ХАБАРИ ДОҒ

Умеди Англия

 Субҳи 22 июни соли 1941 Олмони гитлерӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла кард. Гитлер тарҳи ҳамла ба СССР-ро баъд аз торумори Фаронса тасдиқ карда, нақшаи фюрер «Барбаросса» (ба хотири императори олмониҳо Фридрих Барбаросса) номгузорӣ гардид. Ба нақшагирии бевоситаи амалиёти "Барбаросса" аз ҷониби ҳайати корӣ, таҳти роҳбарии генерал Фридрих Паулюс дар таърихи 21 июли соли 1940 оғоз шуда, нақшаи он, 18 декабри соли 1940 бо дерективаи № 21-и Сарфармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Олмон (Вермахт), аз ҷониби роҳбарияти артиш тасдиқ карда шуд.                                                                                                       

Гитлер сабаби асосии ҳамла ба СССР-ро ин тавр маънидод намуд: "Умеди Англия танҳо Руссия ва Америка аст. Агар умед ба Россия барбод биравад Америка низ аз Англия даст мекашад, чун торумори Россия ба пурзӯршавии Япония дар Шарқи дур меоварад. Агар Россия торумор гардад, Англия охирин умеди худро аз даст медиҳад.Он вақт дар Аврупо ва дар Балкан мо ҳукмронӣ хоҳем кард. Пас натиҷатан Россия бояд аз байн бурда шавад. Вақт- баҳори соли 1941. Ҳар чӣ зудтар мо Россияро торумор кунем барои мо беҳтар. Амалиёт, танҳо вақте маъно пайдо мекунад ва натиҷа медиҳад, агар мо бо як зарбаи тезу пурзӯр, тамоми давлатро аз байн бибарем». Тибқи нақшаи амалиёт, қисматии асосии Артиши Сурх, мебоист дар ғарби дарёҳои Днепр ва Двинаи Ғарбӣ торумор мешуданд ва  ақибнишинии онҳо ба шарқи кишвар ҷилавгирӣ мегашт. 

 Дар рӯзи ҳаштуми амалиёт, артиши Олмонӣ мебоист ба мавзеи Каунас, Барановичи, Лвов, Могилев-Подолский мерасиданд. Дар рӯзи бистуми баргузории "Барбаросса" немисҳо ният доштанд ба соҳилҳои Днепр бирасанд. Баъди ин, дар амалиёт тавақуфи бистрӯза пеш меомад, то нерӯҳо аз нав ҷо ба ҷо карда шаванду аскарон дам гиранд ва базаҳои таъминотии нав ташкил гарданд. Дар рузи 40-уми ҳамла бошад, марҳилаи дувуми амалиёт оғоз мегардид. Дар ин марҳила немисҳо мебоист Москва, Ленинград ва Донбасро ишғол мекарданд. Диққати махсус ба ишғоли Масква дода мешуд. Фармондеҳии олмонӣ гумон дошт, Артиши Сурх барои ҳимояи Маскав тамоми нерӯҳои боқимондаи худро мепартояд ва ин ба онҳо имконият медиҳад, дар як муҳориба онҳоро торумор кунанд. Тибқи нақша, дар интиҳои амалиёт немисхо мебоист ба хати Архангелск-Волга-Астрахан мерасиданд. 

"Марита" - таъхири думоҳа

    Фюрер мӯҳлати наздиктарини амалиётро 15 май муайян кард, аммо рӯйдодҳо дар Балкан ва Юнон мӯҳлати баргузории амалиётро ба ақиб партофт. Иттифоқчии Фюрер дар Аврупо, Итолияи фашистӣ он шабу рӯз ба Югославия ва Юнон лашкаркашӣ кард. Аммо лашкари Муссолинӣ баъди чанде торумор гашта, Гитлер маҷбур шуд, ба кумаки иттифоқчиаш биёяд.

Амалиёти немисҳо дар Югославия ва Юнон "Марита" номгузорӣ ва наздики 1 моҳ (аз 6 апрели соли 1941 то 30 апрели соли 1941.) тӯл кашиду "Барбароса" наздики 2 моҳ ба таъхир афтод. Баъзе аз муаррихин мегӯянд, агар Гитлер ин ду моҳро аз даст намедод дар тобистон ба Маскав мерасид ва ҷанги зимистона пеш намеомад. Билохира Фюрери олмонӣ таърихи амалиётро 22 июн таъин кард.

 Артиши бузургтарин

    Барои ҳамла ба СССР 3 гурӯҳи армияҳо ташкил карда шуданд. Гурӯҳи армияҳои Шимол таҳти фармондеҳии генерал-фелдмаршал Вилгелм фон Лееб пеш мерафт. Ин гурӯҳ мебоист минтақаҳои Наздибалтик ва Ленинградро ишғол карда, инчунин бандарҳои соҳили Балтикро (Таллин ва Кронштадро) мегирифт. Гурӯҳи  дуввум  «Марказ» ном гирифта, ба он яке дигар аз фелдмаршалони олмонӣ Федор фон Бок фармондеҳӣ мекард. Фон Бок бо тахаллуси "фелдмаршали оҳанин" маъруф буду яке аз беҳтарин ҳарбиёни Рейх ба шумор мерафт. Гурӯҳи армияҳои Фон Бок мебоист фронти стратегии Артиши Сурхро дар Белоруссия рахна мекард ва нерӯҳои шӯравиро торумор карда, ҷониби Маскав ҳамларо идома медод. Гурӯҳи саввумро армияҳои «Ҷануб» ташкил медоданд ва ба онҳо генерал-фелдмаршал Герд фон Рундштед фармондеҳӣ мекард. Гурӯҳи Рундштед мебоист Артиши Сурхро дар соҳили рости Украина торумор карда, ба соҳили Днепр мебаромад. Билохира, Артиши олмонӣ 22 июни соли 1941, соати 3.15-и субҳ ба амалиёти худ оғоз кард. Дар "Барбаросса" аз ҷониби немисҳо 153 дивизия, 600 000 адад техника,3580 танк ,7184 туп ва 2740 ҳавопаймо ширкат варзиданд.   

    Артиши олмонӣ дар оғози "Барбаросса" дар таърихи башарият, бузургтарин артише буд, ки дар 1 майдони амалиёти ҳарбӣ амал мекард. Инчунин, дар амалиёт аз ҷониби немисҳо 12 дивизия ва 10 бригадаи артиши руминӣ, 18 дивизияи финӣ, 3 бригадаи венгерӣ, 2 бригадаи словакӣ, 3 дивизияи итолиёӣ ва дивизияи «кабуди» испанӣ ширкат варзиданд.                                                                                                                     

 Мутаасифона ҳамлаи ногаҳонии немисҳо Артиши Сурхро ғофилгир кард.То соати 12 рӯз немисҳо 1200 тайёраи шӯравиро нест карданд. То охири рӯз, ин талафот ба 1811 тайёра расид, ки бештарашон дар замин нест карда шуданд. Ин ба немисҳо имкон дод, дар рӯзи авали ҷанг, бартарии комилро дар ҳаво соҳиб шаванд. Гурӯҳи армияҳои "Шимол" дар самти Ленинград ба амалиёт шуруъ кард ва нерӯҳои асосии зарбазани ин гурӯҳ ба самти Даугавпилс ҳаракат намуданд. Кӯшиши фармондеҳии фронти Шимолу Ғарбии шӯравӣ натавонист пешравии немисҳоро боз дорад ва нерӯҳои он 25 июн ба соҳили дигари Двинаи Ғарбӣ ақиб нишастанд. Нерӯҳои фон Лейб 26 июн Двинаи Ғарбиро убур карда, 1 июл пойтахти Латвия, шаҳри Ригаро ишғол карданд. Аммо муввафақияти аз ҳама зиёд насиби нерӯҳои фон Бок гардид. Гурӯҳи армияҳои "Марказ" нерӯҳои генерал Павловро дар Белоруссияи ғарбӣ торумор карданд ва аллакай 28 июн, дар рӯзи 6 уми ҷанг, пойтахти Беларуссия Минскро ишғол намуданд. Фармондеҳии шӯравӣ танҳо дар ҷануб тавонист ҳуҷуми немисҳоро боздорад.                                                                     

Ҳамин тариқ, аввалин марҳилаи амалиёти "Барбаросса" барои немисҳо бо муваффақият анҷом гирифт. Немисҳо тавонистанд дар муҳорибаҳои наздисархадӣ ба Артиши Сурх шикасти сахт расонанд. Барои мисол, 3 июли соли 1941 сардори ситоди генералии артиши олмонӣ генерал Галдер дар дафтарчаи хотиравиаш чунин қайд карда буд: "Умуман гуфтан мумкин аст, ки вазифаи шикаст додани нерӯҳои пиёданизоми шӯравӣ дар назди Двинаи Ғарбӣ ва Днепр, амалӣ гардид. Бинобар ин бемуҳобот гуфтан мумкин аст, ки амалиёт алайҳи Россияи шӯравӣ дар 14 рӯз бо пирӯзии мо анҷом ёфт". Ба андешаи Галдер, блитскриги шарқии немисҳо14 рӯз тӯл кашид. 

Блитскриги ноком

 Воқеъан он шабу рӯз, касе боварӣ надошт, ки Итиҳоди Шӯравӣ баъди ин зарбаи мудҳиш ба по мехезад. Дар ҳақикат ҳеҷ давлате дар дунё баъди ин гуна шикасти сахт натавониста буд пойдорӣ кунад. Аммо Итиҳоди Шӯравӣ дар мудати хеле кӯтоҳ ба ҳамаи дунё собит кард, ки мешавад баъди зарбаи сахт низ ба худ омад ва муқовимат кард. Баъди як рӯзи оғози ҷанг дар Маскав, Кумитаи давлатии мудофиа таъсис дода шуд ва Сталин зимоми қудратро дар ин кумита пурра ба даст гирифт.                                                                                                                           

Дар кӯтоҳтарин муддат, ниҳодҳои ҳукуматии шӯравӣ тавонистанд, дар ғарбӣ кишвар корхонаҳои иқтисодиро ба шарқ интиқол диҳанд ва таъмини артишро ба роҳ монанд. Немисҳо нерӯи инсонии СССР-ро ба инобат нагирифтанд ва ҷанг ба дарозо кашид. Дар ҷанги тӯлони бошад Олмон ҳеҷ имкони пирӯзӣ дар баробари Иттиҳоди Шӯравӣ надошт. Немисҳо, танҳо наздикиҳои зимистон ба назди Маскав расиданд, аммо инҷо шикаст хӯрда, ақиб партофта шуданд. Мошини ҳарбии фюрер бори аввал дар назди Маскав ба нокомӣ дучор гашта, нақшаи "Барбаросса" ҳам хунсо шуд.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter