ХАБАРИ ДОҒ

Номи «танки паррон» - ро одатан нисбати ҳавопаймои ҳуҷумкунандаи Ил – 2 истифода мебаранд, ки тайёраи ҷангии оммавитарини замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шуда буд. Лекин аксар бехабаранд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои сохтани танки ҳақиқии паррон кӯшишҳо шуда буд. Мошини беназири ҷангӣ номи «Танки паррони КТ – 1» ё А – 40 – ро гирифт.

Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ партизанҳои советӣ навоҳии томро дар ақибгоҳи Вермахт бомуваффақият озод мекарданд, вале ба «интиқомгирандагони мардумӣ» техникаи ҷангии вазнин намерасид. Ҳолатҳое буданд, ки партизанҳо дар ҷойҳои пештараи ҷанг танкҳои шикастаи олмонӣ ё советиро дарёфта онҳоро таъмир ва барои ҳуҷум бар зидди пулисманҳо истифода мебурданд. Охириҳо, ки силоҳи зиддитанкӣ надоштанд, одатан рӯ ба фирор меоварданд.

Ситоди марказии ҷунбиши партизанӣ фоидаро аз истифодаи танкҳо мефаҳмид. Лекин ба ҷойи дигар бурдани чунин техникаҳо аз тариқи хати ҷабҳа танҳо бо роҳи ҳавоӣ мумкин буд, аммо ҳавопаймоҳои нақлиётӣ чунин борро бардошта наметавонистанд.

Конструктори (тарҳкаши) машҳури советӣ Олег Антонов, ки шурӯъ аз солҳои 1920 бо сохтани дастгоҳҳои парвозкунандаи бе сарнишин машғул буд, хост ин проблемаи ғайристандартиро ҳал кунад. Тибқи баъзе маълумотҳо вай аз авлоди декабрист Дмитрий Антонов будааст. Дар аҳди шӯравӣ оилаи Антоновҳо аз насаби дворянҳо буданашонро пинҳон медоштанд. 

Соли 1923, дар синни 17 – солагӣ Олег худро дар «Ҷамъияти дӯстони Флоти ҳавоӣ» номнавис кард ва аввалин планёр (ҳавопаймои бе мотор) - и сохтаи вай бо номи «Голубь» («Кабӯтар») соли баъдӣ дар Қрим ба маъраз гузошта шуд.

Аз соли 1931 Антонов ба сифати сарконструктори коргоҳи планёрсозии Тушинаи Москва кор мекард ва баъди пӯшида шудани он соли 1938 дар Бюрои конструктории А. С. Яковлев ба фаъолият пардохт ва ба сохтани ҳавопаймоҳои сабук машғул шуд. Вале баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ талабот ба планёрҳои десантӣ ва нақлиётӣ ба миён омад. Масалан, барои расондани бор ба партизанҳо планёри пуррачӯбии соли 1941 сохтаи А – 7 – и Антонов истифода мешуд.

Барои ба ҷойи даркорӣ бурдани танки сабуки вазни камтаринаш 5,8 тонна ҳавопаймои тамоман дигар зарур омад. Конструктор ба танк мустаҳкам намудани боли биплании фарохиаш 18 - метра ва думи душоҳтираро бо болу пар дарёфт. Дарозии конструксия бо думаш 12 метрро ташкил медод.

Қуттии биплании болҳо ва шоҳтири думи ҳавопаймо ба бадани (корпуси) танкҳо дар чаҳор нуқтаи боли поёнӣ насб карда мешуд, - тасвир намудааст нақшаи А – 40 – ро биографи Антонов Николай Якубович. – Барои паст кардани муқовимати аэродинамикии ҳаво манора вақти васли планёр дар танк бо тӯп ақибнокӣ яла мешуд». Албатта онҳо мақсади бо тӯп дар ҳаво тир парронданро надоштанд. Дар дохили танк ҳавонавард – ронанда менишаст, ки маҳалро тавассути дастгоҳи махсуси оптикӣ мушоҳида мекард. 

Танки паррон винт (парра) надошт ва бояд онро ҳавопаймои вазнин кашида, ба ҳаракат медаровард. Нависанда Виктор Суворов дар китоби худ «Яхшикан» («Ледокол») зикр менамояд: «Пеш аз фурудоӣ ба замин муҳаррики танк ба кор медаромад ва тасмачарх бо суръати максималӣ тоб мехӯрд. Баъди фуруд омадан ба замин бояд болҳо ва дум аз танк ҷудо мешуданд».

 

Намунаи таҷрибавии КТ – 1 моҳи апрели соли 1942 дар Тюмен сохта шуд ва 7 – уми августи ҳамон сол озмоиши он дар аэродроми (фурудгоҳи) Институти парвозӣ – пажӯҳишӣ дар Жуковскийи назди Москва оғоз гардид.

Танки парронро бояд ҳавопаймои чормуҳаррикаи бомбаандози ТБ – 3 мекашид. Барои сабуктар кардани вазни танк аз вай манораро ҷудо карданд ва ба чалак (бак) на зиёдтар аз 100 литр бензин рехтанд. Дар марҳалаи якуми озмоиш бо иштироки планёрист – рекордсмен Сергей Анохин тайкунии масофа бо ядаккаш (буксир) ва парвоз бо баландии то чор метр иҷро шуд.

Ба бардоштани комили «танкопланёр» ва болаш 2 – юми сентябр кӯшиданд. Конструксия бидуни мушкилот парид, вале дар ҳаво маълум гашт, ки барои кашида, то ба 160 км/соат расондани суръати танки паррон қуввати ТБ – 3 намерасад. Муҳаррикҳои бомбаандоз тафсиданд. Сарнишини ҳавопаймо ба Анохин фармон дод ва вай ҷудо шуда, дар фурудгоҳи Бийково ба замин нишаст. Баъди дидани он ки дар хати парвоз мошини ғайримуқаррарӣ ҳаракат мекунад, кормандони фурудгоҳ ба воҳима афтоданд ва гумон карданд, ки ин десанти гитлерчиён аст. Анохин аз танк фуромада, одамонро ором кард.

Азбаски ҳамон вақт Иттиҳоди Шӯравӣ ҳавопаймоҳо – ядаккаш (буксир) - ҳоро бо иқтидори лозимӣ надошт, корро бо А – 40 қатъ намуданд. Партизанҳоро лозим омад, ки минбаъд ҳам бе танк биҷанганд.

Бояд гуфт, ки то Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва, ҳамчунин, дар ҷараёни он ИМА, Бритониёи Кабир ва Ҷопон барои сохтани танкҳои паррон таҷрибаҳо мегузаронанд, вале ба ягон кишвар сохтани варианти мукаммали он муяссар нагардид.

 

Pussian7. Ru

Таҳияи Умар АЛӢ

1.6.2021

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter