ХАБАРИ ДОҒ

РККА – Аз Армияи Сурх то Армияи Советӣ

  • Чоршанбе, Март 03 2021

Гвардияи сурх

   Баъди гирифтани қудрат, болшевикон кӯшиш мекарданд ҳамаи нишонаҳои давлати собиқи подшоҳиро аз миён бардоранд. Артиши кӯҳна низ ба андешаи онҳо бояд нест карда мешуд. Ба андешаи пайравони Маркс дар рафти инқилоби сотсиалистӣ, пролетариат бояд артиши кӯҳнаро бо мардуми мусаллаҳ ҷойгузин мекард. Оммаи мардуми мусаллаҳ мебоист худаш аз дастовардҳои инқилобиаш муҳофизат мекард. Болшевикон созмон додани ин гуна дастаҳои мусаллаҳро ҳанӯз пеш аз пирӯзии инқилоб оғоз карда буданд. Ин дастаҳои лашкариёни инқилобӣ Гвардияи сурх ном гирифт. Аммо бархурдҳои аввали ҷангӣ бо немисҳо собит намуд, ки ин дастаҳои  мардуми мусаллаҳ, наметавонанд бо артиши доимии таълимдида муқовимат кунанд ва болшевикон қарор доданд, артиши доимии худро созмон диҳанд.

Артиши комиссарон

   Бори аввал дар бобати Артиши сурхи коргару деҳқонӣ дар “Декларатсияи ҳуқуқи мардуми мазлуми заҳматкаш”, ки аз ҷониби болшевикон моҳи январи соли 1918 қабул гардид, гуфта мешуд. Артиши нави болшевикон, пеш аз ҳама чун ташкилоти синфии коргарон ва деҳқонон созмон дода шуда, интернатсионализм низ яке аз арзишҳои умдаи ин артиш ба шумор мерафт.Тибқи ин арзиш ба Артиши сурхи коргару деҳқонӣ на танҳо шаҳрвандони РСФСР, балки меҳнаткашони хориҷӣ низ  шомил мегардиданд. Интихобӣ будани ҳайати фармондеҳӣ низ яке аз хусусиёти дигари артиши нав ба шумор мерафт. Дар чанд моҳи аввали мавҷудияти ин артиши нав, қумандонҳо интихобӣ буданд, аммо моҳи апрели соли 1918 болшевикон интихоби қумандонҳоро лағв карданд ва дигар қумандонҳоро ниҳоди давлатии дахлдор таъин менамуд.       

 Вежагии дигари Артиши сурх, вуҷуди дуҳокимиятӣ дар он ба шумор мерафт. Дар ҳар қисми низомӣ дар қатори қумандон, комиссаре низ ҳузур дошт. Болшевикон баъди шикастҳои аввал дар ҷанги гражданӣ ба натиҷа расиданд, ки бе ҷалби қумандонҳои ҳирфаӣ наметавонанд артиши хубу ҷангандае дошта бошанд. Аммо афсарони артиши собиқ қариб ҳама ашрофзода буда, ба синфи коргару деҳқон ҳеҷ рабте надоштанд. Ин 2 табақаи ҷомеа бо ҳам дар тазоди ошкор қарор дошта, душмани синфии ҳамдигар ба шумор мерафтанд. Бо вуҷуди ин, болшевикон вуруди афсарони собиқро ба артиши навтаъсиси худ иҷоза доданд ва барои назорати онҳо тобистони соли 1918 Бюрои умумирусиягии комиссарони ҳарбиро таъсис намуданд. Ин ташкилот соли 1919 Раёсати сиёсӣ РВСР ном гирифт ва як ҷузъи мустақили КМ РКП(б) ба шумор мерафт. Комиссарон дар артиши нав бевосита аз ҳизби болшевикӣ (РКП(б)) намояндагӣ мекарданд ва миёни ҷанговарону ҳайати фармондеҳӣ кори сиёсӣ-тарғиботӣ мебурданд. Билохира болшевикон дар ин кор муваффақ шуданд ва аллакай тирамоҳи соли 1918 Артиши сурхи коргару деҳқонӣ ба 1 артиши оммавӣ табдил дода шуда, шумораи сарбозони он то охири ҷанги гражданӣ, 1,5 млн ҷанговарро ташкил медод.  

Рутбаҳои ҳарбӣ

   Дар оғоз болшевикон, дар Артиши коргару деҳқонӣ рутбаҳои ҳарбӣ ва пагонҳоро чун мероси низоми собиқ барҳам доданд. Аскарон ба қумандонҳо танҳо тибқи мансаби ишғолкардаашон муроҷиат мекарданд. Масалан, қумандони дивизияро комдив, корпусро комкор меномиданд. Аммо баъди чанде болшевикон ин тафовутро низ аз миён бардоштанд ва 22 сентябри соли 1935 Сталин аз нав дар Артиш рутбаҳои ҳарбиро ҷорӣ кард.   

 Барои фарқ кардани рутбаҳои ҳарбӣ дар Артиши сурх аз соли 1935 то соли 1943 петлитсаҳоро (нишонаи латтагини рангӣ, ки ба гиребон ё остини либос васл мекарданд) истифода мебурданд. Соли 1940 бошад, Сталин бо ташаббуси Ворошилов дар артиши нав рутбаи генералиро низ ҷорӣ намуд. Тамоми “комдивҳо”, “комбригҳо”, “комкорҳо” ва “командармҳо” ба генералҳо табдил дода шуданд. Дар артиш рутбаи маршалӣ низ роҳандозӣ гардид. Соли 1943 бошад Сталин билохира пагонҳо ва муроҷиати “афсар”-ро низ вориди Артиши сурх карда, ин артиш беш аз беш ранги доимиро гирифт. 

Қонуни нав

   Моҳи сентябри соли 1939 дар СССР қонуни нав дар бобати ӯҳдадории умумии ҳарбӣ қабул карда шуд. Қонуни нав аз қонунҳои собиқ бо оммавияти худ тафовут дошт. Тибқи қавонини собиқ “аносури муфтхур” афроде, ки ба ҳокимияти шӯроҳо содиқ набуданд, ҳаққи хизмат дар артишро ҳам надоштанд. Ин афрод ӯҳдадориҳои ҳарбиашонро дар ақибгоҳ адо мекарданд. Ба таъбири дигар ҷуз коргару деҳқон дигарон аз ҳаққи ворид шудан ба он маҳрум буданд. Аммо қонуни нав ин тафовутро низ аз миён бардошт ва дигар новобаста аз синфият, ҳама метавонистанд ба ин артиш шомил гарданд.     

  Бо вуҷуди ин, дар худи қонун Артиши сурх ҳанӯз артиши коргару деҳқонӣ ном бурда шудааст. Аммо алакай дар фармони Комисариати Халқии Мудофиаи (КХМ) СССР таҳти № 0156 аз 11 октябри соли 1939 Артиши коргару деҳқонӣ, танҳо Артиши сурх ном бурда мешавад. Ворошилов низ 15 ноябри соли 1939 ҳангоми маърӯзааш дар Бюрои сиёсӣ Артиши сурхи коргару деҳқониро Артиши Сурх ном бурд. Раванди тағйири номи артиши нав 26 июли соли 1940 хотима ёфт. Дар ин рӯз бо фармони махсуси ҳукумат таҳти № 0037 ва № 0038 сохтори нави дастгоҳи марказии КХМ ва Ситоди генералӣ роҳандозӣ гардида, дар онҳо истилоҳи “коргару деҳқонӣ” дигар мавҷуд набуд. РККА ба Артиши сурх тағйири ном кард.

Армияи Советӣ

   Дар авохири ҷанг, вақте иштирокчиёни ҷанг ба таври оммавӣ ба хонаҳояшон бар гаштанд, миёни мардум андешаи роиҷ гардид, ки низоми шӯравӣ акнун каме сабуктар мешавад. Ҷанговарони собиқ, ки зиндагии мардуми Аврупоро дида буданд, қиссаҳои ҳайратангез нақл мекарданд. Сару садоҳое паҳн шуданд, ки давлат ба деҳқонон иҷоза медиҳад аз колхозҳо хориҷ шуда, хоҷагии шахсиашонро таъсис диҳанд, мардум метавонанд савдои хурди шахсиро ба роҳ монанд. Хусусан, миёни ҷавонон ва донишҷӯён андешаҳои инчунин бештар равнақ доштанд. Аммо баромади пеш аз интихоботии Сталин 9 феврали соли 1946 ба ҳамаи ин сару садо хотима дод.                                                                                                     

  Сталин  дар баромадаш гуфт, ки сохти ҷамъиятӣ ва давлатии шӯравӣ имтиҳони ҷангро пушти сар кард. Ба гуфти Сталин, ҷанг ҳаққонияти сиёсати ҳизбро нисбати индустрикунонӣ ва коллективонии кишвар собит намуд. Аммо дигаргуниҳо билохира доир гардиданд. 25 феврали соли 1946 Артиши Сурх ба Артиши Шӯравӣ ё ҳамон Армияи Советӣ тағйири ном кард. Ба ибораи дигар Артиши Сурх аз лашкари ихтиёриёни инқилобӣ ба артиши доимии 1 кишвари соҳибистиқлол мубаддал гардид. Ин Артиш, ки аллакай 2 ҷанги хунинро пушти сар намуда, дар ҳардуи онҳо пирӯз гардида буд, он шабу рӯз яке аз нерӯмандтарин артишҳои дунё ба шумор мерафт.Соли 1946 теъдоди ҷанговарони Артиши Сурх 11 млн нафарро ташкил менамуд. Баъди тағйири ном, ҳайати шахсии Армияи Советӣ то 2,8 млн нафар кам карда шуда, дар рафти ҷанги сард низ дигар аз 5 млн убур накард. Соли 1967 бошад, дар он хизмати аскарии 2 сола ҷорӣ карда шуд. То он замон ҷавонони Иттиҳод 3 сол дар Артиш хизмат мекарданд. Ҳукумати Шӯравӣ низ номи худро иваз намуд. ШКХ ба Шӯрои Вазирон табдил дода шуд.Тамоми комиссарони ҳалқӣ аз ин ба баъд вазир хитоб карда мешуданд. Сарварии ҳукумат-Шӯрои Вазиронро бошад худи Сталин ба ӯҳда гирифт. 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter