Дар охир аз дивизия ҳамагӣ 150 аскари тирандози фаъол (ғайратнок) монда буду халос (як дивизия дар давраи ҶБВ наздики 3000 аскар дошт – У. Ш.) Аммо онҳо душманро ба Великий Луг гуфзаштан намонданд. Группировкаи фашистон маҳв гардида, боқимондаи онҳо таслим шуданд. Генерал – майор (22.2.1943).
Аз феврали 1943 ба симати сардори штаби армияи 43 – юми фронти Калинин дар амалиёти ҷавобии Смоленск иштирок намуд. Аз сентябри 1943 командири корпуси 5 – уми тирандози гвардиягии армияи 39 – уми Калинин ва фронти 1 – уми Назди Балтик, дар қисмати ниҳоии амалиёти Смоленск корпуси ӯ дар озод кардани шаҳрҳои Духовшина ва Рудня иштирок намуд.
Аз моҳи январи соли 1944 аз сабаби бемории вазнин дар табобат буд.
Аз марти 1944 то охири ҷанг командири корпуси 77 – уми тирандози армияи 47 – уми фронтҳои 2 – юм ва 1 – уми Белоруссия буд. Дар амалиёти ҷавобии Белоруссия иштирок кард.
Генерал - майор В. Г. Позняк, махсусан, дар амалиёти Висла – Одер корнамоӣ нишон дод. 15 – 17 январи 1945 корпуси тирандози ӯ мудофиаи амиқи хат ба хат мавқеъгирифтаи қӯшуни душманро дар маҳали аҳолинишини Яблонна – Легйоново (Легоново, Полша) рахна ва шаҳри Хотомувро ишғол карда, дарёи Висларо убур намуда, бо қисмҳои дигар ба ақибгоҳи душман гузашта, 17 январ пойтахти Полша шаҳри Варшаваро озод сохтанд.
Ҳуҷуми босуръатро вусъат дода, корпуси генерал Позняк то 27 январи 1945 ҷангкунон 200 километрро гузашта, зиёда аз 500 пунктҳои аҳолинишинро аз душманон озод карда, қариб 2 ҳазор гитлерчиро асир гирифт.
Барои роҳбарии моҳиронаи амалиётҳои ҷангии корпус ва нишон додани матонат ва қаҳармонӣ бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 6 апрели 1945 генерал – майор Позняк Виктор Генрихович бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор шуд.
Дар рафти амалиётҳои Померанйеи Шарқӣ ва Берлин моҳирона амал намуда, дар озод кардани шаҳрҳои Сохачев, Потсдам, Бранденбург иштирок намуд. 20 апрели 1945 ба генерал – майор В. Г. Позняк рутбаи ҳарбии «генерал – лейтенант» дода шуд.
Баъди ҷанг сарлашкари матин хизматро дар армия идома дод. Аз моҳи июли 1945 – командири корпуси 29 – уми тирандози гвардиягӣ, аз феврали 1946 муовини фармондеҳи армияи 8 – уми гвардиягӣ дар Гурӯҳи қӯшунҳои ишғолии советӣ дар Германия. Аз моҳи июн ёрдамчии генерал – инспектори қӯшунҳои тирандози Инспексияи асосии Қӯшунҳои хушкигард. Аз ноябри 1946 сардори раёсати ҷангӣ ва омодагии ҷисмонии штаби Гурӯҳи қӯшунҳои ишғолии советӣ дар Германия.
Аз апрели 1948 дар Академияи олии ҳарбии ба номи К. Е. Ворошилов (аз соли 1958 – Академияи ҳарбии Штаби генералӣ), муаллими калон, муовини сардори кафедраи таърихи санъати ҳарбӣ, аз сентябри 1956 сардори кафедраи таърихи ҷангҳо ва санъати ҳарбӣ буд.
Аз июли 1966 генерал – лейтенант В. Г. Позняк ба эҳтиёт рухсат шуд. Дар шаҳри Москва мезист. Соли 1983 фавтида дар гӯристони Кунтсево мадфун аст.
Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурх, орденҳои Кутузов дараҷаи 1, Суворов дарҷаи 2, Ҷанги Ватании дараҷаи 2, Ситораи Сурх, ордену медалҳои ватаниву хориҷӣ мукофотонида шудааст.
Умари ШЕРХОН
19.4.2021