Иттиҳоди аввал
Таъсиси СССР-ро метавон ҷамъбасти натиҷаи Инқилоби бузурги рус ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1922 унвон кард. Дар натиҷаи инқилоби болшевикӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳудуди императории собиқи Россия, чанд кишвари ба зоҳир мустақили шӯравӣ таъсис ёфтанд. 1 июни соли 1919 ин кишварҳо миёни ҳам Иттиҳоде бастанд, ки дар он РСФСР нақши асосӣ ифо мекард. Кишварҳои Иттиҳод нерӯҳои мусаллаҳи воҳид доштанд ва иқтисодашон аз Маскав идора мешуд. Албатта дар ҳар вазоратхона, намояндагони кишварҳои Иттиҳод шомил буданд. Аммо ин Иттиҳод чандон мустаҳкам набуда, статуси муносибати кишварҳо ҳанӯз норавшан боқӣ монда буд. Дар Маскав дарк мекарданд, ки ин Иттиҳод бояд бозбинӣ шавад. Соли 1922 шароит фароҳам гардид ва Маскав иқдомро шурӯ кард. Иттиҳоди аввали ҷумҳуриҳои мустақили шӯравӣ аз РСФСР, РСС Украина, РСС Беларус, РСС Гурҷистон, РСС Арманистон, РСС Озарбойҷон ва Ҷумҳуриҳои халқии Бухоро, Хоразм ва Шарқидурӣ иборат ёфта буд
Конфронси Генуя
Муҳокимаи таъсиси Иттиҳоди нави ҷумҳуриҳои шӯравӣ, баъди даъвати РСФСР ба конфронси Генуя дар соли 1922 равнақи бештар касб кард. Кишварҳои аврупоӣ ҳуқуқи ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ (ғайр аз РСФСР)-ро ба расмият намешинохтанд ва РСФСР бошад онҳоро ба зоҳир мустақил меҳисобид. Дар дохили ҳизби болшевикӣ сари ин масъала баҳси доғе ба вуқӯъ пайваст. Барои мисол, котиби генералии КМ Иосиф Сталин бар ин ақида буд, ки дар ин давра кофист вазоратҳои хориҷии ҷумҳуриҳоро эълон кунанд, ки РСФСР метавонад дар ин конфронс аз ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ намояндагӣ кунад ва баъдан масъаларо ҷиддитар ҳаллу фасл намоянд. Сталин аз ақидаи “мухторикунонӣ” тарафдорӣ мекард, аммо намояндаи РСС Украина Х.Раковский ва дигарон, аз мустақилияти ҷумҳуриҳо дифо мекарданд. Билохира дар конфронси Генуя РСФСР ва намояндагони РСС Украина ширкат варзиданд. Дар ин конфронс, болшевикон гапашонро ба абарқудратҳои он замон гузаронданд ва заминаи таъсиси як Иттиҳоди давлатӣ дар ҳудуди собиқ императории Россия ниҳоӣ ёфт.
“Сотсиал-мустақилҳо”
Нуқтаи назари Сталин як навъ созиш буд миёни тарафдорони таъсиси як давлати унитарии шӯравии воҳид ва як конфедератсияи воқеии ҷумҳуриҳои шӯравӣ. Аммо моҳи сентябр, лоиҳаи Сталин аз ҷониби роҳбари ВКП(б) В.Ленин мавриди танқид қарор дода шуд. Ленин аз федерализатсия ҷонибдорӣ кард. Моҳи сентябр Сталин ба доҳӣ мактубе навишт ва тарафдории мустақилиятро ба “сотсиал-мустақилҳо” ташбеҳ кард. Ба андешаи Сталин, ин афрод дахолати марказро “як фиребу риёи Маскав” муаррифӣ мекунанд. Аммо Ленин дар ҷавоб гуфт, ки рафиқ Сталин каме майл ба шитобкорӣ дорад. Яъне самти амалкарди Сталин дуруст аст, аммо ӯ таассуботи миллӣ ва чашмандозҳои инқилоби ҷаҳониро ба андозаи кофӣ дар назар намегирад. Билохира Ленин бо Сталин дидор намуда, баъди гуфтугӯ миёни онҳо, лоиҳаи Сталин тағйир ёфт. Акнун кишварҳои шӯравӣ мебоист дар якҷоягӣ бо РСФСР дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Аврупо ва Осиё муттаҳид мегаштанд.
Исёни гурҷиҳо
Аз ҳама бештар барои истиқлоли худ, болшевикони гурҷӣ талош намуданд. Барои ҳалли масоили Гурҷистон ба ин кишвар, яке аз болшевикони собиқадори гурҷӣ Серго Орджонекидзе равона карда шуд. Серго ба Тифлис омада, аз коммунистони гурҷӣ хост лоиҳаи Сталинро дастгирӣ кунанд. Аммо гурҷиҳо розӣ нашуданд ва миёни Орджонекидзе ва роҳбари коммунистони гурҷӣ Б. Мдиванӣ занозанӣ ҳам ба амал омад.
Ленин дар ин муноқиша тарафи гурҷиҳоро гирифту Орджонекидзе сарзаниш карда шуд. Бо вуҷуди ин, РСС Гурҷистон дар якҷоягӣ бо Арманистон ва Озарбойҷон дар як кишвари воҳид Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Қафқоз (ЗСФСР) муттақид карда шуданд.
Дар асл метавон гуфт, ки ҳукумат бар асоси ақидаи “мухторикунӣ” сохта шуда буд, аммо дар зоҳир бо пешниҳодоти Ленин созгорӣ мекард. 6-уми октябри соли 1922 Пленуми КМ РКП(б) лоиҳаи нави Иттиҳодро тасдиқ кард. Дар Иттиҳоди нав қудрати сиёсӣ пурра дар дасти Ҳизби болшевикӣ қарор гириф. Баъди таъсиси Иттиҳод, РКП(б) ба ВКП(б) тағйири ном кард ва барои РСФСР ҳизби ҷудогона таъсис дода нашуд. Ҳамин тариқ, ҳизбҳои миллӣ чун ташкилотҳои мухтор дар ҳайати ВКП(б) боқӣ монданд.
Ҷумҳурии Шӯравии Ҷаҳонӣ
Бо сабаби бемории Ленин ба омодасозии ҳуҷҷатҳои асосии таъсиси Иттиҳоди нав Сталин роҳбарӣ мекард. 30 декабри соли 1922 маҳз Сталин дар Анҷумани 1-уми шӯроҳои СССР баромад карда, Эъломияи таъсиси Иттиҳод ва Созишномаи миёни ҷумҳуриҳоро пешкаши вакилон намуд. Сталин дар баромадаш ба нақши вежаи Россия дар ин Иттиҳод ишора карда, гуфт: “Имрӯз рӯзи пирӯзии Россияи нав мебошад, ки парчами сурхро аз парчами ҳизбӣ ба парчами давлатӣ табдил дод ва дар гирди ин парчам миллатҳои ҷумҳуриҳои шӯравиро ҷамъ овард то онҳоро дар як кишвар, Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, намоди Ҷумҳурии Шӯравии Ҷаҳонӣ муттаҳид гардонад”. Дар Эъломияи Иттиҳод гуфта мешуд, ки “барқарорсозии хоҷагии халқ ҳангоми мавҷудияти ҷудогонаи ҷумҳуриҳо имкон надошт”. 29 декабри соли 1922 РСФСР ЗСФСР РСС Украина ва РСС Беларус зери Эъломия ва Созишномаи Иттиҳоди нав имзо гузоштанд ва 30 декабр Анҷумани Шӯроҳо Эъломияи таъсиси СССР-ро тасдиқ кард. Тибқи Созишнома мебоист Шӯрои Олии Хоҷагии Халқ ва Назорати коргарӣ-деҳқонӣ низ таъсис меёфтанд. Муаррифии ҷумҳуриҳо дар арсаи байналмиллалӣ ва муаян кардани сарҳадоти онҳо ва пазируфтани ҷумҳуриҳои нав ба ҳайати СССР ба замми Маскав гузошта шуданд.
Суқут
Таъсиси СССР як давраи бисёр муҳим дар таърихи асри ХХ ба шумор меравад. СССР давраи инқилобии Россияро, ки аз соли 1905 шурӯ шуд, натиҷабандӣ кард ва давраи таърихи кишвари наверо ифтитоҳ бахшид. Ин таърих 70 сол тӯл кашид ва СССР дар ин муддат ба як абарқудрати воқеӣ ва як қутби сиёсии ҷаҳон мубаддал гашт. Аммо билохира бо саҳлангории роҳбарони ноӯҳдабарояш моҳи декабри соли 1991 ба мавҷудияти худаш хотима дод. Декабр барои СССР як моҳи хосса гардид, ки ҳам оғоз ва ҳам анҷоми он дар ин моҳ варақ хӯрд. Анҷоми ин абарқудрат 26-и декабри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст. Маҳз дар ин руз, Шӯрои Ҷумҳуриҳои Шӯрои Олии СССР Эъломияи парокандашавии СССР-ро бо сабаби таъсиси ИДМ қабул кард ва ҳамин тариқ СССР расман мавҷудияташро қатъ кард.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30