ХАБАРИ ДОҒ

“Сайёраи мо зебост, бениҳоят зебо! Агар ҳама одамон Замини моро аз кайҳон медиданд, ба назари ман мо ҳеҷ гоҳ ҷанге намедоштем” 

Солеҳҷон Шарипов, кайҳонаварди тоҷик

 “Ҳафтгонаи Меркурий”

Фатҳи кайҳон барои инсоният қадами ҷадиде дар тасхири табиат гардид ва баъди баромадан ба фазо, инсон аз нигоҳи илмӣ низ ба рушди бесобиқа расид. Имрӯз қариб тамоми дастовардҳои илмии бани башар, аз алоқаи мобилӣ гирифта, то интернет ба кайҳон бастагӣ доранд. Солҳои тӯлонӣ тасхири кайҳон ба масъалаи доғи сиёсӣ низ табдил гардида, асоситарин майдони рақобат миёни абарқудратҳои вақт, хусусан СССР ва ИМА ба шумор мерафт. Дар авохири солҳои 50-ум ҳарду абарқудрат ба фиристодани одам ба кайҳон омодагӣ мегирифтанд. Дар ИМА ин корро хеле ҷиддӣ гирифта, 1 октябри соли 1958 агентии NASA-ро таъсис доданд. Аввалин барномаи агентӣ "Меркурий" ном гирифта, ҳадафи асосии он парвози одам ба кайҳон буд. Амрикоиҳо барои парвози кайҳонӣ аз миёни садҳо ҳавонавард-озмоишгар танҳо 7 нафарро интихоб карданд. Ин 7 нафар кайҳонаварди оянда дар ИМА "Ҳафтгонаи Меркурий" ном гирифта, дарҳол дар сар то сари ИМА машҳур шуданд. Дар СССР бошад, кайҳонавардони ояндаро аз миёни сарнишинони қиркунандаҳо интихоб карданд. Ин қарори Сергей Королев буд, зеро ин олими шӯравӣ ақида дошт, ки ҳавонавардони тайёраҳои қиркунанда аз маҳорат ва таҷрибаи бештар бархурдоранд.

Аз “Восток” то “Восходу” “Союз”

Дар муваффақияти парвози кайҳонӣ нақши худи киштӣ бениҳоят муҳим аст. Аввалин киштии кайҳонии СССР “Восток” номгузорӣ гардида, зери роҳбарии Сергей Королев тарроҳӣ шуда буд. Ин киштӣ танҳо 1 сарнишин дошт. 

3 апрели соли 1961 дар СССР Раёсати КМ қарори парвози инсонро ба кайҳон имзо намуд ва 8 апрел нишасти Кумитаи Давлатӣ, ки ба ин мавзӯъ бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар нишаст барои партоби киштии кайҳонии "Восток" иҷоза дода шуд ва супоришҳои кайҳонаварди оянда муаян гардиданд. Королев Юрий Гагаринро интихоб кард. Гагарин мебоист дар баландии 180-230 км дар муддати 1,5 соат гирди Замин давр зада, имкони истиқомати инсонро дохили киштии махсус дар фазои кайҳонӣ муаян мекард. 

Билохира, лейтенант Юрий Гагарин дар киштии кайҳонии "Восток-1" 12 апрели соли 1961, соати 09:07 дақиқа аз Байконури Қазоқистон ба фазои кайҳонӣ баромад ва 1 соату 48 дақиқа гирди Замин парвоз кард. Парвози 2-юми “Восток” 6 августи соли 1961 ба вуқӯъ пайваст. Дуввумин шуда Герман Титов бо киштии “Восток-2” ба фазо баромад ва 1 шабонарӯзу 18 дақиқа дар фазои кайҳонӣ парвоз кард. Баъд аз ӯ, Андриан Николаев, 11.08.1962 дар “Восток-3”, Павел Попов, 12.08.1962 дар “Восток-4” ва Валерий Биковский 14.06.1963 дар “Восток-5” ба фазои кайҳонӣ баромаданд. Давраи “Восток”-ҳоро “Восток-6” бо сарнишинии Валентина Терешкова хатм мекунад. 

Терешкова, аввалин зан кайҳонавард дар ҷаҳон гардид ва 16.06.1963 ба фазои кайҳонӣ баромад. Парвози Терешкова 2 шабонарӯзу 22 соату 50 дақиқа идома дошт. Соли 1964 киштии кайҳонии “Восход” сохта шуд. “Восход-1” киштии кайҳонии чандсарнишин буда, бори аввал бо 3 кайҳонавард, Владимир Комаров (фармондеҳи киштӣ), Константин Феоктистов (кайҳонавард-таҳқиқотчӣ) ва Борис Егоров (табиб) ба фазо баромад. Парвози “Восход-1” як шабонарӯзу 17 дақиқа идома ёфт. “Восход-2” 18 марти соли 1964 бо сарнишинии кайҳонавардон Павел Беляев ва Алексей Леонов парвоз кард. 

 

Соли 1967 “Союз” ихтироъ шуда, ҷойгузини “Восход” гардид. Парвози аввалини “Союз-1” соли 1967 ба вуқӯъ пайваст. “Союзи-1”-ро ҳам Владимир Комаров ба фазо баровард. Моҳи октябри соли 1968 “Союз-3” бо сарнишинии Анатолий Береговой ба фазо баромад. Береговой 3 шабонарӯзу 22 соату 50 дақиқа парвоз кард. 14-15 январи соли 1969  “Союз-4” ва “Союз-5” бо сарнишинии Владимир Шаталов, Борис Волинов, Алексей Елисеев ва Евгений Хрунов ба кайҳон парвоз карданд. Парвоз 1 шабонарӯзу 23 соату 45 дақиқа идома дошта, кайҳонавардон Елисеев ва Хрунов бори аввал ба фазои озоди кайҳонӣ баромаданд. 2 кайҳонавард 37 дақиқа берун аз киштӣ қарор доштанд. 

Умуман “Союз” охирин киштии кайҳонии СССР гардид. Баъдан ба он барчаспи “Салют”-ро изофа карданд ва дар авохири даврони шӯравӣ “СоюзТ” ва “СоюзТМ” сохта шуданд. Охирин парвози кайҳонӣ дар СССР тавассути киштии “Союз ТМ-12” 18 майи соли 1991 анҷом дода шуд.

Кайҳонаварди фаромӯшшуда...

Охирин кайҳонаварди СССР Сергей Крикалев гардид. Крикалев дар ҷамъ 6 парвози кайҳонӣ анҷом дода, аз ҳама бештар-803 шабонарӯзу 9 соат парвоз намуда, 41 соату 27 дақиқа берун аз киштӣ дар фазои озоди кайҳонӣ қарор дошт. Крикалев бори аввал 26 ноябри соли 1988 ба ҳайси муҳандиси (бортинженер) киштии кайҳонии “Союз ТМ-7” ва стансияи “Мир” ба фазо баромад. Парвози Крикалев то 27 апрели соли 1989 (наздики 6 моҳ) идома ёфт ва баъди баргаштан ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро тақдим намуданд. 

Аммо аз ҳама хотирмон барояш парвози 2-юм гардид. Крикалев бори 2-юм, 18 майи соли 1991 дар киштии кайҳонии “Союз ТМ-12” бо ҳамроҳии Анатолий Артсебарский ва Ҳелен Шармани англис ба фазо баромад. Дар ин парвоз Крикалев нӯшокии “Кока-Кола”-ро озмоиш мекард. Аммо ҳангоми парвози ӯ дар Замин вазъият яку якбора тағйир мекунад. 2 октябри соли 1991 аз Байканур, бо ҳузури президенти Қазоқистон киштии “Союз ТМ-13” бо парчами СССР ва Қазоқистон барои овардани Крикалев ва ҳамроҳонаш ба фазо баромад. Артсабарский бо “Союз” ба замин баргашт, аммо Крикалев ба ҳайси муҳандис корашро дар фазо идома дод. 26 декабри соли 1991 СССР аз миён рафт ва Крикалев дар фазо фаромӯш шуд. Охирин кайҳонаварди шӯравӣ 25 марти соли 1992 ба Замин баргашт ва вориди кишвари дигар шуд. Ба Крикалев баъди парвози 2-юмаш унвони Қаҳрамони Россия ато карданд ва ҳамин тавр ӯ, қаҳрамони 2 кишвар шуд.

Қаҳрамони 2 миллат 

Солҳои тӯлонӣ дар СССР кайҳонаварди ғайри рус қариб, ки дида намешуд. Аввалин ғайрирусе, ки дар СССР парвози кайҳонӣ анҷом дод Мусо Хиромонович Манаров гардид. Манаров зодаи Озарбойҷон ва аз миллати лак (яке аз халқиятҳои Доғистон) мебошад. Ӯ соли 1987 ва соли 1991 ба кайҳон парвоз кард. Бо вуҷуди ин, миёни кайҳонавардони СССР тоҷике ҳам вуҷуд дорад. Солиҷон Шарипов, тоҷике, ки дар вилояти Ӯши Қирғизистон ба дунё омада, парчами Тоҷикистонро ба кайҳон бурдааст. Солиҷонро соли 1990 ба ҳайати дастаи кайҳонавардони шӯравӣ ( ВВС №10) дар Маркази омодасозии кайҳонавардони ба номи Гагарин шомил мекунанд. Ӯ курси омодасозии пурраи парвоз дар киштиҳои кайҳонии навъи “Союз ТМ” ва стансияи фазоии “Мир”-ро гузаштааст. Солеҳҷон дар баробари ин, соли 1994 факулати “Аэрокосмология”-и Академияи давлатии нафти Россияро хатм кардааст. Парвози аввали кайҳонии Солеҳҷон Шарипов 22 январи соли 1998 дар киштии кайҳонии амрикоии “Endeavour” ба вуқӯъ пайваст ва 8 рузӯ 19 соату 46 дақиқа тӯл кашид. 

Бори 2-юм Солеҳҷон ба ҳайси фармондеҳи киштии кайҳонии “Союз ТМ-5” 14 октябри соли 2004 парвози кайҳонӣ анҷом дод ва дар ин парвоз Солеҳҷон 2 маротиба ба фазои озоди кайҳонӣ баромад. Солеҳҷон Шарипов дорои унвони Қаҳрамони Россия ва Қаҳрамони Қирғизистон мебошад ва айни ҳол дар Раёсати 1-уми Маркази омодасозии кайҳонавардони ба номи Ю.Гагарин фаъолият дорад. Солеҳҷон мегӯяд: “Сайёраи мо зебо, бисёр зебост. Агар ҳамаи одамон заминро аз кайҳон медиданд ба назари ман мо ҳеҷ гоҳ ҷанге намедоштем. Аз онҷо сарҳадҳо наменамоянд, аммо қабати тунуки атмосферӣ, ки ҳаётро дар Замин ҳифз мекунад ба хубӣ дида мешавад. Ва хеле хуб дида мешавад, ки чӣ гуна одамон ба табиат бад муомила мекунанд, ҳатто доғҳои нафтӣ дар он дида мешаванд. Замин бисёр хурд, нозук ва зебост ва мо бояд онро ҳифз ва нигаҳдорӣ кунем”. 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter