ХАБАРИ ДОҒ

Сарқонуни демократӣ ё иштибоҳи Сталин

  • Чоршанбе, Июн 17 2020

 

12 июни соли 1936 дар тамоми матбуоти Иттиҳоди Шӯравӣ лоиҳаи Сарқонуни нав, ки бо Сарқонуни сталинӣ маъруф аст, барои муҳокимаи мардумӣ рӯи чоп омад. Ин дуввумин Сарқонун дар СССР ба шумор рафта, дар он як қатор дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи шӯравӣ роҳандозӣ гардиданд. Муҳокимаи Сарқонуни нав 6 моҳи расо идома дошта, дар муҳокимаи он барои аввалин бор 75 млн нафар аҳолӣ ширкат варзиданд. Ба комиссияи Сарқонун 1,5 млн пешниҳодот, иловаҳо ва таҳрирот ироа гашта, ҳамаи онҳо низ дар матбуоти даврӣ нашр гардиданд. Албатта пешниҳодот, ки ба сиёсати ҳизби болшевикӣ мухолиф буданд (аз қабили иҷозаи моликияти хусусӣ ва барҳам додани колхозҳо) нашр намегардиданд ва дар бойгони зери тамғаи “тақризи душманона” нигаҳдорӣ мешуданд. 

Зеркомиссиюн

7 феврали соли 1935 Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (КИМ) комиссияи Конститутсиониро бо сарварии Котиби КМ ВКП(б) Иосиф Сталин ва 12 зеркомиссиони онро таъсис дод. Бо ин кор дар аввалин кишвари Шӯроҳо дигаргунии ҷиддии сиёсӣ қабули Сарқонуни нави кишвар оғоз гардид. Сарқонуни нав ба андешаи муаллифонаш мебоист як давраи ҷиддии таърихи ҳукумати Шӯравӣ, яъне сохтмони сотсиализмро дар як кишвар инъикос мекард.                                                                                                               

Худи Сталин бевосита дар кори қабули Сарқонун ширкат варзид ва бархе Бухаринро низ муалифи қисми асосии матни Сарқонуни нав меҳисобанд. Сарқонуни нав дар Иттиҳоди Шӯравӣ 6 декабри соли 1936 қабул карда шуд ва 7 декабр матни пурраи он расман дар нашрияи “Известия”-и КИМ таҳти рақами 283 чоп гардид. Сарқонуни нав бори аввал дар таърихи ҳукумати Шӯроҳо ба ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи баробари интихоботи муҳаё кард. Ва овоздиҳиро низ пинҳонӣ намуд. Ба ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ ба меҳнат ва истироҳат, таъминоти моддӣ дар пирӣ ва беморӣ, ҳуқуқ ба гирифтани маълумоти олӣ дода шуд. Инчунин озодии виҷдон, сухан, матбуот, ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо, масунияти шахсият ва сирри мукотиба эълон карда шуд.

Тағйири принсипҳо 

Сарқонуни нав аз 13 боб ва 146 модда иборат буд. Сарқонуни пешии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки соли 1924 қабул гардида буд банди махсуси диктотураи пролетариатро доро ва бо ин роҳ танҳо коргару деҳқонро соҳибмулк медонист

. Табақаи доро ва зиёӣ умуман душман шумурда мешуданд ва бо онҳо мебоист, то нест шуданашон мубориза бурд. Аммо дар Сарқонуни соли 1936 банди “диктатураи пролетариат” аз миён бардошта шуда, Сталин инчунин тартиби интихоботро ба идораҳои ҳокимияти давлатӣ-Шӯроҳо тағйир дод. Акнун, тибқи Сарқонуни нав интихобот дар аввалин кишвари Шӯроҳо бо принсипи маҳаллӣ баргузор мешуд.     

Принсипи маҳаллӣ ҷойгузини принсипи истеҳсолӣ гардид ва бархе аз коммунистон ин кори Сталинро иштибоҳи бузург медонанд ва ба андешаи онҳо, маҳз ин иштибоҳ яке аз сабабҳои асосии нобудии аввалин кишвари Шӯроҳо гардид.                  Ленин воҳиди ибтидоии интихоботӣ ва идораи асосии сохтмони давлатиро дар ҳукумати Шӯроҳо, на дар округи маҳаллӣ, балки дар воҳиди иқтисодии истеҳсолӣ (завод, фабрика) медид. Чун дар ин сурат ба андешаи болшевикон, дастгоҳи давлатӣ бо синфи мазлум (пролетариат) алоқаи зичтаре пайдо мекард ва имкон меёфт дигаргуниҳои муҳими сотсиалитиро амалӣ намояд. Асосан дар таълимоти коммунистӣ мавҷудияти диктатураи пролетариатро то пурра нест кардани синфҳо, ҳам Марксу Энгелс ва ҳам Ленин яке аз шартҳои асосии таъсиси давлати шӯроҳо медонистанд. Ба андешаи онҳо диктатураи пролетариат яъне “табдил додани дастаи пешоҳанги мазлумон ба синфи ҳукмрон, барои саркӯбии синфи собиқи ҳоким”. Ба ибораи дигар таъсиси давлати пролетарӣ, ки вазифааш саркӯб кардани синфи ситамгари собиқаш (буржуазия) ба шумор меравад. Инро низ бояд дар назар гирифт, ки  болшевикон ҳар навъ давлатеро дастгоҳи зӯроварӣ ва саркӯбӣ медонистанд. Инҳо дар табиати худ анархист буданд ва қуллаи камолашон расидан ба як ҷомеаи бе давлат ба шумор мерафт. Бо вуҷуди ин барпо кардани як давлатро дар шароити муаян кори ҳатмӣ медонистанд. Ва Шӯроҳо худ шакли ин давлат ба шумор рафта, асоси давлати пролетариро ташкил медоданд. Маҳз Шӯроҳо ба саркубии синфҳои ситамгари собиқ-моликони заводу фабрикаҳо, кулакҳо  ва ғ. бе восита машғул буданд.

Сарқонуни демократӣ

Сарқонуни сталиниро бисёриҳо сарқонуни демократӣ унвон мекунанд. Ба андешаи бархе, хусусиёти демократии Сарқонуни нави шӯравӣ (дар муқоиса бо Сарқонуни соли 1924) ба хотири ҷалби ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ барои муқобила бо фашизм, ки акнун дар Аврупо нерӯ мегирифт, роҳандозӣ гардида буд. Сталин дар мактуби худ ба лоиҳаи қарори Бюрои сиёсӣ, бобати тағйиротҳо дар Сарқонун ва таъсиси комиссияи конститутсионӣ, ки 31 январи соли 1935 қабул гардида буд чунин менависад: " Ба андешаи ман кори Сарқонуни СССР бисёр мушкил ба назар мерасад. Аввалан мо бояд системи интихоботиамонро, на танҳо ба маънии барҳам додани бисёрзинаии он, тағйир диҳем. Онро инчунин ба маънии ҷойгузинии раъйдиҳии боз (кушода) бо раъйдиҳии пӯшида (пинҳонӣ) бояд тағйир дод. Мо метавонем ва бояд дар ин кор то охир гом бардоем ва дар нимароҳ таваққуф накунем. Вазъият ва таносуби нерӯҳо дар кишвари мо айни замон ончунон аст, ки мо аз ин амалкард аз нигоҳи сиёсӣ танҳо бурд мекунем. Инчунин, ингуна ислоҳотро манофеъи ҳаракати ҷаҳонии инқилобӣ низ тақозо мекунад, чаро ки ин навъ ислоҳот нақши силоҳи бисёр қавиро дар мубориза бо фашизм ифо хоҳад кард. 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter