ХАБАРИ ДОҒ

Заминасози ин рӯз амалиёти Берлинии Артиши Сурх буд, ки 23 рӯз аз 16 апрел то 8.05.1945 идома ёфт ва чун бузургтарин муҳорибаи Ҷанги Ҷаҳонии 2 ба китоби Гиннес ворид шудааст.

Аз 2 ҷониб дар ин амалиёт беш аз 3,5 млн сарбоз, 52 000 тӯп ва миномёт, 7750 тонк ва 11 000 ҳавопаймо ширкат доштанд. Дар натиҷаи ин амалиёт Артиши Сурх ба масофаи 100 то 220 км ба Ғарб пешравӣ кард ва пойтахти Олмонро ишғол намуд. Ба Артиши Сурх дар ин амалиёт маршал Жуков фармондеҳӣ мекард. 8.05.1945 дар музофоти Берлин миёни сардори ситоди сарфармондеҳии олии вермахт, фелдмаршал В.Кейтел, ноиби Сарфармондеҳи олии Артиши Сурх маршал Жуков ва маршали нерӯҳои ҳавоии Бритониё А.Теддер Акт дар бораи таслими бечунучарои Олмони фашистӣ ба имзо расид. 9.05.1945 соати 2:10 дақиқаи шаб тариқи радио Левитан Акт дар бораи таслими бечунучарои Олмон ва қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР дар мавриди эълон кардани 9 май чун Рӯзи Ғалабаро қироат намуд. Баъд аз ба имзо расидани Акти таслимшавии бе чунучаро боқимондаҳои артиши олмонӣ силоҳҳояшонро ба замин гузоштанд. Дар Курляндия 189.000 аскарону афсарон ва 42 генерал, дар болооби дарёи Висла гурӯҳи 75-ҳазорнафара бо 12 генерал таслим шуданд. Рӯзи ғалаба яке аз ҷашнҳои асосӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. 26.04.1965 бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР дар қаламрави кишвар 9 май рӯзи истироҳатӣ эълон карда шуд. Пештар 9 май дар тамоми кишварҳои Созишномаи Варшава ва Югославия чун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешуд, аммо баъди пошхӯрии Блоки шарқӣ, ҳукуматдорони нав аҳамияти таърихии ин рӯзро ба таври дигар маънидод мекунанд. СССР дар ғалаба бар Олмони фишистӣ нақши калидӣ ифшо кард ва ғалаба бешак дастоварди умумии тамоми халқҳои собиқ Иттиҳод ба шумор меравад. Ҳамаи халқҳои ин абарқудрати собиқ, аз ҷумла, тоҷикон дар ғалаба бар Олмони фашистӣ нақш доштанд. Сокинони зиёди Тоҷикистон, чун дигар шаҳрвандони собиқ Иттиҳод аллакай дар рӯзи аввали ҷанг дар назди кумитаҳои ҳарбии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҷамъ шуда, талаб мекарданд, то онҳоро ба фронт фиристанд. Тоҷикистон ба фронтҳои ҶБВ наздики 300.000 сарбоз фиристод, ки дар муҳорибаҳои назди Маскав, Ленинград, Сталинград ва Курск ширкат варзида, ҷоннисории зиёде аз худ ба намоиш гузоштанд. Тамоми аҳолии Тоҷикистон дар соли 1940 наздики 1,4 млн нафарро ташкил медод ва аз ҷумҳурии кӯчаки мо 20% тамоми аҳолӣ ё кулли мардони бузургсол равонаи фронт шуданд. Аз ин адад беш аз 60.000 сарбоз, яъне 5% тамоми аҳолӣ ё 20% мардони бузургсол ҷони худро аз даст доданд. Боқимондаҳо бошанд, барои ба даст овардани ғалаба дар ақибгоҳ заҳмат мекашиданд. Осиёи Миёна дар солҳои ҷанг яке аз базаҳои муҳими Артиши Сурх буд. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (аз ҷумла Тоҷикистон) тӯп, тиру туфанг, сару либос, пойафзоли ҳарбӣ, абрешим барои парашют, хӯрока ва ғ. истеҳсол мекарданд. Барои меҳнати зарбдор зиёда аз 100.000 тоҷикистонӣ бо ордену медалҳои гуногун мукофотонида шуданд. Барои мардонагӣ ва қаҳрамонӣ дар рафти ҷанг бошад, наздики 55.000 сарбозони тоҷик бо ордену медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шуданд, ки миёни онҳо 15 Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 21 нафар дорандаи ҳар 3 дараҷаи ордени Шараф буданд.

Қаҳрамонон

Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ-мукофоти дараҷаи олӣ дар собиқ СССР ба шумор мерафт. Бо ин унвони фахрӣ шаҳрвандони шӯравӣ барои нишон додани корнамоӣ ё хизматҳои шоиста ҳангоми амалиётҳои ҳарбӣ ва дар мавридҳои истисноӣ дар замони осоишта қадр мешуданд. Унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ бо Қарори КИМ СССР аз 16.04.1934 таъсис дода шуд. Баъдан, 1.08.1939 бо Қарори Шӯрои Олии СССР нишони фахрии иловагӣ барои Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ медали “Ситораи Тиллоӣ” таъсис дода шуд. Унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олии СССР дода мешуд. Ба Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофоти олии СССР “ордени Ленин”, нишони махсуси фахрӣ, медали “Ситораи Тиллоӣ” ва Ифтихорномаи Раёсати ШО СССР супорида мешуданд. Дар рафти ҶБВ 11603 сарбоз бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд, ки 15 қаҳрамони тоҷик низ ба ин теъдод дохил мешаванд. Қаҳрамонони тоҷик мисли Туйчӣ Эрҷигитов, Исмоил Ҳамзалиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Неъмат Қарабоев, Домулло Азизов, Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев, Чутак Уразов ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ барои аҳолии калонсоли кишварамон ошно ҳастанд, лек иддаи зиёде ҳанӯз ношинос боқӣ мондаанд. Яке аз чунин қаҳрамонон, командири дастаи туфанги зиддитонкии полки савораи 61-и дивизияи 17-и савораи фронти 1-и Белорус, сержанти гвардия Фатҳулло Аҳмадов аст.

Мерган

Фатҳулло 14.04.1918 дар деҳаи Кулангири н.Хуҷанди вил.Ленинобод, дар оилаи деҳқон ба дунё омад. Ӯ то оғози ҷанг ба ҳайси тракторчӣ дар колхоз фаъолият мекард ва соли 1941 ба сафи Артиши Сурх шомил гардида, дар фронтҳои Брянск, Марказӣ ва фронти 1-и Белорус зидди душман қаҳрамонона ҷангид. Вай дар оғоз пулемётчӣ буд. Соли 1942 нишонгири тӯпи 45 мм таъин карданд ва дар аввалин набард ба ӯ муяссар шуд 2 тонки душманро зада аз кор барорад. Соли 1943 Фатҳулло курсҳои сержантиро хатм кард ва ба лашкари савора фиристода шуда, командири дастаи миномёт таъин гардид. Ӯ тирандози бисёр моҳире буд ва аз тамоми намуди силоҳ бе хато тир мезад. Тирамоҳи соли 1943 бошад мергани тоҷик туфанги зиддитонкиро низ “аз худ кард”. Январи соли 1944 Артиши Сурх ба озодкунии Белорусия оғоз намуд. Полки савораи 61, ки Фатҳулло дар он хизмат мекард, дар наздикиҳои деҳаи Беседкӣ барои зада гардонидани ҳуҷуми тонкии душман сангар гирифта буд. Вай чархи аробаро ба дарахт васл намуда, аз ин мавқеъ бо туфанги зиддитонкиаш тавонист тайёраи немисӣ “Юнкерс”-ро зада афтонад. 14.01.1944 дар наздикиҳои деҳаи Багримовичи саворагони Аҳмадов ба муқовимати сахти немисҳо дучор шуданд. Ӯ дар ин набард низ мергании худро ба намоиш гузошт ва чанд тонки душманро оташ зад. Барои корнамоиаш ӯро бо ордени Шарафи дараҷаи 3 қадр карданд. Пас аз чанде боз маҳорати тирандозии худро ба намоиш гузошт. Дар рафти яке аз ҳуҷумҳо ҷанговарони сурх ба оташи пулемёти душман мувоҷҷеҳ шуданд, ки намегузошт касе сар аз замин бардорад. Аммо Фатҳулло роҳи чораи хубе пайдо кард. Ӯ бо ёрдамчии худ, дар зарфи чанд соат зери барф роҳи дарозе мекобад ва аз ин мавқеъи нав пулемёти душманро бо 1 тир маҳв мекунад. Дар соҳили дарёи Припят бошад ӯ бо тири аввал 1 тонки душманро оташ зад ва вақте мергани тоҷик тонки 2-юми немисҳоро ҳадаф қарор дод, тонкҳои боқимонда саросема ақиб нишастанд. Баҳори соли 1944 саворагони сурх фармон гирифтанд: пиёда ва номаълум ба ақибгоҳи душман гузаранд ва роҳи оҳанеро, ки немисҳо тариқи он аз Белоруссия нерӯ ва ғанимати гирифтаро мебароварданд, ишғол кунанд. Аҳмадов ва рафиқонаш баъди тай намудани чандин км роҳи ботлоқзор, ахир дар канори ҷангал ва наздикии роҳи оҳан камин гирифтанд. Вақте қатораи душман пайдо шуд, мергани тоҷик бо 1 тири туфанги зиддитонкӣ қатораро тарконд ва 6 нафар немисро ба асорат гирифт. Тобистони соли 1944 амалиёти “Багратион” оғоз шуд ва дар охирҳои моҳи июл Артиши Сурх аз сарҳади Полша убур кард. Аҳмадов дар рафти ин ҷангҳо 1 тонку тӯпи худгард, чанд автомашинаро оташ зад ва теъдоди зиёди аскарони немисро кушт. Дар задухӯрдҳо барои шаҳри полякии Лукув дастаи ӯ дзоти немисҳоро ишғол кард ва мергани тоҷик бо 3 сарбози худ бо 11 немис рӯ ба рӯ шуд. Фатҳулло дар ин ҷанг маҷрӯҳ шуд, аммо майдони набардро тарк накард. Дар наздикиҳои шаҳри Седлце бошад саворагони сурх ба иҳота афтоданд. Командири взвод Сабелников сахт захмӣ ва ҷонишини ӯ ҳалок шуд. Сержант Аҳмадов дар лаҳзаҳои ҳассос фармондеҳиро ба ӯҳда гирифт ва тавонист аскарони боқимондаро наҷот диҳад. Маҳз барои ин корнамоӣ мергани Тоҷик Фатҳулло Аҳмадов бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шуд.

Бобоев Зокирҷон,

таърихшинос, н.Ҳисор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter