Ӯ акнун ба маънии томаш устоди ҳунар аст. Ба ҷуз садҳо шогирдони мактаби мусиқии бачагонаи ноҳия, дар театри халқӣ шогирдони ҳунарвар тарбият намуд. Ҳофизони бомартаба Маҳмадбек Ғаниев, Озодамоҳ Муҳтарамова, Абдусалом Раҳимов, Шокирҷон Қодиров, Хуҷамурод Кабиров, сарояндагони боистеъдод Олимҷон Азимов, Шарифамоҳ Холова, Сафар Раҳмонов ва дигарон аз зумраи шогирдони қобили ӯянд.
Як шохаи ҳунари устод Файзалӣ Ҳасан ин оҳангсозист. То ба ин дам ӯ беш аз 200 тарона сурудааст, ки ағлаби оҳангҳоро эшон эҷод намуда. Ҳамзамон овозхони мумтоз бо бастакорони номии кишвар Зиёдулло Шаҳидӣ, Хайрулло Абдуллоев, Фаттоҳ Одина (равоншон шод бод) ҳамкорӣ доштаву ба оҳангҳои эҷоднамудаи эшон сурудҳо сароидааст.
Пири кор имрӯз дар олами ҳунар барандаи асосии суннати шаҳдхонӣ (шоҳбайтсароӣ), дар пайравии устоди равоншод Одина Ҳошим маҳсуб меёбад.
Бахти баланде Файзалиро дар ҷавонӣ ёр шуда. Ӯ дар мактаби суннатии устод - шогирд ба камол расида. Ва акнун хушоянд, ки ин услубро дар ҷараёни таълимии шуъбаи сарояндагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов дар амал татбиқ менамояд. Сар аз соли 2005 Файзалӣ Ҳасан дар ин боргоҳи ҳунар шогирдони хешро касби сарояндагӣ меомӯзад.
Шоёни зикр аст, ки Файзалӣ Ҳасан ба бардоштани оҳангу сурудҳояш ба адвор кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Маҷмӯаи "Шукрона" ("Аржанг", 2010), китоби нотаҳои 50 суруду таронаҳо, "Меҳри Ватан" ("Аржанг", 2011), 40 оҳангу суруд дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон намунаи заҳматҳои эшон аст.
Моҳи августи соли 2012 Файзалӣ Ҳасан барои силсилаи сурудҳои ватандӯстӣ таҳти унвони "Домани имон, Ватанам!" сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ гардид...
Умари ШЕРХОН,
Адиб
ФАРҚИ ГОЛ АЗ ХОЛ
Шахсе аз Файзалӣ пурсид:
- Домулло, фарқи гол аз хол дар чист?
- Заб гаранг будаӣ - гуфт Файзалӣ - наход ҳаминро ҳам надонӣ. Дидӣ, ки тӯб ба дарвоза даромад, мешавад гол, бозӣ ки тамом шуд, мешавад хол!
МАСЛИҲАТ
Файзалӣ кам-кам аз касби агрономӣ ҳам хабар дошт. Аз ин хотир бригадири деҳа ба вай муроҷиат кард:
- Акаи Файзалӣ, пахтазорамонро алаф зер кардааст. Маслиҳат диҳед, чӣ кор кунем?
- Подаро ба дарунаш сар диҳед, мебинед, ки дар як дам пахта аз алаф топ-тоза шудааст, - маслиҳат дод Файзалӣ.
"МАН БАРБОС"
Файзалӣ меҳмони хуҷандиҳо мешавад. Дар як маърака мӯйсафеде, ки ӯро ғоибона мешинохт, самимона пурсупос менамояд.
- Шумо, писарам, тузук-мӣ?
Файзалӣ ҳайрон чӣ ҷавоб диҳад.
- Мегум, ки шумо тузук-мӣ, писарам, - суханашро такрор мекунад мӯйсафед.
Файзалӣ аз дил мегузаронад: "Мӯйсафед аз афташ маро навозишкунон "Шумо кучукча гуфта истодааст".
Мӯйсафед суолашро бори саввум такрор карданӣ буд, ки Файзалӣ пешдастӣ карда даст пеши бар гирифта бо тавозӯъ мегӯяд:
- Не, падарҷон. Ман ҳоло тузик не. Ман калонак шудагӣ. Ман барбос шудагӣ.
Мӯйсафед ҳайрон.
Файзалӣ аз посухаш қаноатбахш даст ба ҳалво мебарад…