Тибқи ин фармон Анҷумани вакилони мардумӣ ва Шӯрои Олии Россия мебоист фаъолияти худро қатъ мекарданд, Елтсин Парлумон ва Шӯрои Олиро ба он муттаҳам кард, ки онҳо ҳамеша ба кори давлат монеа эҷод карда, мехостанд ба ин васила президентро аз миён бардоранд. Аммо вакилони мардумӣ дар ин бобат назари мутафовит доштанд. Фармони №1400 тибқи моддаи 121.6 Сарқонуни Россия Президент ғайриқонунӣ буд ва Елтсин ҳаққ надошт Анҷуман ва Шӯрои Олиро пароканда кунад, зеро ин амалкардаш ба таври автоматӣ ӯро аз вазифаи президентӣ сабукдӯш мекард.
Тибқи Сарқонун қудрат дар кишвар мебоист ба дасти витсе-президент Александр Рутской мегузашт.
Борис Елтсин ҳанӯз аз моҳи августи соли 1993 "тирамоҳи гарм"-ро дар назар гирифта буд. Елтсин он шабу рӯз зуд-зуд аз қисмҳои ҳарбӣ дар наздикии Маскав дидан мекарду маоши афсаронро ҳам се баробар боло бурд. Дар аввалҳои сентябр президент бо фармони худ, мошини алоқаи фаврӣ доштаи хидматии раиси Суди конститутсионии Россия Валерий Зоркинро аз ӯ гирифт ва бинои Суди конститутсионӣ ҳам аз муҳофизон поксозӣ гардид.
Дар ҳамон ҳангом қасри Калони Кремлӣ низ, ки бинои кории вакилони мардумӣ ба шумор мерафт бо баҳонаи таъмир баста шуда, вакилони мардумӣ маҷбур гардиданд ба "Қасри сафед" бикӯчанд. 23 сентябр навбати "Қасри сафед" фаро расид. Баъд аз он, ки вакилон талаби ҳукуматиҳоро рад карда, биноро тарк накарданд, ҳукумат гармӣ, об, барқ ва телефонро дар бино қатъ кард. Нерӯҳои давлатӣ Қасри сафедро ба муҳосираи пурра гирифтанд ва ҳаводис лаҳза ба лаҳза бесуботтар мегашт.
Дидор бо Грачев
Муваррихин нақл мекунанд, ки чанд рӯз қабл аз ин ҳаводис Борис Елтсин дар бустонсарои ҳукуматӣ дар Завидово бо вазири мудофиа Павел Грачев ва директори Хадамоти бехатарии кишвар Михаил Барсуков дидор намуда, нигаронии худро аз вазъияти ба амал омада бо онҳо матраҳ кард. Дар ин дидор Грачев иброз намуд " Миша, на тарс, Ман бо десантчиёнам корро тамом мекунам". Даргирии қарибулвуқӯъро патриархи Россия Алексии дуввум хост пешгирӣ кунад. Алексий тавонист 1 октябр тарафҳои муқобилро гирди ҳам ҷамъ оварда, тарафҳо Протоколи оташбасро ба имзо расониданд. Тибқи он Елтсин бояд нерӯҳояшро аз Қасри сафед дур мебурду мудофиёни Қаср ҳам силоҳҳояшонро месупориданд. Аммо ситоди мудофиаи Қасри сафед ин Протоколро напазируфт ва қарор дод, истодагариро идома диҳад.
3 октябр дар Маскав бетартибиҳои оммавӣ оғоз гардиданд. Тарафдорони парлумон хатти муҳосираи Қасри сафедро рахна карда, дастаи генерал Алберт Макашов бошад шаҳрдории Маскавро тассаруф намуд. Дар сар то сари шаҳр тазоҳуроти тарафдорони Шӯрои Олӣ доир гардид ва вақте тазоҳуротчиён ба наздикии маркази телевизионии “Останкино” наздик шуданд, ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷаи 46 нафар кушта шуданд. Баъди хунрезӣ дар назди манораи телевизионии “Останкино” Елтсин Грачевро розӣ кард ва субҳи 4-уми октябр нерӯҳои ҳукуматӣ бинои Қасри сафедро тасхир намуда, Парлумони Россия пароканда карда шуд. Баъди ишғоли Қасри сафед Хасбулатов ва Рутской ба ҳабс гирифта шуда, дар СИЗО-и "Лефортово" зиндонӣ гардиданд, аммо моҳи феврали соли 1994 Думаи давлатии навтаъсиси Русия ин ду нафарро афв кард.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30