Баъди ба итмом расидани ҷанг Блейк ба Ҳолланд ба шӯъбаи дар Гаага будаи СИС фиристода шуд ва пасон ӯро барои фаъолияти оянда, ба Ҳамбурги Олмон гузарониданд.
Блейк ва Русия
Он ҳангом дар зинаҳои болоии хадамоти ҷосусӣ (СИС) дарк карданд, ки аз ин ба баъд Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои сотсиалистии Аврупо рақибӣ асосиашон мебошанд ва системи кории СИС низ баъди ин тағйир кард. Ташаннуҷ миёни иттифоқчиёни собиқ, боло рафту тарафҳо ба ҷанги сард оғоз намуданд. Соли 1947 ба Блейк пешниҳод карданд ба таври доимӣ ба СИС бипайвандад. Ҷорҷ ният дошт баъди итмоми хизмати ҳарбӣ ба коллеҷи иллоҳиётӣ дохил шавад ва касби рӯҳониро ихтиёр кунад. Аммо баъди ин пешниҳод аз нияташ даст кашид ва ба хадамоти ҷосусӣ (СИС) ба таври доимӣ шомил шуд. Тағйир дар сиёсати кории СИС барои Блейк ҳам бе тағйир намонд ва ӯро баъди чанде барои омӯзиши забони русӣ ба донишгоҳи Кембриҷ равона карданд. Дар Кембриҷ Блейк дар факултаи славянӣ таҳсил мекард ва ин сабаб шуд бо чанд тан донишҷӯёни русу адабиёти русӣ аз наздик ошно гардад. Ин ошноӣ сабаб шуд, андешаҳои Блейк дар бобати Руссия иваз шаванд ва ӯ тамоюли бештаре ба фарҳангӣ русӣ зоҳир намояд. Баъди як сол Ҷорҷ бо забони русӣ то андозае мусаллат гардид ва соли 1948 ӯро барои адои хизмати оянда, ба Кореяи Ҷанубӣ фиристоданд.
Асорат
Кореяи Ҷанубӣ ба шаҳодати худи Ҷорҷ Блейк дар ҳаёти ояндаи ӯ нақши калидӣ дошт. Блейк дар Сеул (пойтахти Кореяи Ҷанубӣ) шабакаи ҷосусии СИС-ро роҳбарӣ мекард. Ин шабака таҳти ҳимояи консулгарии Британия амал карда, мақсади асосиаш гузаронидани амалиётӣ ҷосусӣ алайҳи Шарқи Дурӣ СССР ба шумор мерафт. Соли 1950 миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ ҷангӣ шадиде аланга гирифту артиши коммунистии Шимол баъди муддате Сеулро фатҳ кард ва кормандони консулгарии дипломатии Британия, аз ҷумла Блейк ба ҳабс гирифта шуданд.
Асорат Блейкро водор кард дар андешаҳояш таҷдиди назар кунад. Ӯ ба хуби дарк мекард, ки ҷанги сард миёни Шарқу Ғарб метавонад ба ҷанги гарм мубаддал шавад ва пешгирии ин ҳолатро вазифаи инсонии худаш меҳисобид. Аввалин ошноии Блейк низ бо андешаҳои Маркс, ҳангоми асораташ иттифоқ афтод.
Блейк дар ин муддат Капитали Марксро қариб азёд мекунад ва қарор медиҳад ба хизмати лагери коммунистӣ дарояд. Ӯ пинҳони ба сафорати СССР дар Кореяи Шимолӣ алоқа барқарор карда, ба шӯравӣ пешниҳодӣ ҳамкорӣ медиҳад. Бо Блейк корманди ҷавони КГБ Николай Лоенко вомехӯрад ва баъди сӯҳбати тӯлонӣ дар КГБ пешниҳоди Ҷорҷро мепазиранд.
Соли 1953 Ҷорҷ Блейк дар қатори дигар кормандони консулгарӣ аз асорат раҳо шуда, ба Британия баргашт. Баъди бозҷӯии кӯтоҳи кормандои СИС, Блейк барои фаъолияти оянда ба шӯъбаи "У"-и СИС ба ҳайси ҷонишини сардори шӯъба фиристода шуд. Ин шӯъба ба ворид кардани таҷҳизоти ҷосусӣ барои нусхабардории иттилоот дар намояндагиҳои СССР дар кишварҳои иттифоқчиаш ва дар манзилҳои кормандони ин муассисаҳо машғул буд. Баъзе аз амалиётҳои шӯъба дар якҷоягӣ бо СРУ-хадамоти ҷосусии ИМА пиёда мешуданд ва Ҷорҷ аз ҳамаи онҳо огоҳ буд. Баъди чанде намояндагони КГБ дар Британия бо Блейк алоқа барқарор карда, ҳамкории Ҷорҷ бо КГБ оғоз гардид.
Блейк ва амалиёти "Тилло"
Моҳи декабри соли 1953 дар Лондон машварати махфии намояндагони СРУ ва СИС баргузор гардид. Блейк низ дар ин машварат ҳузур дошт. Дар натиҷаи ин дидор СРУ ва СИС қарор доданд бо кандани нақб, таҷҳизоти ҷосусиии гушкунандаро ба шабакаҳои Олмони демократӣ ва нерӯҳои шӯравии мустақар дар ин кишвар пайваст кунанд. Амалиёт "Тилло" номгузорӣ гардид. Маблағгузории онро СРУ ба зимма гирифт ва расонидани таҷҳизоти гаронқимматро бошад тарафи англисӣ ба ӯҳдаи худ гузошт. Нақб дар ноҳияи Алтглиники Берлин дар сарҳади бахши амкрикоии шаҳр, ба масофаи 500 метр канда шуд ва кормандони СИС таҷҳизоти заруриро ба симҳои телефонии Олмони Демократӣ пайваст намуданд.
Нақби мазкур зиёда аз 2 сол фаъолият кард ва дар СРУ ва СИС гумон мекарданд амалиёташон хеле муваффақ идома дорад. Аммо 22 апрели соли 1956 алоқачиёни шӯравӣ "таъмири фаврии" сими телефониро, ки алоқаи миёни Берлини Шарқӣ ва Маскавро таъмин мекард, анҷом дода, ба нақби зерзаминие расиданд, ки ҷониби бахши амрикоӣ мерафт. Тарафи шӯравӣ якбора нақбро хароб накард ва рӯзи дигар, нишасти матбуоти доир намуда, эътирози шадиди худро ба ИМА ва Британиё иброз намуд. Хабарнигорон ба нақб даъват шуданд, то бо чашми сар хиёнати ИМА ва Британияро бубинанд. Баъди ошкор гардидани нақб, ки дигар рад кардан маъное надошт кормандони СРУ иброз доштанд, ки амалиёти "Тилло" яке аз муваффақтарин амалиётҳои хадамот дар солҳои охир будааст. Он замон, на дар Вашингтон ва дар Лондон намедонистанд, ки иқдоми онҳо, ҳанӯз пеш аз оғоз гардиданаш ноком буд ва Маскав аз амалиёт ҳангоми сохтани лоиҳаи он огоҳ гардида буд. Кашфи нақб ҳам чунон вонамуд карда шуд, ки ҷосусони СИС инро амали тасодуфӣ пиндоранд. Ҳамин тариқ бо кумаки Блейк КГБ зиёда аз 2 сол СРУ ва СИС-ро бозӣ доронд ва иттилоотӣ барояш заруриро ба онҳо медод. Ва танҳо соли 1961 баъди ба Ғарб фирор кардани ҷосуси поляк М. Голеневский дар СРУ ва СИС аз мавҷудияти ҷосус дар хадамоташон огоҳ гардиданд.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30