ХАБАРИ ДОҒ

МАН ДАР ТАБАССУМИ ШУМО ЗИНДААМ

  • Чоршанбе, Май 26 2021

(Ба ёди Боқӣ Раҳимзода)

Моҳи май зодрӯзи чанд шоири маҳбуби мост-Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ ва..., ҳамаи онҳо бо ҳам дӯстии самимонае доштанд ва ба ғаму шодии якдигар шарик буда, аз меҳру муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигар шеърҳои дилнишине ҳам гуфтаанд. Банда дар бораи шахсият ва эҷодиёти онҳо бисёр навиштаам, ки дар китобҳоям ҷой доранд. Дирӯз, 15-уми май, зодрӯзи устод Боқӣ Раҳимзода буд. Ҳоло барои гиромидошти ёди устод сӯгномаеро, ки банда баъди даргузашташон навишта будам, бо як акс дар ин ҷо мегузорам. Ин акс соли 1979, дар рӯзҳои ҷашни 70-солагии устод Ҷалол Икромӣ, ки дар Бухоро ҳам таҷлил мешуд, дар назди мақбараи Исмоили Сомонӣ бардошта шудааст.

Дар акс: дар мобайн, бо айнак устод Боқӣ Раҳимзода, аз дасти росташон Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва банда аз канор...

 

Чанд рӯз аст, ки мо ба ин ҷаҳони зимистон, ба ин чеҳраи хираи табиат аз паси пардаи ашк менигарем, ҷаҳон аз шишаи чашмони мо мешораду мешорад. Чанд рӯз аст, ки мо бояд на ба худи Шумо, устоди азизу муборак, балки ба рӯҳи поку равшани Шумо муроҷиат карда сухан гӯем, аммо ин муяссарамон намешавад, чунки мо наметавонем ба ин зудӣ бо нестии воқеии Шумо ва танҳо мавҷудияти рӯҳониатон одат кунем.

Мо то ин вақт намедонистем, устоде, устоди азизу шарифи мо, ки бо хуштабъию зарофатгӯӣ, бадеҳаю шӯхиҳои худ моро чӣ қадарҳо хушдил медоштанд, метавонистаанд, ки моро аз он бештар хундил ҳам кунанд. Донистани ин ба мо хеле ва хеле гарон афтод, донистани ин аз одат кардан ба вафоти Шумо ҳам гаронтар аст.

Охир, аз сари аҳли адаб дасте кашида шуд, ки ҳамеша бо марҳамату шафқат дароз буд, охир, касе аз мо ҷудо шуд, ки ба мо падари бузургвор ва ба фарзандонамон бобои ғамхор буд, касе аз хонаҳои мо рафт, ки аксари мо бо шарофати ӯ ба хонадорию хонаободӣ расида будем, ӯ рафту аз ӯ хонаҳои ободи мо боқӣ монд...

Устоди азиз, моҳи июни соли гузашта ману оилаам дар саробӯстони дар Варзоб будаи нависандагон зиндагӣ мекардем, рӯзи истироҳат Шумо ҳам бо оила ва набераҳоятон омадед. Мо ба дидоратон рафтем, Шумо дар кати лаби дарё менишастед. Ҳамсарам духтарчаи якунимсолаамонро, ки ба ҳеҷ каси бегона намерафт, дар даст дошт. Шумо бо дӯстдорӣ дастатонро дароз кардед, ӯ ба тааҷҷуби мо бе ҳеҷ дудилагӣ худро ба рӯ дастатон партофт. Шумо ӯро рӯи зонуятон шинонда хеле навозиш кардед, вақте ки мо ба рафтан бархоста, ӯро аз Шумо гирифтанӣ шудем, ӯ бо мо омадан нахоста, гирист. Модараш ҳайрон буд. Пас, мо ӯро маҷбуран бардошта рафтем ва ҳамин ки дар рӯи ҳавлӣ ба замин гузоштем, ӯ бо қадамчаҳои ноустувор алвонҷ хӯрда, алвонҷ хӯрда ба сӯи ҳавлии Шумо роҳ гирифт. Ман ӯро аз роҳ доштам, ӯ ғаш карда гирист. Ва афсӯс, ҳоло ӯ намегиряду мо мегирем ва афсӯс, ҳоло модараш ба ӯ, ки акнун сухан ёд мегирад, бо гиря мегӯяд: Ту калон шавӣ, ман ба ту мегӯям, ки туро бобои Боқият бардошта буданд, ту аз он кас ба ман наомада гиря карда будӣ. Ва ӯ дар гиряи худ танҳо нест. 

Устоди азиз, Шумо дар бораи як муаллими деҳот, ки солҳои маҳви бесаводӣ кор мекардааст, нақле доштед. Рӯзе барои санҷиши кор ва дониши хонандагон аз район комиссия меояд ва дафтари қайди синфро гирифта мебинад, ки дар рӯ ба рӯи баъзе номҳо ҳарфи «М» навишта шудааст. Комиссия аз муаллим мепурсад, ки ин чӣ маъно дорад? Ҷавоб медиҳад, ки «меҳмонӣ рафтааст». «М»-и дигар чӣ маъно дорад?» боз мепурсанд аз ӯ.

Мегӯяд, ки «мурдаст». Шумо, устоди азиз, ҳоло барои набераҳои бисёратон танҳо ба «меҳмонӣ» рафтаеду бас...

Нақли дигари пандомез ва дӯстдоштаи шумо дар бораи се қабр буд, ки паҳлуи ҳам ҷой доштаанд. Дар лавҳи он қабрҳои ба андоза хеле калон яке даҳ, дигаре ҳашт ва сеюмӣ шаш сол умр дид, навишта буд. Мусофире мепурсад, ки ба кӯдакон чаро ин қадар қабрҳои калон кардаанд?

Ба ӯ ҷавоб мегӯянд, ки ин ҷо одамони калонсоле хуфтаанд, ки ҳар яке ҳафтод, ҳаштод сол умр дидаанд, аммо аз он фақат ҳамон қадарашро ба нафъи мардум гузаронидаанд, ки дар лавҳи мазорашон навишта шудааст. Дар лавҳи мазори Шумо, устоди муҳтарам, ки дар боғи Айнӣ воқеъ мешавад, ҳафтод сол умр дид, менависанд, ки аз зиндагии воқеии Шумо як рӯз ҳам кам нест. Умри рӯҳонӣ ва маънавиатон, ки ба асарҳоятон гузоштааст, бардавом аст. 

Шумо, устоди азиз, чанд вақт бо дили пора дар бистари беморӣ хобидед, аммо бисёр кам маъюсу маҳзун будед. Ҳар касе, ки ба аёдати Шумо роҳ меёфт, ба ҷои ғусса боз ягон ҳазлу шӯхиатонро ба худ мебурд, ӯ ба назди Шумо маҳзун омада, масрур мерафт. Ҳатто рӯзи видоатон ин ҳазлу шӯхиатон аз забони одамон гоҳ-гоҳ ба гӯш расида меистод. Шумо маргро, пеш аз он ки вай шуморо кушад, ба шӯхиҳои худ бозӣ-бозӣ куштаед...

Ман барои ба даст гирифтани асарҳои Шумо ба ҷевони китоб наздик мешавам ва ба сурати дар паси оинаи он буда менигарам. Ин суратро мо соли гузашта ҳамроҳ, панҷ нафар, ҳангоми сафарамон ба Бухоро, дар назди мақбараи Исмоили Сомонӣ гиронда будем. Шумо дар харак, дар байни мо нишастаед ва саратонро аз рӯи одат ба як тараф каме хам кардаед. Дар паси мо мақбара, ин осори безаволи халқи тоҷик, ҳамчун оромгоҳи ҷовидон намудор аст. Ҳоло аз паси пардаи ашк ба назари ман чунин менамояд, ки Шумо аз байни мо вазнинона мехезед ва ба сӯи ин оромгоҳи ҷовидон меравед ва аз дари ба рӯятон кушодаи он дарун медароед...

Ман аз хона берун меравам, ба чеҳраи маҳзуни зимистон менигарам, бо анбӯҳи мардум рӯ ба рӯ меоям, аммо наметавонам, ки чеҳраи маҳзуни Шуморо пеши назар биёрам, дар нигоҳи ашкбори ман Шумо бо табассуми латиф пайдо мешавед ва гӯё моро тасалло дода мегӯед; Ман зиндаам, ман дар табассуми шумо зиндаам!

Соли 1980.

Аскар Ҳаким

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter