ХАБАРИ ДОҒ

 

Исмат Командир падараш ӯзбек, модараш Ҳикоят – духтари Сӯфиабдураҳими Чавроғӣ, аз собиқ ноҳияи Кангурт аст. Исмат соли 1896 (?) дар деҳаи Чавроғи Поёни Кангурт ба дунё омадааст.

Маълумотнок буд, бо алифбои ниёгон ва лотинӣ мехонду хуб менавишт. Дар барқарорсозии сохти нав бар зидди босмачиҳо  мубориза бурдааст. Нахуст сардори отряд, баъд роҳбари милисаҳои Кангурт шуд. Ӯ бар зидди душманони халқ муборизаи беамон мебурд.

Ба тахмин соли 1929 вақте ки босмачиҳо аҳолии деҳоти Чавроғ, Қизилбулоқ, Кӯчаи Поиро талаю тороҷ мекунанд, домуллоҳо: Муҳиддин, Ҳалим, Қорӣ  Саъдулло, Қорӣ Кароматулло ва чанде дигар ба онҳо мефаҳмонанд,  ки ин рафтори шумо аз рӯи адолат, инсоф ва талаботи дини мубини ислом нест.

Онҳо мегӯянд, ки домуллоҳо ба деҳаи Пуштаи Мазор бароед, бо шумо дар он ҷо маслиҳат мекунем. Домуллоҳо аз найранги босмачиҳо бехабар ба ҷойи таъйиншуда мераванд. Онҳо Мулло Муҳиддин, Саъдулло, Қурбон, Баҳриддин ва чанде дигарро сар мезананд. 

Сардори отряд Ғуломи Мерган зидди Исмат командир кор мебурд…

Солҳои 30-юми асри ХХ Куфелд (миллаташ тотор) сардори НКВД –и ноҳияи Кангурт  буд. Ӯро баъдтар сардори раёсати НКВД-и РСС Тоҷикистон таъйин карданд.

Соли 1937 ба ҷои ӯ Исмат командирро сардори НКВД-и ноҳияи Кангурт таъйин мекунанд. Пас аз гирифтани вазифа Куфелд ба Исмат мактуб навишта, хоҳиш менамояд, ки ба Сталинобод, ба назди ман биё, аммо вай  хоҳиши ӯро рад кард.

Ин дархост ва меҳрубонии Куфелд  нисбати Исмат сабаб дошт. Чанд сол қабл Куфелд дар яке аз муҳорибаҳо бо босмачиён, дар ҳудуди ноҳияи Данғара  дар муҳосира мемонад. Ана дар ҳамин лаҳзаи ҳассос Исмат командир ӯро аз марг наҷот медиҳад.

Исмат оиладор, соҳиби як писар буд (таваллудаш 1938). Худаш (Исмат командир) ҷавонмарди қоматбаланд, паҳлавонҷусса, доимо чеҳраи кушода дошт. Нисбати халқ ва давлат ғамхор буд. Шахсан  аз касе нашнидаам, ки нисбати ин марди ғаюр дар вақти ҳаёт ва баъди маргаш ягон сухани носазо гуфта бошад.

Аҳли байти Исмат дар собиқ колхози ба номи Маленкови ноҳияи Вахш зиндагӣ мекард. Алҳол дар бораи онҳо  маълумоти дигаре надорам…

Дар он солҳо Ғуломи Мизроб раиси ҷамоати Давлатшоён буд. Ба Исмат мегӯяд, ки ба Сталинобод наравед. Агар равед, нест мешавед. Нарафтанаш сабаби гумроҳии Исмат буд.

Ҳамон давра Шамсулло Ҳошимов раиси колхоз буд. Исмат командир бо вай маслиҳат накарда, аспи (ҳайғури) бо пули гарон харидашударо аз хонаи Сафаралӣ Сӯфиев (додари Муллосӯфӣ) гирифта мебарад. Аз ин сабаб, раиси колхозро бо шоҳидии дигарон 14 ноябри соли 1937  ба маҳкама кашиданд.

Исмат командир, Бозор командир ва Қӯйбоғар командир дар Хами Граҳатоз, наздикии деҳаи Чилча як моҳ мегарданд. Сипас Исмат аз онҳо ҷудо шуда, ба деҳаи Қизилгузар, баъд ба Шингихо меравад.

Бозор бошад Қӯйбоғарро паронда, худро сафед карданӣ мешавад. Исмат аз ин ҳодиса бохабар гашта, ба орган хабар медиҳад. Онҳо Бозорро қапида, зиндонӣ мекунанд. Бозор 14 сол дар маҳбас шишта озод шуд. Ҳоло дар қайди ҳаёт нест. 

Ба фикри ман, онҳоро, яъне аввал Куфелд, баъд Исмат командирро дар шаҳри Сталинобод ба қатл расондаанд. Мардуми калонсоли Кангурт иброз медоранд, ки  ҷавонмарде мисли Исмат командир дар байни халқ кам мерӯянд

*Аз нақли муаллими собиқадор Ҳикматулло Абдурафиев, зодаи деҳаи Чавроғи Кангурт (с.т. 1904), ноябри соли  2009, Кангурт.  

  

Эпилог.

Натиҷаи ин сафар ба некӣ  анҷом пазируфт. Саид Шамсулло аз ин сафар як акси ба андозаи 4х6 –и пуркидаи «ранкостаи» Ҳикматулло, писари Исмат командирро овард. Бо назар ва маслиҳати ин ҷониб рассоми ҷавони рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»  Меҳроб Азим акси қаламии командирро 11.9.2016 барқарор кард. 

Аз рӯйи нақли пайвандон ва шоҳидони ҳол Ҳикматулло «каллаву кандаи»  (нусхаи) падарро мемондааст. 

 Баъди ин ҳама ҷустуҷӯ, сафардидаҳо тавъам бо рӯзгори яке аз кормандони ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ Саид Шамсулло ба дасти чоп рафт. (Умари Шерхон «Мурод», Душанбе, «Шарқи озод», 2012)                      

 

Умар Алӣ

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter