ХАБАРИ ДОҒ

 

19 феврали соли 1954 раёсати Шӯрои Олии СССР бо қарори худ вилояти Қримро аз  РСФСР бароварда ба ҳайати РСС Украина шомил гардонид. Шароит ва аз ҳама муҳим натиҷаи ин амалкард, то ба ҳол баҳси зиёдеро миёни мувварихин ба бор овардааст.

Радаи Провослав

   Моҳи марти соли 2014 президенти Россия Владимир Путин, ҳангоми баромади худ дар Қрим иддао кард, ки ташаббускори асосии ба ҳайати РСС Украина додани Қрим шахсан Никита Хрушев буд. Ба андешаи Путин, Хрушев мехост бо ин кор аз тарафдории роҳбарияти Украина дар муборизаи ояндааш барои ҳукумат бархурдор гардад ва ё гуноҳи худро барои репрессияҳои оммавии солҳои 30-юм дар ин ҷумҳурӣ сабук гардонад. Аммо бархе дигар дар ин маврид назари мухолиф доранд. Ба андешаи онҳо, додани Қрим ба Украина як ҳадяи шоҳонаи Хрушев ба РСС Украина ба шарафи 300 солагии таъсиси Радаи Пераславл (ҳамроҳшавии Украина ба Русия) буд. Ҷонибдорони ин ақида бар ин назаранд, ки Хрушев баъди чанд қадаҳ шароб Қримро ба Украина ҳадя кард. Аммо ин амр дар ҳеҷ санади расмии ҳизбӣ ё шӯравии он давра зикр нагардида аст. 

“Триумвират”-и шӯравӣ

   Аз тарафи дигар, Никита Хрушев соли 1953 ҳанӯз аз ҳокимияти мутлақ дар СССР бархурдор набуд. Он шабу рӯз, дар кишвари Шӯроҳо як навъ “триумвират” ҳокимият мекард. Дар асл се нафар раиси Раёсати Шӯрои Олии СССР К. Ворошилов, ки расман сарвари давлат ба шумор мерафт, раиси Шӯрои Коммисарони Халқ (шабеҳи сарвазири имрӯза) Г. Маленков ва котиби аввали КМ ҲКИШ Н. Хрушев зимоми қудратро дар СССР дар даст доштанд. Яъне ҳамаи қарорҳои муҳим дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби ин 3 нафар ва аъзоёни дигари Бюрои сиёсӣ ба тарзи коллегиалӣ қабул ва татбиқ мегардиданд. Бинобар ин, Никита Хрушев ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист шахсан худаш бе ризояти ҳамсабақон ин қарори муҳимро имзо кунад. Ва дар ҳеҷ санади расмӣ дар бобати додани Қрим ба Украина низ, имзои Хрушев вуҷуд надорад. Бешак ин ташаббус аз ҷониби Никита Сергеевич сар зад, аммо Хрушев мебоист бо овардани далоили қатъӣ ризояти ҳамсабақони худро  ба даст меовард. 

Фиребхӯрдагон

   Моҳи ноябри соли 1953 Хрушев ба Қрим сафари корӣ анҷом дод. Ба гуфти домодаш, рӯзноманигор Алексей Аджубей, ки ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекард, Хрушев аз ин, ки дар ин сарзамини ҷанубӣ дар савдои давлатӣ меваву сабзавот мавҷуд набуд, ҳайратзада гашт. Муҳоҷирон аз навоҳии марказии Россия низ ҳангоми вохӯриҳо бо Хрушев аз он шикоят мекарданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд ба ҷои картошка, ангур парвариш кунанд ва онҳо бо ин кор ошноӣ надоранд. Ба гуфти Аджубей онҳо сари роҳи мошини Хрушевро мегирифтанд ва аз зиндагии сахти худ шикоят мекарданд ва дар ҷавоб ба саволи Хрушев, ки мегуфт “пас чаро омадед” ҷавоб медоданд, ки онҳоро фиреб доданд. 

Боғ ба ҷои картошка

   Инчунин буҳрон соҳаи иҷтимоии Қримро низ фаро гирифта буд. Дар нимҷазираи Қрим дар авохири соли 1953 танҳо 3 мағозаи нонфурӯши, 18 мағозаи гӯшт, 8 мағозаи шир, 2 мағозаи фурӯши матоҳо, 9 мағозаи пойафзолфурӯшӣ, 5 мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва 28 мағозаи китобфурӯшӣ вуҷуд дошту халос. Фурӯши сабзавот ва картошка бошад дар савдои давлатӣ пурра қатъ гардида буд. Ба андешаи бархе маҳз ин ҳолати ногувори Қрим, Хрушевро водор кард барои барқароргардонии ин минтақа, онро ба Украина, ки ба ин вилоят ҳудудан наздик буд ва аз нигоҳи иқтисодӣ низ нисбатан устувор ба шумор мерафт, пайваст кунад.

Хрушев аз Симферопол рост ба Киев рафт ва роҳбарияти ҷумҳуриявиро ҷам карда, онҳоро даъват кард барои эҳёи иқтисоди фалаҷгаштаи Қрим кумак намоянд. Котиби генералӣ изҳор намуд “Қрим ба одамоне ниёз дорад, ки ба иқлими гарму хушк одат кардаанд ва ба ҷои картошка, боғу ҷуворимаккаро дӯст медоранд”. Баъди суханони Хрушев аз навоҳии ҷанубии Украина даҳҳо ҳазор ихтиёриён барои барқарорсозии хоҷагии қишлоқи Қрим ба ин диёр сафарбар шуданд. Аллакай баъди ду соли шомил шудан ба Украина иқтисоди Қрим рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Барои мисол истеҳсоли маъдани оҳан нисбат ба соли 1953 36%, нерӯи барқ 57% ва истеҳсоли шароб 104% зиёд гардид.  

 Вилояти яҳудӣ ва ҳиҷрати тоторҳо

   Соли 1929 миёни РСФСР ва ташкилоти яҳудии амрикоии “Ҷойнт” қарордоде бо номи зебои  “Калифорнияи Қримӣ” баста шуд. Тибқи ин қарордод ташкилоти “Ҷойнт” ба РСФСР ҳарсола 1,5 млн доллар ҷудо мекард ва КМИ РСФСР дар ивази он 375 ҳазор гектар замини Қримро ба гарав гузошта буд. Тибқи баъзе маълумотҳо СССР аз ин ташкилот то соли 1936, 20 млн доллар дарёфт намуд. Ташкилоти “Ҷойнт” бошад ният дошт ба Қрим яҳудиёнро муҳоҷир карда, дар ин нимҷазира вилояти мухтори яҳудиро таъсис диҳад. Фикри муҳоҷир кардани яҳудиён ба Қрим ҳанӯз баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба таври ҷиддӣ миёни роҳбарияти болшевикӣ мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Фондҳои хориҷии гуногун низ, ин масъаларо фаъолона тарафдорӣ мекарданд. Лоиҳаи мазкур дар Бюрои сиёсӣ чанд дафъа баррасӣ гардид. Сарварони болшевик аз қабили Тротский, Каменев, Зиновев, Бухарин, Рыков аз тарафдорони ашадии ин лоиҳа ба шумор мерафтанд. Барои пиёда кардани ин лоиҳа, дар пойтахти Қрим шаҳри Симферопол филиали бонки “Агро-Ҷойнт” таъсис дода шуд. Моҳи январи соли 1924 сухан аллакай аз таъсиси “ҳукумати мухтори яҳудӣ” мерафт. Тарафҳо ҳатто лоиҳаи декрет дар мавриди дар қисмати шимолии Қрим таъсис додани Ҷумҳурии мухтори шӯравии яҳудиро тартиб доданд. Ин хабарро 20 феврали соли 1924 агентии хабарии яҳудии ЕТА дар хориҷа мунташир намуд. Аксияҳои гаравии шӯравиро зиёда аз 200 000 шаҳрвандони амрикоӣ харидорӣ карда буданд, ки дар миёни онҳо сиёсатмадорон Рузвелт ва Гувер, сармоядорон Рокфеллер ва Маршалл, генерал Макартур ва дигарон буданд. 

   Аммо ҳукумати шӯравӣ барои пиёда кардани нақшаи ташкилоти “Ҷойт” шитоб намекард. Бори дигар ин масъала ҳангоми конфронси Теҳрон дар соли 1943 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Рузвелт ба Сталин дар мавриди ӯҳдадориҳои тарафи шӯравӣ хотиррасонӣ кард. Бархе аз муваррихин, табъиди тоторҳои Қримро дар соли 1944 ба ҳалли ин масъала марбут медонанд. Ба андешаи онҳо Сталин бо ин кор мехост Қримро барои муҳоҷирони яҳудӣ холӣ кунад. Соли 1954 санаи охири ҳисоббаробаркунӣ буд ва тарафи Шӯравӣ мебоист ба ваъдааш вафо намояд. Аммо Хрушев, ки инро медонист, Қримро ба ҳайати РСС Украина даровард ва дигар РСФСР молики нимҷазира набуд.  

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter