ХАБАРИ ДОҒ

Диктаторҳо: Ким Чен Ын-Горбачеви кореягӣ

  • Чоршанбе, Янв 13 2021

 

Ким Чен Ын роҳбари олии Кореяи Шимолӣ, писари Ким Чен Ир ва набераи Ким Ир Сен соли 2011 зимоми қудратро дар ин кишвар ба даст гирифт. Баъди сари қудрат омадан, Ким Чен Ын-и ҷавон (он шабу рӯз ӯ ҳамагӣ 28 сол дошт), ки таҳсилкардаи Шветсария буд, сиёсати падару бобояшро каме тағйир дод ва ин сабаб шуд, ки бисёриҳо ӯро бо Михаил Горбачев ташбеҳ кунанд. 

Писари саввум

Ким Чен Ын писари саввуми Ким Чен Ир ва модари ӯ Ко Ён Хи зани саввуми Ким Чен Ир буд. Касе гумон намекард, ки қудрати сиёсӣ дар Кореяи Шимолӣ ба писари саввум бирасад. Бародарони Ким Чен Ын-Ким Чен Нам ва Ким Чен Чхол аз ӯ бузургтар буданду қудрат дар кишвар мебоист ба яке аз онҳо мунтақил мешуд. Худи Ким Чен Ир мехост писари калониаш Ким Чен Намро вориси худ гардонад. Ким Чен Нам баъди анҷоми таҳсил дар Маскав ва Женева ба ватан баргашт ва ӯро сардори департаменти бехатарии киберии Кореяи Шимолӣ таъин намуданд. Аммо як иттифоқ ба карераи сиёсии Ким Чен Нам нуқта гузошт. Дар аввалҳои солҳои 2000-ум, Ким Чен Намро бо шиносномаи қалбакӣ дар пойтахти Япония дастгир намуданд. Писари калонии Ким Чен Ир баҳона пеш овард, ки мехост ба тамошои Диснейленд биравад, аммо хадамоти амниятии Япония аснодеро расонаӣ кард, ки тибқи он Ким Чен Нам чандин бор пинҳонӣ барои айшу ишрат ба Япония омадааст. Миёни Пхенян ва Токио ҷанҷоли дипломатӣ бархост ва Ким Чен Ир маҷбур шуд писарашро аввал аз симмати ҷонишинӣ ва сипас аз кишвар берун кунад. 

Писари дуввуми Ким Чен Ир, Ким Чен Чхол бошад ҳамагӣ 2 сол аз бародараш бузургтар буд ва акнун маснади ҷонишинӣ мебоист байни ин ду ҳаллу фасл мегардид. Инҷо низ бахти Ким Чен Ын баландӣ кард. Дар яке аз рӯзҳо 2 бародар бо ҳам баскетболбозӣ мекарданду падарашон ин бозиро тамошо дошт. Баъди анҷоми бозӣ, Ким Чен Чхол аъзоёни дастаашро назди худ хонд ва аз ҳамаи бозингарон ташаккур кард, аммо Ким Чен Ын бошад, бозингаронашро бо ҷиддият муҳокима карда, хатогиҳои ҳар якеро гӯшзад мекард. Дар ин асно Ким Чен Ир ба сарошпази худ, ки як шаҳрванди японӣ буд муроҷиат карда мегӯяд: “нигоҳ кун, мебинӣ Ким Чен Ын ба ман шабеҳтар аст ва қудрат бояд ба ӯ мунтақил гардад”. Ҳамин ҳодиса сабаб шуд, ки роҳбари олии Кореяи Шимолӣ писари саввумашро ба ҳайси ҷонишини худ интихоб кунад.

Фалсафаи Сангун 

Ким Чен Ир моҳи декабри соли 2011 вафот кард ва рӯзномаи асосии Корея Шимолӣ “Нодон Синмун” Ким Чен Ын-ро Сарфармондеҳи олии Артиши халқии Корея эълон намуд. Артиш дар Кореяи Шимолӣ ҳанӯз аз замони поярези ин кишвар Ким Ир Сен нақшӣ асосӣ дорад. Ким Ир Сен ҳатто консептсияи фалсафиеро бо номи Сангун роҳандозӣ кард, ки тибқи он артиш аз ҳама чиз болотар меистод. Артиши Кореяи Шимолӣ 4-умин артиши бузург дар ҷаҳон ба шумор меравад ва генералҳои он, ҳамеша нақши вежа дар сиёсати ин кишвар доштанд. Маҳз ба ҳамин хотир Ким Чен Ын дар раисии он қарор гирифт. Аммо Кими ҷавон дар дохили худи Ҳизби коргарии ҶХДК рақибони сиёсии пурзӯре дошт. Дар раъси онҳо аммааш (хоҳари Ким Чен Ир) Ким Ёе Хи ва шавҳари қудратманди ӯ Чан Сон Тхек меистоданд.

Чан Сон Тхек баъди Ким Чен Ир дуввумин одам дар Кореяи Шимолӣ ба шумор мерафт ва дар оғоз ҳама гумон мекарданд, ки Кими ҷавон қудратро бо язнаи қудратмандаш тақсим мекунанд. Чан Сон Тхек дар артиши кишвар низ тарафдорони зиёд дошт ва метавонист алайҳи Ким Чен Ын иқдом кунад. Аммо Кими ҷавон ҳамаи гумонҳоро ботил кард. Дар аввалин анҷумани ҳизбӣ Чан Сон Тхек ба ҳабс гирифта шуда, баъди чанде бо ҷурмӣ хиёнат ба кишвар маҳкум ба марг гардид. Кими ҷавон аммаашро низ аз қудрат комилан дур кард. 

Аз фатҳи кайҳон то бомби гидрогенӣ

Ким Чен Ын бо вуҷуди ҷавониаш дар қудратманд гардонии Кореяи шимолӣ ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид. Маҳз замони ҳукуматдории ӯ Кореяи Шимолӣ ба фазои кайҳонӣ мушаки худро бароварда, ба клуби кишварҳои кайҳонӣ ворид шуд. Дар ин росто Кореяи Шимолӣ аз ҳамсояи Ҷанубиаш пешсаф гардид. Албатта ин кор ба Кими ҷавон ба осонӣ даст наомад. Ким Чен Ын ду қарори Шӯрои Бехатарии СММ-ро нақз карду ИМА ва иттифоқчиёнаш Кореяи Шимолиро зери таҳрими шадид қарор  доданд. Бо вуҷуди ин Кими ҷавон аз иқдомаш даст накашид ва билохира кишварашро соҳиби бомбаи атомӣ кард. Моҳи декабри соли 2015 бошад Ким Чен Ын эълон кард, ки кишвараш дорои бомбаи гидрогенӣ ҳам ҳаст. Ин маълумот моҳи сентябри соли 2017 расман тасдиқ гардид. Моҳи январи соли 2018 президенти Россия Владимир Путин бобати натиҷаҳои фаъолияти Ким Чен Ын дар атомӣ кардани Кореяи Шимолӣ гуфта буд: “Ман гумон мекунам Ким Чен Ын бе ҳеҷ шакку шубҳа бозии худро бурд. Ӯ вазифаи стратегии худро ҳал кард. Акнун ӯ дорои бомбаи атомист ва мушаки барандаи ин бомбаҳоро ҳам дорад. Мушаки Ким 13 000 км бурд дорад ва метавонад ба ҳар гӯшае аз дунё бирасад. Ким Чен Ын бешубҳа сиёсатмадорӣ ҳушманд ва коркушта аст”. 

Саддшикан

Ким Чен Ын дар шикастани садди чандинсола миёни ду Корея (Шимолӣ ва Ҷанубӣ) низ нақши боризе ифо кард. 1 январи соли 2018 Ким Чен Ын дар баромади солинавиаш изҳор намуд, ки омода аст бо Сеул гуфтушунид намояд. Баъди ин, аллакай 9 январ дар шаҳраки сарҳадии Пханмунджом гуфтугӯи мустақими тарафҳо оғоз гардиданд. Моҳи март бошад ба Кореяи Шимолӣ гурӯҳи 10 нафара аз Кореяи Ҷанубӣ ташриф овараданд, ки миёнашон 5 намояндаи махсуси президенти ин кишвар Мун Чжэ Ин низ буданд. Билохира моҳи апрели соли 2018 Ким Чен Ын бо президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Джэ Ин дар манотиқи сарҳадӣ мустақиман дидор намуд ва садди чандинсола миёни муносибатҳои ду кишвар шикаста шуд.                 Ғайр аз шикастани садд бо Кореяи Ҷанубӣ, Ким Чен Ын кӯшиш кард бо Чин, ИМА ва Россия ҳам муносибатҳояшро беҳтар гардонад. Моҳи марти соли 2018 Ким бо ҳамроҳи ҳамсараш Ли Сол Чжу бо сафари расмӣ ба Чин рафт ва бо роҳбари ин кишвар Си Тсзяопин дидор намуд. Роҳбари Корея ҳамтои чиниашро “роҳбари бузург” номид ва миёни ду кишвари ҳамсоя чанд қарордоди иқтисодӣ ба имзо расид. Моҳи июни соли 2018 бошад Ким Чен Ын садди муносибати кишвараш бо ИМА-ро ҳам шикаста, бо президенти ин кишвар Доналд Трамп дидор намуд. Ин аввалин бор буд, ки роҳбари Кореяи Шимолӣ бо роҳбари ИМА мустақиман вохӯранд. Моҳи феврали соли 2019 Ким бо Трамп бори дуввум дар пойтахти Ветнам шаҳри Ханой мулоқот намуд. 25 апрели соли 2019 Ким Чен Ын бо сафари расмӣ ба Россия ташриф оварда, дар ҷазираи Русский (Владивосток) бо президенти ин кишвар Владимир Путин дидор кард. 

Ҳамин тариқ, Ким Чен Ын корҳои назаррасе барои кишвараш анҷом дод ва бо вуҷуди мушкилоти мубрами иқтисодӣ, Кореяи Шимиолӣ кишвари мустақилу побарҷо боқӣ мемонад. Ҳоло Горбачеви кореягӣ ҷавон аст ва чи гуна натиҷа додани сиёсати пешгирифтааш дар ояндаи наздик маълум хоҳад гашт.     

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter