Ташаббус "аз поён"
Баъди чанде дар аввалин кишвари Шӯроҳо, ташкилотҳо ва ҷамъиятҳои ғайрирасмӣ шакл гирифтанд. Дар давраи аввали “бозсозӣ” ин ташкилотҳои ғайрирасмӣ дар чаҳорчӯби сиёсати расмӣ фаъолият мекарданд ва чандон хатаре барои роҳбарият надоштанд. Аммо воқеъияти пайдо шудани чунин ҷамъияту ташкилотҳо дар ҷомеъаи шӯравӣ маънои мухолифати сиёсӣ алайҳи системаи шӯравиро дошт. Ин ҷамъияту ташкилотҳо, ки бо ташаббус “аз поён” пайдо мешуданд, оҳиста оҳиста ақоиди миллӣ ва ғайри коммунистиро дунбол кардан гирифтанд. Дигаргунии куллӣ дар фаъолияти ин ташкилотҳо соли 1987 ба вуқӯ пайваст. Тирамоҳи он сол вазъияти иҷтимоӣ иқтисодии аввалин кишвари Шӯроҳо бениҳоят бад гардид ва дар як қатор ҷумҳуриҳои иттиҳодӣ ва мухтор фронтҳои халқӣ ташаккул ёфтанд. Аввалин Фронти халқӣ моҳи апрели соли 1988 дар Ҷумҳурии Эстония ташкил гардид. Тобистони ҳамон сол Фронти халқии Маскав рӯи кор омад. Баъд аз он ин гуна ҳаракатҳо дар Латвия, Молдавия ва ҷамоҳири дигар пайдо шудан гирифтанд. Асоси ақоиди ин фронтҳои халқиро дар ҷумҳуриҳои иттиҳодӣ, ба даст овардани истиқлолияти ин ҷамоҳир ташкил мекард. Моҳи майи соли 1988 дар кишвар “Иттиҳоди демократӣ” бо сарварии В. Новодворская ва Е. Дебрянская таъсис дода шуд, ки ақоиди зидди коммунистиро пиёда мекард. Дигаргуниҳо дар ҷомеъа, элитаи ҳизби сиёсӣ ва ҳатто худи ислоҳотчиёнро низ фаро гирифтанд. Инҳо низ дар навбати худ ба чанд даста тақсимбандӣ гардиданд. Баъди чанде дар раъси нерӯҳои консервативии ҲКИШ тарафдорони қаблии Горбачев-Е.Лигачев, В.Чебриков ва И.Полозков қарор гирифтанд. Дастаи дигари собиқ тарафдорони Горбачев бошанд аз қабили А.Яковлев, Э.Шеварднадзе ва Б.Елтсин “падари бозсозиро” барои беиродагӣ ва сустӣ дар ислоҳотҳояш зери танқид қарор доданд. Гарчи ин танқид ба матбуот роҳ намеёфт, аммо бо вуҷуди ин, сару садоҳои зиёде дар кишвар ба бор меовард. Горбачев акнун хатои худро дарк кард, аммо кӯшиши ӯ барои аз қудрат дур кардани Елтсин ва тарафдоронаш натиҷаи баръакс ба бор оварда, маъруфияти роҳбари коммунистони Маскав миёни мардум зиёд гардид.
Ҳукумати шӯроҳо
Бемайли ва ноқобилиятии чизеро тағйир додани дастгоҳи ҳизбӣ Горбачевро маҷбур кард барои дигаргун кардани системи сиёсӣ чораҳои қатъӣ андешад. Соли 1988 кишварро тазоҳуроти мардумӣ фаро гирифт ва тазоҳуротчиён масъалаи дигар кардани системи шӯравиро талаб мекарданд. Ба хотири боқӣ мондан дар раъси навовариҳо Горбачев ва тарафдоронаш қарор доданд стратегияи ислоҳотҳоро дигаргун кунанд. Аввалин кӯшиши ҷиддӣ тобистони соли 1988 дар конфронси XIX ҳизбӣ ба вуқӯ пайваст. Дар ин конфронс бо қабули як эъломия ҳукумат ба ихтиёри Шӯроҳо супорида шуд. Инчунин қарор дода шуд дар кишвар интихоботи демократии намояндагони мардумӣ баргузор карда шавад. Горбачев ният дошт бо нав кардани Шӯроҳо нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ-ро маҳфуз нигаҳ дорад. Моҳи декабри соли 1988 мувофиқи қарорҳои конфронси XIX-ум ба Сарқонуни кишвар тағйиротҳо ворид карда шуданд. Мутобиқи онҳо акнун ниҳоди олии ҳукуматӣ дар СССР Анҷумани вакилони мардумӣ мегардид, ки аз 2250 вакил иборат ёфта буд. Нишастҳои Анҷуман як маротиба дар сол баргузор мегардиданд.
Анҷумани таърихӣ
Даъвати Анҷуман маънои поёни “инқилоб аз боло”-ро дошт. Раванди демократикунонӣ, ки онро ҲКИШ оғоз карда буд, аз назорати ҳизб берун рафт ва тобистони соли 1989 “бозсозӣ” оммаи мардумро фаро гирифт. Акнун ин раванд пешвоёни нав ва мақсаду ҳадафҳои навро касб кард. Анҷумани аввалини вакилони мардумӣ 25 майи соли 1989 дар Маскав ифтитоҳ ёфт. Қариб ду ҳафта дар кишвар касе кор намекард.Тамоми аҳолии бузургсоли СССР аз телевизион ба кори Анҷуман назора мекард. Вакилони мухолиф дар ин Анҷуман кӯшиданд моддаи 6-уми Сарқонунро, ки яккаҳукмронии ҲКИШ-ро эълон мекард бекор намоянд, аммо ин кор ба онҳо муяссар нагардид. Бо вуҷуди ин, тирамоҳи соли 1989 ақидаи бисёрҳизбӣ тарафдорони зиёде дар кишвар пайдо кард ва дар оғози соли 1990 ин ақида оммаи мардумро фаро гирифт. Горбачев дигар алайҳи ин раванд муқобила кардан наметавонист ва билохира Анҷумани ғайринавбатии саввуми вакилони мардумӣ, ки моҳи марти соли 1990 доир гардид, моддаи 6-уми Сарқонунро бекор кард. Акнун бисёрҳизбӣ дар СССР қонунӣ карда шуд. Анҷуман инчунин мансаби президенти СССР-ро таъсис дод ва президент сарвари давлат гардида салоҳиятҳои фаровонро касб мекард. Акнун “бозсозӣ” ба марҳилаи нави худ қадам гузошт. Дар асл аз ин ба баъд, он дигар “бозсозӣ” ҳам набуд. Мақсад, ҳадаф ва васоилу усулҳои он тағйир ёфтанд. Интизориҳо низ аз бозсозӣ дигар шуданд. Акнун сухан на дар мавриди комил кардани сотсиализм ва ба он додани “нафаси дуввум”, балки дар бораи пурра бекор намудани ин систем мерафт.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30