“Тройкаи” аввалин
Бояд тазаккур дод, ки замони ҳукмронии Сталин, ҳар навъ комиссиюн, ки аз 3 нафар иборат буд, сарфи назар аз соҳаи фаъолият ва салоҳияташ “тройка” номида мешуд. Аммо миёни инҳо “тройка”-ҳои Комиссияи фавқулъодда (ВЧК) ва баъди онҳо, “тройкҳои махсус” мафҳуми манфӣ ба худ гирифтанд. “Тройка”-ҳои аввалин маҳз дар дохили ВЧК шакл ёфтанд. Дар бештари маъхазҳо, ВЧК чун “шамшери муҷозоткунандаи инқилоб” тасвир ёфтааст. Албатта ин фикр то андозае дуруст ҳам ҳаст, аммо на ҳамаи он чизе, ки ба ин ташкилот нисбат медиҳанд дар ҳақиқат низ ҷой дошт.
ВЧК, ки 7 декабри соли 1918 таъсис ёфта, дар аввал танҳо бо кори тафтишотӣ машғул буд, аммо баъдтар салоҳияти онро васеъ карданд. Худи Феликс Дзержинский дар оғоз, салоҳияти ниҳоди зертобеъашро “тафтишоти пешакӣ бо мақсади пешгирӣ” унвон карда буд. Дар оғоз ба чекистҳо танҳо маҳрум кардани мухолифини низом аз карточкаҳои ғизоӣ, мусодираи амволи онҳо ва тартиб додани рӯихати душманони синфӣ иҷозат дода мешуд. Аммо баъди оғози Ҷанги гражданӣ ВЧК низ тибқи қонунҳои давраи ҷанг ба фаъолият пардохт. Аввалин “тройка” маҳз дар ин ниҳод, 21 феврали соли 1918 таъсис дода шуд. Ба ҳайати “тройка”-и аввалин Дзержинский ва 2 ноибаш, Вячеслав Александрович ва Яков Петерс шомил гардиданд. Ин “тройка” ҳуқуқ дошт бе дахолати системаи судӣ, муттаҳамонро ҷазо диҳад.
Террори сурх ва сафед
Яке аз сабабҳои асосии бадном гардидани “тройка”-ҳо террори сурх гардид. Расман, иҷозаи амалисозии террори сурх аз тарафи роҳбарияти болшевикӣ 5 сентябри соли 1918 дода шуд. Ба иборати дигар, ташкилотҳои поинии ВЧК ҳуқуқ пайдо карданд, бе ҳукми судӣ тамоми афродеро, ки ба таблиғоти зиддишӯравӣ гумонбар мешуданд ба қатл расонанд. Аммо набояд фаромуш кард, ки кишварро ҷанги сурху-сафед фаро гирифта буд ва террори сурх, танҳо ҷавобе буд ба террори сафед. Ҳамин тариқ “тройка”-ҳои ВЧК дар асл ба унвони додгоҳ (трибунал) хизмат карда, дар ҳолатҳои фавқуллодда нақши судиро ифо мекарданд. Бо ин вуҷуд, болшевикон 28 октябри соли 1918 ҳуқуқи “тройка”-ҳоро маҳдуд карданд ва ин ташкилотҳо танҳо дар манотиқи ҷангӣ ё муҳосирашуда, ҳуқуқи бе суд паррондани мухолифонашонро доштанду халос. Ин масъала танҳо 1 декабри соли 1918 ба пуррагӣ ҳалли худро ёфт. Аз ин ба баъд, ҳуқуқи парронданро танҳо ЧК-аҳои губерниягӣ, фронтӣ, армиягӣ ва вилоятӣ касб карданд. Аммо онҳо низ, ин ҳукмро танҳо дар ҳузури прокурор ё намояндаи РКП(б) бояд мебароварданд. Ин ҳолат то анҷоми Ҷанги гражданӣ идома ёфта, соли 1921 ҳукми қатл танҳо барои ҷосусӣ, роҳзанӣ ё баромади мусаллаҳона ҷорӣ мегардид.
Аз ВЧК то ОГПУ
Баъди анҷоми ҷанг ВЧК лағв гардида, ба ҷои ин ниҳод, Раёсати давлатии сиёсӣ (ГПУ) дар назди НКВД созмон дода шуд. ГПУ баъди чанде ба ОГПУ тағйири ном кард ва ба тобеъияти ШКХ СССР ворид карда шуда, бевосита дар репрессияҳои сталинӣ ширкат варзид. Бо вуҷуди ин, моҳи июли соли 1934 яккатозии ОГПУ поён ёфт ва ин ниҳод боз ба тобеъиятӣ НКВД даромад. Баъди ин, “тройка”-ҳо низ, чун олати додгоҳи инқилобӣ фаъолияти худро қатъ карданд. Аммо баъдан маълум гардид, ки сояи “тройка”-ҳои ҷазодиҳанда, дар баданаи ҳукумати болшевикӣ ва тарс дар боробари ин “тройка”-ҳо бошад, дар баданаи шаҳрвандони шӯравӣ хеле амиқ ҷой гирифтааст.
Фармони №00606
19 сентябри соли 1934 В. Молотов ба Каганович телеграммаи махфие ирсол кард, ки дар он пешниҳод мекард ба ким кадом “тройка”-ҳо ҳуқуқи баровардани ҳукми қатл дода шавад.
Моҳи ноябри соли 1934 дар Ӯзбекистон, чунин “тройка”-и изтирорӣ фаъолият мекард. Аммо санги томро ба таъсиси дубораи “тройка”-ҳо соли 1938, фармони №00606 НКВД СССР “Бобати таъсиси Тройкаҳои махсус”гузошт. “Тройкаҳои махсус” аз сардори Раёсати НКВД-и минтақаи дахлдор, котиби аввали ҳибӣ ва прокурор иборат меёфтанд ва ҳукми содиркардаашон бояд филфавр иҷро мегардид. Аммо ин “тройка”-ҳо дигар “тройка”-ҳои чекистӣ набуданд, ки ҳуқуқ доштанд гумонбаршудагонро бе ҳукми суд ба қатл расонанд. Бо вуҷуди ин, баъзе аз ин “тройкаҳои махсус” ҳуқуқи истисноии баррасии ғайрисудии парвандаҳои сиёсиро касб карданд.
Адолати судӣ
“Тройкаҳои махсус”-и нав, мисли “тройка”-ҳои солҳои Ҷанги гражданӣ як иқдоми изтирории давлат дар шароити фавқуллодда буданд. Кишвари ҷавони Шӯравӣ маҷбур гардид, алайҳи мухолифони сохти сотсиалистӣ сиёсати сахтгиронае пиёда кунад. Харобиҳои ногузири солҳои баъдиҷангӣ, тамоми унсурҳои ҷиноиро аз паногоҳашон берун овард ва тамоми кишварро ҷинояткорӣ фаро гирифта буд. Судҳо қодир набуданд ҳамаи парвандаҳоро баррасӣ кунанд ва мутахассисони ҳирфаии содиқ ба низом низ бисёр андак буданд. Маҳз дар ин шароити фавқуллодда, ҳизби болшевикӣ қарор дод, додгоҳеро аз зумраи ашхоси вафодор таъсис диҳад. Ба зиммаи ин “тройка”-ҳо баррасии корҳои ҷиноии таштишуда вогузор гардида, онҳо ҳуқуқ доштанд, ё ҳукмро тасдиқ кунанд ё онро бекор намоянд. “Тройка” ҳақ надошт ҳукми зиндонро бо қатл ҷойгузин кунад, аммо ҳуқуқ дошт ҳукми қатлро бекор намояд ё кори ҷиноиро барои тафтиши дубора ба додгоҳ фиристад.
Дар асл “тройка”-ҳои сталинӣ барои тафтиши адолати ҳукмҳои судӣ таъсис ёфта буданд. Аъзоёни ин “тройка”-ҳо дар 1 рӯз, 2-3 кори ҷиноиро баррасӣ мекарданд ва маводҳои ҷамъшударо бо диққат меомӯхтанд. Умуман “тройка”-ҳои сталинӣ ниҳоди муҷозотии ғайрисудӣ набуданд ва фаъолияташон тибқи қонунгузории онрӯза, ба шиддат танзим мешуд. “Тройкаҳои махсус” чандон зиёд фаъолият ҳам накарданд. Моҳи ноябри соли 1938 бо қарори ШКХ СССР таҳти №4387 “тройкаҳои махсус” фаъолияти худро қатъ карданд. Бо вуҷуди ин, дар давоми фаъолияти кӯтоҳи “тройкаҳои махсус” дар СССР 1 336 863 нафар ба ҳабс гирифта шуд, ки аз онҳо 668 000 нафарашон (яъне 50% ҳабсшудагон) ба қатл маҳкум гардиданд. Дар кори “тройка”-ҳо низ қонуншикании зиёд ошкор карда шуда, қариб тамоми аъзоёни ин “тройка”-ҳо ҷазо дода шуданд. Аз ҳама аҷиб, онҳоро ҳамон “тройка”-ҳое ҷазо доданд, ки худашон аъзои он буданд.
Соли 1938 изҳороти якҷояи КМ ВКП(б) ва ШКХ СССР чоп гардид, ки дар он кори “тройкаҳои махсус” зери танқиди сахт гирифта шуд. Дар изҳорот, аз ҷумла гуфта мешуд, ки 1 қатор кормандони собиқи НКВД қонунҳои Шӯравиро дидаву дониста таҳриф мекарданд ва ҳуҷҷатҳои тафтишотиро ҷамъ намуда, нисбати одамони бегуноҳ парвандаи ҷиноӣ боз ва онҳоро бегуноҳ ба ҳабс мегирифтанд.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30