ХАБАРИ ДОҒ

Конфронси Ялта ё фотиҳаи Олмон

  • Чоршанбе, Нояб 04 2020

Аз 4 ум то 11 октябри соли 1945 дар шаҳри Ялтаи Қрим, конфронси сарони кишварҳои итифоқчӣ СССР, ИМА ва Анлия баргузор гардид. Сталин, Рузвелт ва Черчил бори дигар гирди як миз ҷамъ шуданд, то қисмати ҷаҳони баъди ҷангиро мавриди муҳокима қарор диҳанд.

Заминаҳои дидор

Дар оғози соли 1945 Ҷангии ҷаҳонии дуввум вориди марҳилаи ниҳоии худ гардид.  Олмон қариб аз тамоми иттифоқчиёни худ маҳрум шуда буд ва дар Аврупои Ғарбӣ фронти дуввум амал мекард. Артиши шӯрави ҳам ба наздикиҳои Берлин расида буд. Бо ин вазъ, тақсими доираи нуфуз дар Аврупо барои кишварҳои иттифоқчӣ аҳамияти вежа пайдо кард. Дар ҳамин росто, се роҳбари ҷаҳонӣ Иосиф Сталин, Уинстон Черчил ва Франклин Рузвелт ба тавофуқ расиданд, ки дар Ялтаи Қрим бо ҳам дидор намоянд. Нерӯҳои ҳарбии иттифоқчиён аз шарқу ғарб ба ҳам наздик мешуданд ва ин низ метавонист мушкилотеро миёни онҳо эҷод кунад. Инчунин мебоист шарту шурути таслими бечунучарои Олмон муҳокима мегардид. Ба ҳамин хотир дар конфронси Ялта, дар қатори сарони кишварҳои иттифоқчӣ ва вузарои корҳои хориҷӣ, инчунин ҳарбиёни баландмақом, мушовирон ва коршиносони ин кишварҳо низ ширкат варзиданд. Барои мисол ҳайъати СССР ро дар қатори вазири корҳои хориҷӣ В. Молотов, ҳарбиён Н.Кузнетсов, А. Антонов ва С. Худяков, сафирони СССР дар ИМА ва Англия, А. Громико ва Ф. Гусев ва инчунин тарҷумони шахсии Сталин В.Н. Павлов намояндагӣ мекарданд. 

 Насли аргонавтҳо

30 январи соли 1945 қабл аз вохӯрии Ялта, Рузвелт ва Чечил дар ҷазираи Малта бо ҳам дидор намуданд.Роҳбарони Англия ва ИМА мехостанд нақшаи амалиёти стратегии кишварҳояшонро дар Аврупои Ғарбӣ муҳокима кунанд. Дар ин дидор, ду роҳбар таъкид карданд, ки пешравии аз ҳад зиёди Артиши шӯравӣ ба Аврупои Марказӣ ба нафъи Англия ва ИМА нест ва бояд амалкарди ояндаро бо Сталин дар миён гузоранд. Рузвелт ва Черчил ба Сталин пешниҳод карданд, дидори ояндаро дар Шотландия - минтақаи бетараф баргузор намоянд. Аммо Сталин бо шӯхи ҷавоб дод, ки туманро дӯст намедорад ва намехоҳад масоили муҳимро дар кишваре, ки мардонаш юбка мепӯшанд ҳаллу фасл кунад. Аммо дар асл Сталин мехост ба Черчилу Рузвелт бифаҳмонад, ки шароити дидорро ӯ муаян хоҳад кард. Маҳз Артиши ӯ дар дарвозаҳои Берлин қарор дошт. Сталин инчунин пешниҳоди дидор дар Малта,Рим, Байтулмуқаддас, Искандария ва Афинаро низ рад кард. Билохира қарор дода шуд, дидор дар шаҳри Ялтаи Қрим баргузор гардад.                                                                                                                             

Ҳангоми омодасозии конфронс, Черчил барои ин рӯйдоди муҳим номи рамзӣ ихтироъ кард ва  конфронсро "Аргонавт" номгузорӣ карданд. Черчил ба Рузвелт мактубе ирсол кард ва дар он навишта буд: "Мо насли бевоситаи аргонавтҳо ҳастем, ки тибқи асотири юнонӣ ба Баҳри сиёҳ барои ба даст овардани пусти тиллоӣ омада буданд". Ин истиораи зебо ба Сталин ҳам писанд омад ва пешниҳоди Черчил якдилона қабул карда шуд.   

 Гови муқаддас

Корҳои омодасозии конфронс ду моҳ тӯл кашид.

Садҳо коргар таҳти назорати кормандони НКВД ва НКГБ, қасрҳои вайроншуда ва тороҷгардидаи Қримро барқарор намуданд. Бо ин кор, Сталин мехост ба иттифоқчиён имконоти СССР ро, бобати барқарорсозии харобиҳои баъдиҷангӣ намоиш диҳад. Аз Маскав ба Қрим бо қатораҳо ҷиҳоз, қолинҳо, матоъҳои деворӣ, зарфҳои гаронқимати хӯрокхурӣ ва ғ., оварда шуданд. Ба қасри Ливадий, ки макони асосии гуфтушунидҳо интихоб гардида буд, 2500 коргар ирсол карда шуд. Тамоми аҳолии маҳаллӣ дар ҳудуди 30 км кӯчонида шуд ва аз ин минтақа тамоми асирони немисро низ берун карданд. Инчунин роҳҳои вурудӣ ба Ялта барқарор карда шуданд. Дар соҳили ҷанубии Баҳри сиёҳ ҳалқаи муҳофизатии сегона аз киштиҳои ҳарбӣ ва 300 тайёра мустақар карда шуд. Маҳалли баргузории конфронс, шабонарӯзӣ бо ҳалқаи дугонаи муҳофизатӣ назораӣ мешуд ва шабона ба он, ҳалқаи саввум изофа мегардид. Умуман, барои баргузории конфронс тамоми ҷузъиёт ба инобат гирифта шуда буд. Ҳатто макони будубошӣ Рузвелт бо ранги дӯстдоштааш осмонии кабуд оро дода шуд. Ногуфта намонад, ки Черчил чандон моили рафтан ба Қрим набуд. Ӯ гумон мекард, ки онҷо харобазор аст ва вабо ҳукмронӣ дорад. Аммо дар рӯзи аввали омаданаш аз тозагӣ, зебогии табиат ва меҳмоннавозии русӣ ҳайратзада гардид. Сарвазири Англия, таасуроти худро баъдан дар ёддоштҳояш қайд карда буд.                                                                                                                                     

 Барои омадани Рузвелт ба Қрим, амрикоиҳо тайёраи махсуси ҷаҳор муҳаррикаи "Дуглас  Skymaster VC- 54C  ро омода карданд, ки "Гови муқаддас" номгузорӣ гардид. Ин тайра бо ҷои хоб, лифт барои фуровардан ва баровардани аробачаи маъюбии президент, радиотелефон барои алоқа бо сарнишинони тайёра  муҷаҳҳаз гардида буд. Рузвелтро дар ин сафар, духтараш Анна Беттигер ҳамроҳӣ мекард. Черчил низ бо ҳамроҳии духтараш Сара бо ҳамингуна тайёра, танҳо бо нишонаҳои кишвари худаш ба Қрим омад. Сталин бошад бо қатора роҳии Қрим гардид ва бо вуҷуди ин, аввалиншуда ба Ялта омад. Аммо бо далоили тактикӣ, худаш барои истиқбли Рузвелт ва Черчил ба майдони ҳавоӣ нарафт ва ин корро ба Молотов вогузор намуд. Рузвелт аз ин кори Сталин изҳори норизоятӣ кард ва рӯи рӯст ба Сталин эрод гирифт. Сталин бошад боз шӯхиомез посух дод, ки иттифоқчиён низ дар ифтитоҳи фронти дуввум дар Аврупо чандон шитоб накарданд ва ӯ низ ҳақ дорад шитоб накунад. Барои тақвияти суханони худ, роҳбари СССР ба аввалин дидори расмӣ низ дидаву дониста дертар омад. Нишастҳои конфронси Ялта  дар фазои ором баргузор шуданд, гарчи ҳар кадом аз тараҷфҳо, ҳадафҳои худро дунбол мекарданд. Барои Рузвелт, таъсиси СММ ҳамчун як ниҳоди байналмилалӣ барои пешгирии ҷанги нави ҷаҳонӣ аҳамияти вежа дошт. Аммо пеш аз ҳама, президенти ИМА мехост итминон пайдо кунад, ки Сталин ба ваъдаааш бобати кумак ба ИМА дар ҷанг бо Япония содиқ мемонад ё не. Тибқи назари таҳлилгарони амрикоӣ, бе кумаки СССР ҷанги ИМА бо Япония метавонист 2 сол тӯл кашад ва ҷони 200 ҳазор сарбози амроикоиро бигирад. Рузвелт ният дошт, аз ҳисоби артиши шӯравӣ талафоти худро камтар кунад.  

Фотиҳаи Олмон

Ғолибони ҷанг ин бор қарор доданд барои ҳамеша фикри ҳукумати ҷаҳониро аз майнаи немис дур кунанд. Дар конфронси Ялта ба таъбире "фотиҳаи" Олмон хонда шуд. Иттифоқчиён қарор доданд ҳам ниҳодҳои давлатии гитлерӣ ва ҳам сохти давлатии ҷумҳурии Веймериро аз миён бардорад. Сталин, Черчил ва Рузвелт ба хулосае омаданад, ки Олмонро ба қисматҳои ҷудогона тақсимбандӣ намоянд ва ҳар кадом аз ин кишварҳо мебоист ҳудуди муаяни онро ишғол ва идора мекард. Фаронса низ ба ин идоракунӣ ҷалб карда шуд ва қисмате аз Олмонро соҳиб гардид. Пойтахти кишвар Берлин ба 4 қисм тақсим карда шуд ва ҳар кишваре қисмате аз онро соҳиб гардид. Қисмате аз ҳудуди шарқии Олмон ба Полша ва СССР ҳамроҳ карда шуд ва немисҳо бори дуввум ба пардохти репаратсияҳо муввазаф гардиданд. Сталин пешниҳод намуд маблағи умумии репаратсияҳоро барои немисҳо 20 млрд доллар муқаррар кунанд ва аз ин маблағ 10 млрд доллар бояд ба Иттиҳоди Шӯравӣ, чун кишвари дар шикасти Олмон аз ҳама саҳмгузор ва аз истилои олмонӣ бештар зарардида, пардохт гардад. Тибқи стенограммаи конфронс Рузвелт ва Черчил бо каме таъғиротҳои ҷузъӣ бо пешниҳоди рощбари СССР розӣ шуданд.Бояд қайд кард, ки 10 млрд доллар (он шабу рӯз ин маблағ баробар ба 10 тонна тилло буд) танҳо 8% и хароҷоти зарарҳои бевоситаи СССР ро ташкил медод. Ҳаҷм умумии зарари дидаи СССР дар натиҷаи ҷанг бошад 2 569 млрд рублро ташкил медод, ки ин маблағ 2,8% зарари дидаи СССР ро мепӯшониду халос.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter