Бахшида ба 76 –умин солгарди Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶБВ (1941-1945)
( Ҳикояи воқеӣ-нимшӯхиву нимҷиддӣ)
Субҳи 22-юми июни соли 1941 Германияи фашистӣ бо сардории Адолф Гитлери хунхор бо қувваҳои зиёди ҳарбӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷуми аҳдшиканона кард. Германияи фашистӣ, ки қувваҳои ҳарбиаш аз 5,5 млн аскар, 3712 танк, 4950 ҳавопаймои ҷангӣ, 77260 тӯп ва миномёт ибрат буд, якбора масофаи зиёда аз 3000 км сарҳади Иттиҳоди Шӯравиро вайрон намуда, зада даромад. Ин саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд ва то моҳи майи соли 1945 давом кард. Ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 20 млн одамони Иттиҳодияи Шӯравиро кушт. Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 пурдаҳшаттарин ҳодиса дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Дар Ҷанги Дуюми ҷаҳон қариб 70 давлат иштирок карданд, муҳорибаҳои он дар ҳудуди 40 давлат идома ёфт.
Ниҳоят, моҳи майи соли 1945 Германияи фашистӣ шикаст хурду мардум ба орзуҳои деринааш расид ва овози нотакрори Левитан аз радио садо дод:
«Диққат! Диққат! Москва гап мезанад! Москва гап мезанад! Германияи фашистӣ ҷангро бохт ва шармандавор таслим шуд!!!»
Хабари ғалаба дар Доғистони Шӯрообод
Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи кӯҳистони Шӯрообод-Доғистон низ чунин радио дар яке аз дарахтони назди фермаи молию ширии колхози ба номи Сталин васл карда шуда буд. Ҳамон рӯз яке аз коркунони фермаи Доғистон амаки Саидҷалол, ки синну солаш аз 50 гузашта буд, корашро ба охир расонда, тарафи хонааш равон шуд.
Ногоҳ аз радио садои баланди овози Левитан садо дод: «Диққат! Диққат! Гражданинҳои Иттиҳоди Шӯравӣ! Имрӯз Армияи Советӣ дар шаҳри Берлин охирин Германияи фашистиро торумор намуда Берлинро забт намуд. Германияи фашистӣ ҷангро бохта, шармандавор таслим шуд!...»
Бо шунидани ин суханҳо, амаки Сайдҷалол ба худ омада фарёд зад: «Эй мардум СССР ғалаба кард! СССР ғалаба кард!» - гуён ин тарафу он тараф медавид. Ба ногоҳ аз наздаш зани амаки Қудратулло мегузарад. Ӯ зани миёнаумр буду бо амаки Қудратулло чандин солҳо зиндагӣ доштанд, вале бефарзанд буданд ва аз хешу таборашон ҳам ҳеҷ кас дар Ҷанг набуд. Амаки Сайдҷалол аз хурсандӣ худро гум карда, бо дидани зани амаки Қудратулло тарафаш давида : «Э, янга, э, янга! Хабари хуш, хабари хуш! СССР ғалаба кардай!»- гуфта аз хурсандӣ зани амаки Қудратуллоро бародарвор ба оғӯш гирифту раҳо кард. Дар ҳамин вақт амаки Қудратулло дар гардиши кӯча истода омадани занашро интизор буд. Ин ҳолатро аз дур дида, «Ин лаънатӣ чаро зани маро ба оғӯш гирифт?!»- гуфта рост тарафи амаки Сайдҷалол давид.
- Э , лаънатӣ! Ту барои чӣ зани мара оғуш гирифтӣ? Ҳе да даҳани падарат…! Занта …!
- Э Қудратулло! Ту чӣ гуфтесай !? Охир, СССР ғалаба кард! Ту чӣ дашном дорӣ?
- Э зани СССР – дорта…! СССР, ки ғалаба кард, баъд ту зани мара оғӯш мекунӣ?!- гуфта аз гиребони амаки Сайдҷалол дошта чанд мушт ба сару рӯи ӯ зад.
Амаки Сайдҷалол бошад, аввал худро ҳимоя мекарду «Охӣ, СССР ғалаба кардай!»- мегуфт. Амаки Қудратулло бошад 1001 дашноми қоғазпеч медоду аз ҳар тараф мушт мепартофт.
Амаки Сайдҷалол, ки нисбат ба амаки Қудратулло ботануманд буд, дид, ки ҳеҷ гапро намефаҳмад, аз гиребони амаки Қудратулло дошта, ӯро ба тарафи чап ҳаво дод: «Ма тура гуфтесам, ки СССР ғалаба кардай! Ту намефаҳмӣ!?»- бо ғазаб омада гуфт амаки Сайдҷалол ва худро канор гирифт.
Амаки Қудратулло аз ҷой хеста боз тарафи амаки Сайдҷалол давида аз гиребонаш дошт. Дар ин вақт аз ҳар тараф одамон давида омаданд: – Чӣ гапай ? А, мардако, чӣ кор мекунед?- гуфта халос мекарданд.
-Ман ин лаънатира мегӯм СССР ғалаба кардай, ин мардак ай каштали ма гирифт!
И суханҳо ғазаби мардумро, ки солҳо, ташнаи сулҳу ба охир расидани ҷанг буданд, овард ва якбора ба амаки Қудратулло дарафтоданд:
- Э, ту ноодам, ту душмани СССР будаӣ, туро қама кардан даркор!- гуфта ҳар кас ба ҳар куҷое рост меомад, ӯро мезаданд… Аз биниаш хун мешорид…
- Ягон хешу табори ин лаънатӣ дар ҷанг нест!- гуфт касе.
Занаш , ки дар гардиши кӯча истода ин манзараро тамошо мекард, худ бо худ дуо кард: «Эй, кош, СССР ғалаба намекарду шӯи бечорама намезаданд!... ».
Ҳе, немисе, немис!!!
Агар, Худо накарда Германияи фашистӣ ғалаба мекард, баъд чӣ мешуд? Тасаввур кунед, ки барои кореро ҳал намудан, шумо вориди идорае шудед. Масалан, мехоҳед корхонае кушоед ва барои бо барқ таъмин намудани ин корхонаатон ба муассисаи Шабакаҳои барқӣ рафтед. Вориди қабулгоҳи директор шудед. Дар болои дари утоқи директор навишта шуда буд: «Форзитценда», яъне «Раис». Шумо ба котибаи раис, ки аз қавоқаш хун мешориду дар банди дасташ дастбанд бо тамғаи немисӣ баста шуда буд, даст боло карда муроҷиат мекунед:
- «Хай, Гитлер!»
Котиба бошад аз рӯи тартиботи ҷорикардаи Гитлер, аз ҷой хеста, дасти ростро боло карда, «Зик хай!» мегӯяд.
Мо, ҳама аз таҷрибаи зиндагӣ медонем, ки агар касе зулму беинсофӣ мекунад, ё ягон кори ноҳақ мекунад «Ҳе немисе!» мегӯем. Тасаввур кунед, котибаи раис, ки бе ин ҳам аз немисҳо бадтар буд, акнун немис шудааст, чӣ гуна одам шуда бошад?
Шумо, баъди «Хай, Гитлер» гуфтан, хоҳиши ба назди раис даромадан мекунед:
- Гутен таг! Дарф их айнтретен, форзитценда Қурбон Қурбоновичен! (Иҷозат диҳед ба назди раис ворид шавам) .
Котиба сиёсат намуда :- Ман кан нихт! Найн! (Мумкин нест!).
Баъди чанде зораву тавалло, таърифу тавсиф (Шун,шун! Гут, гут!) ва ғайраҳо каме ором шуда, назди раис даромада иҷозат пурсида мебарояд:
- Вартен зи бите айн, - мегӯяд. (Каме интизор шавед).
- Гут, гут,- мегуед шумо (Хуб, хуб).
Баъди чанде интизорӣ:
- Третен зи бите айн! – мегӯяд. (Марҳамат дароед).
- Данке! (Ташаккур).
Баъд вориди утоқи раис мешавед.
- Хай, Гитлер!
Қурбон Қурбоновичен, ки дастбанде бо нишони немисӣ дорад, аз ҷой хеста «Хай, Гитлер!»- мегӯяд.
Хуллас , баъди ҳал шудани масъалаҳо боз ба назди дар расида, рӯятро тарафи раис гардонда, дасти ростро боло бардошта:
«Хай, Гитлер!»- гуфта, аз утоқи раис мебароед. Ба назди дари баромадгоҳ расида, рӯятро тарафи котиба гардонда, дастро бардошта:«Хай, Гитлер! » мегӯед ва: «Алес гуте!» (Нағз монед) гуфта, баромада меравед…
Ана, бинед, ки агар дуои зани амаки Қудратуллои шӯроободӣ мустаҷоб мешуд, мо ба чӣ ҳолат гирифтор мешудем…
Хоҷаев Ҳақназар,
собиқадори соҳаи энергетикаи минтақаи Кӯлоб
тел: 918 93 74 76