаи Артиши Сурх оғоз намуда буд. Чекистон он замон иддао доштанд, ки маршал Тухачевский бо сарварии як қатор фармондеҳони олирутбаи дигар, мехоҳанд қудратро дар СССР ғасб кунанд ва Сталинро ба қатл расонанд. Ин маълумотро чанд нафар устодони Академияи ҳарбӣ, ки чанде қабл ба ҳабс гирифта шуда буданд ба чекистон маълумот доданд. Аз ҷумла муаллимони калони Академияи ҳарбӣ Н. Какурин ва И.Троитский. Аммо Сталин он замон ба ҳарфи устодони Академияи ҳарбӣ бовар накарду кори ҷиноии сарлашкарон мутаваққиф гардид. Моҳи октябри соли 1930 бошад миёни Тухачевский ва Какурину Троитский дидори мустақим баргузор карда шуд ва Тухачевский ба пуррагӣ сафед гардид.   

Нақшаи Гейдрих

Дар оғози соли 1937 генерали собиқи артиши сафед Скоблин ба сардори «полиси бехатарии» Рейхи саввум Рейнхард Гейдрих, асноде ирсол намуд, ки дар он нишон дода мешуд, ки дар роҳбарияти болоии Артиши Сурх мухолифат бо Сталин вуҷуд дорад. Гейдрих қарор дод, ин аснодро дар бозии худ алайҳи роҳбарияти шӯравӣ истифода барад. Ӯ фикри худро ба иттилоъи Гитлер расонд. Аммо Гитлер ба таври худ рафтор кард ва ба асноди Скоблин чанд ҳуҷҷати дигарро изофа намуда, ҳамаро ба тарафи СССР интиқол дод. Ин аснод ба андешаи Фюрер, мебоист Сталинро мутақоид мекарданд, ки миёни роҳбарияти артиши олмонӣ «Вермахт» ва Артиши Сурх созиш вуҷуд дорад. Сталин бояд бовар мекард, ки гурӯҳи афсарони олирутбаи Артиш мехоҳанд ӯро шахсан нобуд кунанд ва дар Маскав низоми тарафдори олмониро барқарор намоянд.         

  Гитлер барои ин кор президенти Чехословакия Бенешро миёнрав қарор дод. Бенеш шахсан ба Сталин бо мактуб муроҷиат кард ва аснодро пешкашӣ ӯ намуд. Дар Маскав зуд вокуниш нишон дода, пешниҳод карданд, ки тавассути сафорати СССР дар Берлин корро пеш баранд. Ба тааҷуби немисҳо, Сталин пешниҳод намуд ҳуҷҷатҳоро бихарад ва Гейдрих барои ин аснод 3 млн. пули тилло талаб кард. Дар аввалҳои моҳи май, фиристодаи махсуси Маскав пулро ба Берлин овард ва аснодро ба СССР баровард. Аммо ба андешаи ҷосуси шӯравӣ Л. Треппер ин аснод ҳама қалбакӣ буданд ва немисҳо мехостанд Артиши Сурхро бе роҳбар монанд. Албатта Тухачевский бо як қатор афсарони олирутбаи олмонӣ, хусусан бо генерал Фрич робитаи танготанг дошт. Ба андешаи муаррихон генерал Фрич ҳамеша аз иттиҳод бо Русия ҷонибдорӣ мекард, аммо ин далел бар хиёнати Тухачевский набуд. Аз тарафи дигар Тухачевский тибқи масъулияте, ки дар Артиши Сурх ишғол мекард, дар ҳамкории ҳарбии миёни СССР ва Олмон ширкат меварзид ва солҳои 1922 то 1933 дар чанд машқи ҳарбии Олмон низ иштирок намуда буд.  

Қурбониёни сиёсат

Аслан ба андешаи бисёриҳо, тозакунии Артиши Сурх дар солҳои 30-юм ба мухолифати Сталин бо Тротский рабти танготанг дорад. Бояд қайд кард, ки дар рафти ҷанги шаҳрвандии Русия, нерӯи асосии зарбазани Артиши Сурхро лашкари савора ташкил медод. Дар рафти Ҷанги шаҳрвандӣ саворагони сурх ба се иттиҳоди пурзӯр тақсимбандӣ гардиданд. Ба ин иттиҳодҳо Армияи 1-уми савора, Армияи 2-юми савора ва казакҳои червонӣ дохил мешуданд. Дар натиҷаи ин тақсимбандӣ қумандонҳои савора низ ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Ҳамаи ин гурӯҳҳо дар гирди Тротский ва Сталин муттаҳид шуда буданд. Лев Тротский дар рафти Ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти кулли Артиши Сурхро ба ӯҳда дошт ва дар артиш аз обрӯи вежае бархурдор буд.Тротский аз казакҳои червонӣ пуштибонӣ мекард. Фармондеҳи кулли Артиши Сурх, бештар дар манотиқи амалиёти казакҳои червонӣ ҳузур дошт ва роҳбарияти онҳоро (Тухачевский ва Якир) бу хубӣ мешинохт.                                                                                                                         

 Аммо Сталин дар рафти ҷанг, дар манотиқи амалиёти Армияи 1-уми савора бештар ҳузур дошт ва бо фармондеҳони он аз наздик ошно шуд. Сталин бо Будёний соли 1918 якҷоя дар Царицин (Сталинград) меҷангид ва Ворошиловро бошад, ҳанӯз қабл аз инқилоби Октябрӣ мешинохт. Аслан фармондеҳии Армияи 1-уми савора қариб ба пуррагӣ аз ҷониби Сталин интихоб ва пешбарӣ гардида буд. Соли 1922 Сталин Котиби генералии Ҳизби болшевикӣ интихоб шуда, сарварии Шӯъбаи бақайдгирӣ ва тақсимоти кадрҳои роҳбарикунандаро ба ӯҳда гирифт. Вазифаи нав ба Сталин имконият дод қудрати азимеро дар дасти худ мутамарказ гардонад. Натиҷаи ҳамин сиёсат буд, ки собиқадорони Армияи 1-уми савора баъди чанде зинаҳои болоии қудрати ҳарбиро дар аввалин кишвари Шӯроҳо ишғол намуданд. Зиддияти Сталин ва Тротский ҳарбиёнро ҳам ба 2 гурӯҳ тақсим намуд ва дертар онҳое, ки бо Тротский алоқа доштанд аз вазифаҳояшон сабукдӯш гардида, аксарият ба қатл расиданд.                                                                           

 Михаил Тухачевскийро низ мешавад ба ҳамин суфуф шомил намуд. Баъди ба ҳабс гирифтани маршал, тафтиши кори ҷиноии ӯ камтар аз як моҳ тӯл кашид ва баъди 2 рӯзи анҷоми он, мурофиаи судӣ баргузор гардида, 1 рӯз идома ёфт ва баъди чанд соати эълони ҳукми суд, Тухачевский парронда шуд.

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter