Ғуруби “писари Офтоб”
25 декабри соли 1989 дар Руминия, роҳбари ин кишвар Николай Чаушеску, бо иттиҳоми генотсиди халқи румин, аз байн бурдани моликияти давлатӣ, ташкили амалиёти ҳарбӣ алайҳи мардум ва берун бурдани 1 млрд доллар ба хориҷ аз кишвар айбор ва ҳамагӣ чанд соат баъд аз дастгирӣ, бо ҳамроҳи ҳамсараш парронда шуд. Дар Руминияи шӯравӣ, Чаушескуро "бӯсаи нарми замини ватан", "оташи зинда", "Княз Гратсий", "писари Офтоб" ва ҳатто "худои ҷаҳонии мо" тавсиф мекарданд. Аммо дар Ғарб, Чаушескуро диктатори тамомайёри Руминия меноманд. Николай Чаушеску соли 1965 дар раисии Ҳизби Коргарии Руминия қарор гирифт ва қудрати сиёсиро дар ин кишвар соҳиб шуд. Бо вуҷуди ин, Чаушеску аз соири роҳбарони коммунисти Аврупо тафовути зиёд дошт. Руминия, баъди ҷанги ҷаҳонии аввал ва инқилоби болшевикӣ дар Россия ба ҷое расид, ки қудратро дар ин кишвар гурӯҳҳои ҷиноӣ ба даст гирифтанд ва Чаушескуи ҷавон низ мекӯшид аз қофила ақиб намонад. Ситораи ӯ соли 1938 дурахшид. Он шабу рӯз ин ҷавони руминиро, ки муваффақ гардид, тиллоро ба дохили зиндон интиқол дода, яке аз ҷосусони муҳими СССР озод гардад, дар Маскав диданд. Баъди ин, Чаушеску чандин маротиба ба ҳабс гирифта шуд ва тамоми ҷангро дар яке аз лагерҳои контсетратсионӣ сипарӣ кард. Дар ин ҷо буд, ки “писари Офтоб” бо тамоми роҳбарияти Ҳизби коргарии Руминия ошно гардида, баъди чанде ба раисии роҳбарии ин ҳизб расид.
“Маликаи кор”
Дар зиндагии Чаушеску, занаш Елена нақши бисёр калидӣ дошт. Соли 1945 Еленаи ҷавонро дар яке аз идҳои ҳизбӣ, “маликаи кор” интихоб карданд ва Чаушску бо ӯ ошно гардид. Елена 2 сол аз Чаушеску бузургтар буду муддати тӯлонӣ ба сиёсатдории шавҳараш дахолат намекард. Аммо баъди ҳаводиси Чехословакия дар соли 1968 ва боло рафтани нақши Чаушеску дар Руминия, Елена худро ҳамчун бонуи аввали Руминия муаррифӣ намуд. Соли 1969 Чаушеску бо Елена бо сафари расмӣ ба Белград ташриф бурданд ва Николай бори аввал бо Иосиф Броз Тито дидор кард. Баъди ин дидор, Тито барои Чаушеску як олиҳа гардид ва ӯ мекушид дар ҳама чиз шабеҳи ӯ бошад. Соли 1971 Чаушеску ва Елена аз як қатор кишварҳои Осиёи дидан намуданд ва модели коммунистии Чин ба Николай сахт писанд омад. Ӯ боварӣ ҳосил кард, ки коммунизм ва давлати истибдодӣ метавонанд дар як радиф қарор гиранд. Мегӯянд баъди бозгашт, ӯ коммунистони руминро ҷамъ карду гуфт: “Мо бояд тартиботро дар ин кишвари фарсудаи лотиниамон ҷорӣ кунем".
Аввалин президенти сурх
Соли 1974 Николай Чаушеску худро Президенти Руминия эълон намуд ва ҳамин тариқ Руминия аввалин шуда, миёни кишварҳои шӯравӣ мансаби президентиро дар қаламраваш ҷорӣ кард. Ӯ якумин президент миёни роҳбарони кишварҳои шӯравӣ гардид. Президент Чаушеску, вазифаҳои роҳбари Ҳукумат, Сарфармондеҳи Олӣ, Раиси Шӯрои Мудофиа, Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Котиби генералии Ҳизбро дар як нафар муттаҳид кард. Дар Маскав ин иқдоми Чаушескоро хуш напазируфтанд, аммо чун Руминия ҳеҷ иқдоми зиддишӯравӣ намоиш намедод ба таъбире "фурӯ" бурданд. Аммо баъди чанде, тамоми кишварҳои Ғарбӣ ба Руминия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва Чаушеску пули ғарбиҳоро ба кишвар сарозер кард. Дар даҳаи 80-ум, ғарбиҳо бо долларҳояшон истиқлолияти иқтисодии Руминияро таъмин мекарданд ва истиқлолияти сиёсиро бошад, худи Чаушеску дар минбарҳои созмонҳои бузург ба даст меовард
Миёнаҳои солҳои 80-ум қарзи берунаи Руминия ба 12 млрд доллар расида буд. Бо вуҷуди ин, Руминия аз нигоҳи иқтисодӣ кишвари хеле пешрафта буду қарзҳои дарозмуддат, иқтисоди онро сари об нигаҳ медоштанд. Дар тарафи дигари тарозу Маскав қарор дошт ва ҳамеша ба Чаушеску гӯшзад мекард, ки шумо худатонро ба капиталистон фурӯхтеду аз онҳо пул мегиред. Мегӯянд ҳангоми дидори Чаушеску бо Брежнев, баъди эроди сарвари СССР ба Чаушеску хитоб мекунад: "Агар мо бихоҳем дар як рӯз ин қарзҳоро бар мегардонем". Баъди бозгашт, Николай қарор дод барои ҳамеша истиқлол ва соҳибихтиёрии кишварашро собит кунад. Ӯ дар Бухарест эълон кард, ки тасмим гирифтааст, ҳамаи қарзҳои берунии Руминияро баргардонад. Ва Руминия ба пардохти қарзҳояш оғоз кард.
Вазъияти иқтисоди дар кишвар рӯз ба рӯз бад мешуд. Вазъият ба ҳадде муташанниҷ гардид, ки ҳукумат дар хонаҳо истифодаи танҳо як лампи барқии 15 Вт- аро, он ҳам дар шаб иҷозат медод. Истифодаи яхдонҳо дар зимистон қатъиян манъ буд ва телевизион танҳо 2 соат дар рӯз барнома пахш мекард. Истифодаи газ барои гарм кардани хонаҳо мамнуъ гардиду аз оби гарм аслан хабаре набуд. Дар баробари ин, ҳар тахаллуф аз ин қоида, аз ҷониби давлат сахт муҷозот мешуд. Дар Бухарест, пойтахти Руминия деҳқонони бенаво пайдо шуданд.Тамоми маҳсулоти дохилии кишвар барои пардохти қарзҳои беруна равона гардида, одамон маҳсулоти ниёзи аввалияи худро бо машаққати зиёд дастрас мекарданд. Он шабу рӯз, ҳар нафари чорум дар Руминия, хабаррасони хадамоти амниятии кишвар "Секуретанте" ба шумор мерафт. Теъдоди боқимондаи мардум бошад, ба гурӯҳи "ғайри қобили эътимод" дохил мешуд. Норозигии мардум рӯз ба рӯз боло мегирифт. Бо вуҷуди ин, моҳи декабри соли 1989 Руминия қарзи берунии худро комилан пардохт кард. Ва ин яке аз мавориди истисноӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Қурбонии коммунистӣ
Моҳи декабри соли 1989, маҳз ҳамон шабу рӯзе, ки Чаушеску қарзашро пардохт кард, ғарбиҳо қарор доданд, дар роҳбарияти Аврупои коммунистӣ тағйироти куллӣ эҷод намоянд. Бо ин мақсад, роҳбарони ИМА ва СССР моҳи марти соли 1989 дар ҷазираи Малта бо ҳам дидор карданд. Дидор комилан махфӣ буд ва тарафҳо ҳатто як санади расмӣ ҳам ба имзо нарасониданд. Руминия дигар аз касе қарздор набуд ва бонкҳои ғарбӣ тамоми пули ин кишварро кашида гирифтанд. Руминияи бе пул, дигар барои касе лозим набуд. Ҷорҷ Буш ва Михаил Горбачев қарор доданд, ҳукуматро дар Руминия иваз кунанд. Баъди нишасти Малта,Чаушеску бо Горбачев дидор намуд, аммо Михаил Сергеевич раъйашро дигар накард. Билохира 16 декабри соли 1989 дар шаҳри Тимишуар мардум ба майдонҳо рехтанд ва "инқилоби румин" оғоз гардид.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30