Ин Анҷуман дар қатори масоили гуногун, гузаштан ба Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП)-ро мавриди муҳокима қарор дод.
Анҷумани ХI-и РКП(б). Ин Анҷуман аз 27 март то 2 апрели соли 1922 дар Маскав баргузор шуд ва дар он 522 вакил бо овози ҳалкунанда ва 165 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзиданд. Баъди Анҷуман, пленуми КМ баргузор гардид ва дар он Иосиф Сталин Котиби генералии КМ РКП(б) интихоб гардид.
Анҷумани XII-и РКП(б). Анҷумани мазкур аз 17 то 25 апрели соли 1923 дар Маскав баргузор гашт ва дар он 408 вакил бо овози ҳалкунанда ва 417 вакил бо овози машваратӣ иштирок намуданд.
Анҷумани XIII-и РКП(б). Ин Анҷуман аз 23 то 31 майи соли 1924 дар Маскав баргузор гардид. Дар он 748 вакил бо овози ҳалкунанда ва 416 вакил бо овози машваратӣ ширкат намуданд.
Анҷумани XIV-уми ВКП(б). Ин Анҷуман аз 18 то 31 декабри соли 1925 дар Маскав баргузор шуд ва дар он 665 вакил бо овози ҳалкунанда ва 641 вакил бо овози машваратӣ иштирок намуданд. Дар Анҷумани XIV-ум Низомнома ва номи ҳизб бори дигар тағйир ёфтанд ва РКП(б) ва ВКП(б) табдил дода шуд. Анҷуман инчунин “мавқеъи нави” Каменев ва Зиновевро маҳкум кард.
Анҷумани XV-уми ВКП(б). Ин Анҷуман аз 2 то 19 декабри соли 1927 дар Маскав баргузор гардид ва дар он 898 вакил бо овози ҳалкунанда ва 771 вакил бо овози машваратӣ ширкат доштанд. Анҷуман нақшаи панҷсолаи аввалро дар СССР қабул кард ва тарафдорони Тротский ва Зиновевро аз сафи ҳизб хориҷ намуд.
Анҷумани XVI-и ВКП(б). Анҷумани XVI-ум аз 26 июн то 13 июли соли 1930 дар Маскав баргузор гашт. Дар он 1268 вакил бо овози ҳалкунанда ва 891 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзиданд. Дар Анҷуман ҳаракати колхозӣ дар кишвар муҳокима гардид.
Анҷумани XVII-и ВКП(б). Ин Анҷуман аз 26 январ то 10 феврал дар Маскав баргузор гашта, дар он 1255 вакил бо овози ҳалкунанда ва 736 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзиданд. Анҷуман нақшаи панҷсолаи 2-юмро дар СССР (1933-1937) ба тасвиб расонид.
Анҷумани XVIII-и ВКП(б). Анҷумани XVIII-ум аз 10 то 21 марти соли 1939 дар Маскав баргузор гардид ва дар он 1569 вакил бо овози ҳалкунанда ва 466 вакил бо овози машваратӣ ширкат намуданд. Дар Анҷумани мазкур ба Низомномаи ҳизб боз тағйирот ворид карда шуда, нақшаи панҷсолаи 3-юм дар СССР ба тасвиб расид.
Анҷумани XIX-и КПСС. Ин Анҷуман аз 5 то 14 октябри соли 1952 дар Маскав баргузор гардида, дар он 1192 вакил бо овози ҳалкунанда ва 167 вакил бо овози машваратӣ ширкат намуданд. Дар анҷуман номи ҳизб бори дигар тағйир дода шуда ВКП(б) ба КПСС табдили ном кард. Инчунин вакилон нақшаи панҷсолаи 5-умро дар СССР ба тасвиб расониданд.
Анҷумани ХХ-уми КПСС. Ин Анҷуман аз 14 то 25 феврали соли 1956 дар Маскав баргузор гаррдид ва дар он 1349 вакил бо овози ҳалкунанда ва 81 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзиданд. Анҷумани ХХ-ум нишасти пӯшида низ дошт ва дар он Н. Хрушев бо маърӯзаи “Шахспарастӣ ва оқибатҳои он” дар назди вакилон баромад кард.
Анҷумани XXI-уми КПСС. Ин Анҷуман аз 27 январ то 5 феврали соли 1959 дар Маскав баргузор гардид. дар Анҷумани мазкур 1261 вакил бо овози ҳалкунанда ва 106 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзиданд.
Анҷумани XXII-и КПСС. Анҷумани мазкур аз 17 то 31 октябри соли 1961 дар Маскав баргузор гардида, дар он 4394 вакил бо овози ҳалкунанда ва 405 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Дар Анҷумани XXII-юм Барномаи 3-юми ҳизби коммунист ва қарори аз Мавзолей баровардани ҷасади И. Сталин қабул карда шуданд.
Анҷумани XXIII-юми КПСС. Ин Анҷуман аз 29 март то 8 апрели соли 1966 дар Маскав баргузор гардида, дар он 4619 вакил бо овози ҳалкунанда ва 323 вакил бо овози машваратӣ ширкат доштанд. Анҷуман ҷанги Ветнамро маҳкум кард ва нақшаи панҷсолаи навбатиро дар СССР (барои солҳои 1966-1970) қабул намуд.
Анҷумани XXIV-и КПСС. Ин Анҷуман аз 30 март то 9 апрели соли 1971 дар Маскав баргузор гардид ва дар он 4740 вакил бо овози ҳалкунанда ва 223 вакил бо овози машваратӣ ширкат намуданд. Дар Анҷумани мазкур қайд карда шуд, ки дар СССР ҷомеаи мутараққии сотсиалистӣ бунёд гардидааст.
Анҷумани XXV-и КПСС. Ин Анҷуман аз 24 феврал то 5 марти соли 1976 дар Маскав баргузор гардид ва дар он 4998 вакил ширкат варзиданд. Анҷуман самтҳои асосии рушди хоҷагии халқӣ СССР барои солҳои 1976-1980-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Анҷумани XXVI-и КПСС. Анҷумани XXVI-ум аз 23 феврал то 3 марти соли 1981 дар Маскав доир гардида, дар кори он 4994 вакил ширкат варзиданд.
Анҷумани XXVII-и КПСС. Ин Анҷуман аз 24 феврал то 6 марти соли 1986 дар Маскав баргузор гардид ва дар кори он 4993 вакил ширкат варзиданд.
Анҷумани XXVIII-и КПСС. Ин охирин Анҷумани ҳизбӣ дар СССР ба шумор меравад ва он аз 2 то 13 июли соли 1990 дар Маскав баргузор гардид. Дар кори охирин Анҷумани КПСС 4683 вакил ширкат намуданд.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30