1 май дар замони собиқ СССР чун Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ҳамасола бо тантанаҳои зиёд ҷашн гирифта мешуд. Мардуми зиёд бо шиорҳои гуногун дар бештари шаҳрҳои собиқ Иттиҳод ба кӯчаҳо баромада, роҳпаймоиҳо доир мекарданд. Иди 1 май имрӯз низ дар бештари ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, албатта, бо номҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад.
Дар Русия ва Тоҷикистон онро чун Иди Баҳор ва Меҳнат, дар Қазоқистон Иди якдилии халқҳои Қазоқистон, дар Белорус ва Қирғизистон чун Рӯзи Меҳнат ҷашн мегиранд. Умуман, дар собиқ СССР 1 май пеш аз ҳама иди коргарон маҳсуб меёфт ва таърихи пайдоиши он низ ба ҳаракати коргарӣ рабти бевосита дошт. Ба таъбири Ленин “коргарон дар ин рӯз бедории худро ба рӯшноӣ ва дониш, муттаҳидшавии худро ба як иттиҳоди бародарона, барои мубориза бо истисморгарони худ, барои сохти сотсиалистии ҷомеъа ҷашн мегиранд”. Аммо таърихи пайдоиши ин ид ба ИМА бармегардад.
Ошӯби Хеймаркет
Иди 1 май дар шакли имрӯзаи худ дар нимаи қарни XIX дар ҳаракати коргарӣ арзи вуҷуд пайдо кард. Асоситарин талаби коргарон дар он шабу рӯз ҷорӣ намудани рӯзи кории 8-соата буд ва маҳз ин талаб заминасози ояндаи иде ба номи 1 май шуд. Бори аввал бо ин талаб 21.04.1856 коргарони Австралия баромад намуданд. Ба тақлид аз коргарони австралиягӣ ташкилотҳои анархистии ИМА ва Канада 1.05.1886 як қатор тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳоро ташкил карданд. Он шабу рӯз коргарони амрикоӣ дар вазъи бисёр баде қарор гирифта буданд. Музди меҳнати ночиз, рӯзии кории 12-15 соата, истифодаи меҳнати кӯдакон, набуди кафолатҳои иҷтимоӣ коргаронро сахт азият медоданд. Дар ин тазоҳуротҳо 350 000 коргари амрикоӣ ширкат варзиданд. Танҳо дар Ню Йорк теъдоди тазоҳуротчиён 10 000 нафарро ташкил дод. Аммо маркази муқовимат шаҳри Чикаго гардид. Дар ин шаҳр беш аз 40.000 коргар дар тазоҳуротҳо ширкат карданд. Баъд аз анҷоми тазоҳуроти 1 май, дар яке аз корхонаҳои Чикаго 1500 коргар аз кор ихроҷ карда шуданд ва коргарони ба хашм омада, боз 1 корпартоии дигар эълон намуданд. Баъди 2 рӯз пулиси Чикаго бо истифода аз силоҳ тазоҳуротро пароканда намуд, ки дар натиҷа 4 нафар коргар ба ҳалокат расиданд. Анархистҳои маҳаллӣ аз ин кори пулис ба хашм омада, коргаронро боз ба тазоҳурот даъват карданд. Тазоҳурот дар майдони Хеймаркет-сквер, ки маркази савдоии калоне дар Чикаго буд, баргузор гардид. Бегоҳии 4 май дар майдони Хеймаркет-сквер анбӯҳи зиёди мардум, аз ҷумла, занон ва кӯдакон ҷамъ омаданд. Соатҳои 10-и шаб борон борид ва мардум майдонро тарк кардан гирифтанд. Ин тазоҳурот бисёр оромона мегузашт, ҳатто шаҳрдори Чикаго, ки ба тамошои он омада буд, баъди чанде ба хонааш бозгашт. Дар ҳол баъд аз рафтани шаҳрдор ба майдон дастаи пулис ҳозир шуд ва аз тазоҳуротчиён талаб кард, то майдонро тарк кунанд. Яке аз роҳбарони анархистон Филден, ки дар майдон баромад мекард, гуфт, ки ин тазоҳуроти осоишта аст ва маҳз дар ҳамин вақт касе аз издиҳом ҷониби пулис бомберо партоб намуд. Дар натиҷаи таркиш 1 корманди пулис дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд. Ҳомиёни қонун пас аз ин тазоҳуротчиёнро зери борони тир гирифтанд. Дар натиҷа 7 корманди дигари полис низ ҷони худро аз даст доданд. Кормандони пулис дар торикӣ ҳамдигарро парронданд. Рӯзи дигар ҳукуматдорон ташкилотҳои коргариро таҳти фишор қарор дода, садҳо гумонбарро дастгир ва зери шиканҷа гирифтанд. Дар натиҷаи амалиёти пулис 8 нафар аз роҳбарони анархистон-Август Спис, Алберт Парсонс, Адолф Фишер, Ҷорҷ Энгел, Луис Линг, Михаил Шваб, Самуэл Филден ва Оскар Неебе дастгир шуданд ва онҳоро ба маҳкама кашиданд. Ин 8 нафарро дар аввал ба эъдом ҳукм намуданд, аммо аз миёни онҳо танҳо Филден дар тазоҳурот ширкат варзида буд, дигарон умуман ҳузур надоштанд. Дар муҳокимаи 2-ум ба 3 нафари онҳо ҳукми эъдомро бо бадарға ҷойгузин карданд. Суд ба хулосоае омад, ки агарчи анархистон дар тазоҳурот набуданд, террористи номаълум зери таъсири суханрониҳои онҳо даст ба чунин иқдом задааст. Билохира, 11.11.1887 4 нафар аз анархистон ба дор кашида шуданд. 1 нафарашон (Линг) даст ба худкушӣ зад. Ҳини интиқол ба қатлгоҳ анархистон суруди Марселезаро, ки гимни ҳаракати коргарӣ ба шумор мерафт, замзама мекарданд. Пулис ҳатто аъзои оилаҳои анархистонро, ки ба тамошои қатл омада буданд, ба ҳабс гирифт. Пеш аз қатл яке аз анархистон Спис фарёд зад: “Замоне мерасад, ки хомӯшии мо аз садои имрӯзаи мо баландтар садо медиҳад”. 3 нафар анархисти боқимонда бошанд дар соли 1893 озод шуданд. Ҳукуматдорон расман эътироф карданд, ки маҳкумшудагон бегуноҳ буданд ва гирифтори фитнаи полис гардиданд. 26.06.1893 Алтгелд губернатори иёлоти Иллинойс аз 3 тан анархисти зинда монда (Филден, Нееб ва Шваб) узр хост. Маҳз ба хотири ин бегуноҳ кушташудагон бо пешниҳоди коргарони амрикоӣ, ки корпартоии навбатиашонро ба 1.05.1890 ба нақша гирифта буданд, Конгресси порисии Интернатсионали 2-юм дар соли 1889, 1 майро Рӯзи муттафиқии коргарони тамоми дунё эълон ва пешниҳод кард ин рӯзро бо намоишҳои эътирозӣ ва талабҳои иҷтимоии дигар ҷашн гиранд.
Рӯзи интернатсионал ва маёвка
Дар импературии Русия бошад 1 майро бори аввал дар соли 1890 ҷашн гирифтанд. Дар ин рӯз дар Варшава-пойтахти Полшаи ҳозира, ки он замон 1 қисмати ин импературӣ маҳсуб меёфт, корпартоии коргарон ба вуқӯъ пайваст. Дар корпартоӣ беш аз 10 000 коргар ширкат варзиданд. Аз соли 1897 бошад маёвкаҳо хусусиёти сиёсӣ гирифтанд ва намоишҳои оммавӣ ба 1 ҷузъи ҷашн табдил ёфтанд. Соли 1901 дар намоишҳои якумимайии коргарон дар Петербург, Тбилиси, Гомел, Харков ва шаҳрҳои дигар бори аввал дар Русия шиорҳои “Нест бод ҳукмронии мутлақ!” ва “Зинда бод Республика!” садо доданд. Дар корпартоиҳо ва намоишҳои якумимаии солҳои 1912-14 бошад теъдоди ширкаткунандагон ба 400.000 нафар мерасид. Соли 1917 баъд аз инқилоби Февралӣ 1 майро чун иди расмӣ ҷашн гирифтанд ва дар ин ҷашнгириҳо теъдоди коргарон аз 1 млн нафар ҳам убур кард. Баъди пирӯзии инқилоби болшевикӣ, октябри соли 1917 1 май иди расмӣ эълон карда шуд. Баъди 1 сол, дар соли 1918 болшевикон онро ба ҷашни давлатӣ табдил доданд ва 1 майро “Рӯзи Интернатсионал” ном ниҳоданд. Номи ин ид низ баъдан чанд бори дигар тағйир дода шуд. Баъди чанде он Рӯзи байналмилалии муттафиқии пролетариат ном гирифт. Соли 1943 1 май ба “Ҷашни ҷангии пролетариати байналмилалӣ”, соли 1946 ба “Рӯзи ҷашни байналмилалии меҳнаткашон” ва соли 1972 ба “Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон” тағири ном кард ва дигар то заволи аввалин кишвари Шӯроҳо бо ҳамин ном ҷашн гирифта мешуд. 1.05.1918 тибқи “Кодекси қонунҳо оиди меҳнат” рӯзи истироҳат шуд. Дар давраи “сотсиализми муттарақӣ” бошад дар СССР намоишҳои якумимаӣ маънои дигаре гирифтанд. Дар рӯзи 1 май меҳнаткашони СССР “якдилии худро бо муборизаи инқилобии меҳнаткашони кишварҳои капиталистӣ, бо ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ баён карда, мегуфтанд, ки тайёранд тамоми нерӯи худро ба мубориза барои сулҳ ва сохтани ҷамъияти коммунистӣ фидо кунанд”. Бори охир расман ин ҷашнро дар СССР 1.05.1990 ҷашн гирифтанд. Соли 1991 бошад дар майдони Сурхи Маскав намоишро федератсияи иттифоқи касаба ташкил кард ва он зидди баланд бардоштани нархҳо равона шуда буд. Дар соли 1993 бошад Ҳизби коммунисти Русия бори аввал чун ҳизби мухолифи давлат намоишҳои якумимаиро роҳандозӣ намуд, ки бо бархурди шадиди намоишгарон бо ОМОН хотима ёфтанд. Дар ин даргириҳо сержанти ОМОН Владимир Толканев ҷароҳат бардошт ва баъди 4 рӯз дар беморхона фавтид. Теъдоди умумии кушта ва захмиҳо дар ин намоиш беш аз 150 нафарро ташкил намуд. Бо 1 май инчунин пайдоиши маёвкаҳо низ зич алоқаманд аст. 1 ва 2 май шаҳрвандони шӯравӣ бо оила ё дар якҷояги бо дӯстон ба табиат мерафтанд ва истироҳат мекарданд. Ин анъанаи ҷашнгирӣ дар домани табиат (маёвка) дар СССР ихтироъ шуд ва то ба ин рӯз низ боқӣ мондааст. Дар Русияи тоинқилобӣ маёвка ҷамъомади пинҳонии коргаронро, ки 1 май дар беруни шаҳр доир мешуд, меномиданд. Он замон маёвкаҳо аз ҷониби полиси подшоҳӣ таъқиб мешуданд. Дар ИМА бошад аз соли 1947 1 майро ҳамасола чун Рӯзи Вафодорӣ ҷашн мегиранд. Имрӯз бошад 1 майро чун Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон (Рӯзи меҳнат) дар 142 кишвари дунё ҷашн мегиранд.
Зокирҷон Бобоев,
таърихшинос, н.Ҳисор