ХАБАРИ ДОҒ

Герби Тоҷикистон: Аз досу Болға то Тоҷ

  • Чоршанбе, Дек 16 2020

 

Мероси кишварҳо

   Пайдоиши эмблема (орм) –ҳо, тасвири шартии рамзӣ аз ҳар гуна мафҳумҳо ва ғояҳо ба замонҳои хеле қадим бармегардад. Бори аввал шаҳр-давлатҳои Юнони қадим барои тасвири худ аз ин орм ё намодҳо истифода намудаанд. Барои мисол намоди Афина Бум, намоди Коринф Аспи қанотдор (пегас) ба шумор мерафтанд. Дар асрҳои миёна, ин тасвир ба Аврупои ғарбӣ интиқол ёфта, маҳз дар Аврупои ғарбӣ бори аввал гербҳо мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтанд. Сарбозони ашрофзодаи аврупоӣ, дар сипарҳояшон тасвире мекашиданд ва ба ин васила, кӣ ва аз кадом табор будани сипардор муайян мегардид. Ҳамин тасвирҳоро герб номиданд. Герб калимаи поляки-немисӣ буда, маънояш мерос мебошад. Оҳиста-оҳиста давлатҳо низ аз ин тасвирҳо истифода мекардагӣ шуданд ва имрӯз ҳар кишваре барои худаш герби хосе дорад. Барои мисол таърихи герби Русия ба қарни ХV, замони ҳукмронии Ивани III бармегардад. Маҳз Ивани III бори аввал дар муҳри худ тасвири уқоби дусараро мавриди истифода қарор дод ва ҳамин уқоб элементи асосии герби имрӯзаи Русия гардид.

Аз досу болға то шер

   Баъди таъсиси РАСС-Ҷумҳурии мухтори шӯравии Тоҷикистон зарурати қабули парчаму герби он низ ба миён омад. Герби Тоҷикистони мухтор соли 1924 қабул гардид. Ин герб аз тасвири досу болғаи тиллоӣ, ки салибшакл рӯи ҳам ниҳода шуда буданд, иборат меёфт. Аз поён хуршед ба ин досу болға нурафшонӣ мекард. Гербро гулчанбаре, ки аз рост бо хӯшаи гандум ва аз чап бо шохаи пахта оро дода шуда буд, иҳота мекард. Зери он бо забони русӣ “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” навишта шуда, аз боло бошад ҳамин шиор бо ҳуруфи форсӣ, аммо бо забони ӯзбекӣ сабт гардида буд. 23 феврали соли 1929 бо қарори Раёсати КИМ Ҷумҳурии шӯравии мухтори Тоҷикистон герби нав расман тасдиқ гардид.                  Аммо моҳи апрели соли 1929 герб каме тағйир дода шуда, дар миёнаи он ситораи панҷкунҷа тасвир гардида, гулчанбари гандуму пахта ин ситораро иҳота мекард. Досу болғаву хуршед, ки кӯҳҳои барфпӯш ҳам ба он ҳамроҳ гардида буданд, дар миёни он ҷой дода шуданд. Забони навиштаҷот низ тағйир ва ин бор ба тоҷикӣ оварда шуда буд. 

   Баъди чанде Тоҷикистон мақоми Ҷумҳурии Шӯравиро гирифт ва дар солҳои аввал ҳамин герб бе тағйир монд. Аммо соли 1931 герби Тоҷикистон бори дигар тағйир дода шуд. Ин тағйирот дар Сарқонуни нави Тоҷикистон, ки 24 феврали соли 1931 дар Анҷумани 4-уми Шӯроҳои РСС Тоҷикистон қабул гардид, расман сабт ёфтанд. Акнун герб аз тасвири ситораи панҷкунҷа иборат меёфт ва досу болға, хуршед ва кӯҳҳо ба қисмати болоии он кӯчонида шуданд. Дар қисмати поёнии герби нав бошад, расми корхона, пули роҳи оҳан, рамаи гӯсфандон, трактор ва қатора тасвир гардида буданд. Ситораро аз рост хӯшаҳои гандум, аз чап шохаи ниҳоли пахта ва аз поин ниҳоли ангур иҳота мекарданд. Ин гулчанбар бо тасмае печонида шуда, дар он шиори “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” дарҷ гардида буд. Дар қисмати поинии доира бошад, навиштаҷоти “Ҷумҳурии сотсиалистии шӯравии Тоҷикистон” бо ҳуруфи форсӣ, лотинӣ ва кириллӣ сабт меёфт. Баъди қабули Сарқонуни нав дар соли 1935, герб бе тағйир монд, танҳо номи кишварро кӯтоҳ “ТаджССР” карданд.                                                                                         

 Соли 1934 дар Тоҷикистон озмуни давлатӣ барои тартиб додани лоиҳаи герби нав баргузор гардид. Дар ин озмун лоиҳаи рассом Александр Яковлев ҷои аввалро ишғол намуд.

Моҳи июни соли 1935 Раёсати КИМ РСС Тоҷикистон ба А. Яковлев пешниҳод намуд, лоиҳаи худро мукаммал гардонад ва 4 июли соли 1935 лоиҳаи такмилёфтаи Яковлев аз ҷониби Раёсати КИМ Шӯроҳои РСС Тоҷикистон ба тасвиб расида, моҳи апрели соли 1936 аз ҷониби КИМ РСС Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар герби нави Яковлев аз ҷониби рост хӯшаи гандум ва ҷониби чап ниҳоли пахтаи шукуфон тасвир гардида буд. Дар боли ин гулчанбар ситораи панҷкунҷа ва дар қисмати поинии он, ҷое, ки шохаи гандум ва ниҳоли пахта бо ҳам васл мегардиданд, досу болға дар иҳотаи барги ангур тасвир ёфта, дар миёни досу болға, пиллаҳои абрешимӣ воқеъ гардида буданд. Гулчанбар бо тасмаи сурх, ки дар он “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” (аз чап бо тоҷикӣ ва аз рост бо русӣ) навишта шуда буд, печонида мешуд. Дар дохили гулчанбар тасвири трактор, ду гусфанд, заминҳои кишт, канал, бинои коргоҳ бо парчами сурх, дарахтон, қишлоқ, бурҷи нафтӣ ва кӯҳҳо тасвир гардида буданд.д.                          

Моҳи маи соли 1937 Раёсати КИМ СС Тоҷикистон бори дигар лоиҳаи тасвири гербро баррасӣ кард ва пешниҳод намуд, онро бори дигар тағйир диҳанд. Герби давлатӣ ин бор бисёр соддатар карда шуд. Акнун дар маркази герб ситораи панҷгӯшаи сурх дар нурҳои хуршед тасвир гардида буд. Досу болға бошад, дар қисмати болоии он ҷой гирифтанд. Ҳамин тасвирро гулчанбари гандуму (аз рост) пахта (аз чап) иҳота мекард. Гулчанбарро тасмаи зебо бо навиштаҷоти     (бо русӣ ва тоҷикӣ) “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” ва “РСС Тоҷикистон) печонида буд. Бори охир моҳи сентябри соли 1940 бо қарори Раёсати ШО РСС Тоҷикистон навиштаҷоти гербро аз ҳуруфи лотинӣ ба кириллӣ тағйир доданд ва герби Тоҷикистон то замони истиқлолият бе тағйир монд.                                                                                                                               

Аз шер то тоҷ

    Герби давлатии имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, тасвире аз 1 тоҷи услубӣ ва нимдоира аз 7 ситора иборат ёфтааст, ки дар он нури офтоб аз пушти кӯҳҳои барфпӯш тулӯъ мекунад ва тавассути як гулчанбар, ки аз тарафи рост бо хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап бо шохаи пахта сохта шудааст, ҳошиякашӣ гардидааст. Аз боло ин гулчанбар бо тасмаи се раха печонида, дар қисмати поёнии он бошад, китобе болои китобмонак гузошта шудааст. Аввалин герби Тоҷикистони мустақил,, 24 ноябри соли 1992 дар рафти Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ пазируфта шуд. Маҳз дар ин Иҷлосия Оинномаи Герби давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ин герб тавассути З. Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додихудоева, Н. Игнатушина ва М. Саидалиев коркард гардида, ба ҷои тоҷ дар он акси шери қанотдор тасвир гардид. Шери қанотдор дар фарҳанги ақвоми ориёӣ намоди қудрати Худо, нерӯи давлат, бузургии хуршед ва оташ ба шумор мерафт. Акси ин шери қанотдор дар як парчам, аз ҷониби бостоншиносон дар шаҳри Хабиси Эрон пайдо гардида буд. Ин акс ба ҳазосолаи 3-юми қабл аз милод мерасид ва куҳантарин парчам дар дунё ба шумор мерафт. Бо вуҷуди ин, тасвири шер дар герби нави давлатӣ, аз як тараф аз ҷониби масъулини дар менталитети коммунистӣ боқӣ монда, зери танқид қарор дода мешуд. Чун ин шер сахт ба рамзи Эрони шоҳаншоҳӣ шабоҳат дошт ва аз тарафи дигар ифротиёни исломӣ низ онро танқид мекарданд. Инҳо мегуфтанд, ки тасвири аносури зинда (инсон, ҳайвон) бо аркони ислом мувофиқат намекунад. Ҳамаи ин боис гардид, ки пас аз як сол герби давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар тағйир дода шуд. Герби нави давлатии Тоҷикистон 28 декабри соли 1993 қабул карда шуда, ба герби соли 1937-и РСС Тоҷикистон шабоҳат дошт. Акнун ба ҷои шер дар он тоҷ нигошта шуда буд. Тоҷи дар герб тасвир гардида, 3 баромадагӣ дорад, ки намоди тақсимоти идории кишвар ба се минтақа-Хатлон, Зарафшон ва Бадахшон мебошанд. Ҳафт ситора рамзи хушбахтӣ ва камол, хуршед нишонаи фарорасии ҳаёти нав ва рӯшноӣ, хӯшаи гандум намоди заминдорӣ ва боигарии кишвар ва кӯҳҳои барфпӯш бошанд, намоди кӯҳҳои Олой ва Помир ба шумор мераванд.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter