ХАБАРИ ДОҒ

 

 (идома аз шумораи гузашта) 

Гирудор

Посе аз шаб нагузашта атрофи деҳаи Шингихоро милисаҳо печонда гирифтанд. Онҳо аз куҷое маълумот ёфтанд, ки Исмат командир дар хонаи дӯсташ Хол Сафаров-раиси ҷамоати Кулли Сӯфиён пинҳон шудааст.

Хонае, ки Исмат хоб буд, девори баланд дошт, милисаҳо ҳавлиро иҳота намуданд, аммо ҷуръати ба хона даромаданро накарданд.

Милисаҳо ба кофтукоби соҳибхона даромаданд, аммо ӯро ба зудӣ пайдо накарданд. Модарам дар хона буд. Аз ӯ пурсиданд, ки шавҳарат дар куҷост, вай намедонам гуфт. Ӯро зери шатта гирифтанд. Очаи бечораам зори ба зор мегирист, вале қоил намешуд. Ин ҳоли зорро ба падарам расонданд, вай маҷбур шуд, ки ба хона баргардад.

Пас аз омадани соҳибхона милисаҳо аз ӯ бо исрор талаб карданд, ки рафта ба дӯстат маслиҳат кун, то силоҳашро супорад, вагарна ҳамаатонро несту нобуд мекунем, падарам ду маротиба пеши Исмат рафт. Вай бошад ба таслим шудан розӣ набуд. Бори сеюм Хол Сафаров бо зориву тавалло гуфт:

- Ба фарзандони ман раҳм кун, хоҳӣ-нахоҳӣ илоҷи дигар надорем…

Исмат командир ниҳоят розӣ шуда, шамшер ва камонашро супурд. Милисаҳо гуфтанд, ки тапончаашро низ диҳад. Исмат мардона талаби онҳоро қонеъ кунонда, ба берун  баромад.

Ҳаво хунук буд, аз ин рӯ, аз хонаи амакам ҷомаеро оварда, ба Исмат пӯшонда, ӯро дар аспи худаш ва падарамро дар аспи ҳамсоя савор карда бурданд…

 

Аз нақли Хол Сафаров

Пас аз 10 соли маҳбусӣ падарам ба хона баргашт. Баъдҳо ӯ қисса мекард, ки нахуст дар маҳбасхонаи Кӯлоб маро бо Исмат командир дар як ҳуҷра нигоҳ доштанд. Пас аз чанд рӯз моро аз ҳам ҷудо карданд. Истинтоқкунанда-муфаттиши рус дар бораи Исмат маро саволборон кард. Ба ҳама саволҳояш  посух гуфтам, аммо он бетамиз пас аз ҷавоби ҳар савол маро як торсакӣ мезад.

Рӯзҳои аввали маҳбасӣ Исмат маъзарат хост: - Холмаҳмад, маро бубахш, ман  ба фарзандони ту ҷабр кардам…

- Моро дар алоҳидагӣ ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) бурданд. Аз ҳамон вақт ман дигар Исматро надидам.

- Дар  ҳақиқат Исмат барои бақои давлати нав, халқ корҳои шоён кард, вале замона чунон буд. Ману ӯ нисбати халқу Ватан гуноҳе содир накарда будем. Боиси рух додани ин ҳодиса  аслан аз ҷониби давлат ҳабс шудани Куфелд буд, - хулоса карданд падарам, - гуфт Абдулло Холов…

Саид Шамсулло аз пайвандони командир ёдовар шуданд, ки сипас якҷоя ба хоҷагии «Гулистон»-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ рафтем, Сафар Саидов замоне се сол дар ин хоҷагӣ роҳбар будааст. Халқ «раис омад» гуфта, хуш истиқбол гирифтанд. Ман аз қадрдонии халқ хушҳол гаштам. Ба якчанд хонаи қадрдонҳои раис рафтем. Онҳо ба худ ҷойи нишаст намеёфтанд.

Раиси Сафар Саидов дар зарфи се соли роҳбарияш дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, мумфарш намудани роҳҳо, сохтмони мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ, боғчаю яслиҳо, инчунин ба пешрафти иқтисодиёти хоҷагӣ саҳми босазо гузошта будааст.

Ниҳоят дар хоҷагии «Гулистон» ба хонаи писари Исмат командир Ҳикматулло (1938-2003-У.Ш) омадем. Маълум гашт, ки аз Исмат ду фарзанд: Ҳикматулло ва Хосият монда будааст. Мирзоева Сайрам оилаи Ҳикматуллоро  пайдо карда натавонистем.

Мӯсоев Ориф (тав.1947) падарандари Ҳикматулло будааст. Аз вай фарзандон: Муҳибулло, Кароматулло, Неъматулло, Убайдулло, Савлат ва Манзура боқӣ мондааст. Ҳикматулло як сол пеш фавтида будааст. 

Аз суҳбат бо авлодон маълум гашт, ки аз Исмат командир дар хона на расме ва на ҳуҷҷате боқӣ намондааст. Онҳо дар бораи ҷадди худ барге маълумоте надоштанд…

Баъди ин сафар барои аниқ кардани рӯзгори фарзанди шуҷои Ватан Исмат командир ба шаҳраки Кангурт, ба хонаи тағоии шердил Нусрат Саидов рафтем. Мавсуф чунин қисса кард:

- Исмат Халифа соли 1904 дар Кангурт таваллуд шудааст. Оилааш Хосият  (?), аз онҳо ду фарзанд: писараш Ҳикматулло ва як духтар боқӣ мондааст.

Исматро 16 феврали соли 1938 ба ҳукми суд қатл кардаанд…

Аз рӯи маълумоти ҳизбӣ, аз 28 марти соли 1990 таҳти №103/35 маълум шуд, ки Исмат Халифаев (Исмат командир), таваллудаш 1904, мувофиқи қарори КМ ҲК Тоҷикистон аз соли 1930 то 21 ноябри соли 1937 номзад ба аъзогии ВКП (б) будааст. Дар ин давра ӯ ба сифати муфаттиши ноҳияи Кангурт кор мекард. 

Аз нав ба сафи ҳизб барқарор карда шудааст. Инчунин бо Қарори Суди Олии РСС Тоҷикистон аз 20 феврали соли 1959 доғи судиаш бардошта, сафед карда шудааст.

Ҳикматулло бо Сайрам хонадор мешавад. Фарзандони ӯ бо номи пияндараш Мусоев Ориф гузаштааст. Мусоев низ дар ноҳияи Балҷувон раиси ҷамоат будаву баъдан ба водии Вахш мекӯчад. Аз Ҳикматулло сар карда, ҳамаи фарзандон бо ин насаб шаҳодатнома гирифта будаанд.

(давом дорад)

Умар Алӣ, адиб

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter