ХАБАРИ ДОҒ

Шингиле аз дорандаи «туморчаи доминиён»

Борон Гадо. Ин номро бори аввал аз забони дӯсти дерин Қиёмиддин Саидхоҷа даҳ сола қабл шунида будам. Мусоҳиб бо фахр изҳор дошт, амаки Борун (ба лаҳни мардуми Тавилдара) зодаи деҳаи сарбаафлоки Пағула (пайғӯла, байғӯла) - и Тавилдараи саргаҳи Ёхсуи Ховалинг, чолишгари мубориз, ҳамсафи Карим қаҳрамон (Сайдаҳмад Каримов), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 мебошад.

Пас аз он нишаст ин ном гоҳу ногоҳ, ҳини дидору суҳбатҳо бо мардони кӯҳистони баланд оид ба диловарию матонати ҷавонмардони арсаи набард, ёд мешуд. Аз он боб, ки Борон Гадо иштирокчии ҷанг буду дар қисми разведка (иктишофгар) хидмат ба ҷо оварда, медонистам. Ва дил доштам, ки аз рӯзгори ҷангии айёри пурмаҳорат матолибе рӯи коғаз биорам.

Моҳи майи соли 2014 аз боби диловари арсаи набард матлаби фарҳангшиноси ошноеро мутолиа намудам. Аз байн чанде нагузашта мусавадаи маҷмӯаи Қиёмиддин Саидхоҷа «Аз Пағула то Сталин» дар ихтиёрам шуд. Ҳини таҳрири китоб бо номи ошно – Борун Гадо (айнан) вар хӯрдам.

Инак, аз хусуси шермард. Зӯрманди тоҷик соли 1899 чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар деҳаи Пағула ба воя расидааст. Соли 1939 ӯро ба сафи Армияи Сурхи коргару деҳқон даъват мекунанд. Савганди садоқатро ёд карда буд, ки байни СССР ва Финляндия ихтилоф сар зад ва тоҷикписар бар зидди финҳои сафед дар набард шуд. Он ҷанг ҳамагӣ чор моҳ идома ёфт.

То анҷоми хидмати аскарии пурдил моҳҳои башумор монда буд, ки 22 июни соли 1941 Германияи гитлерӣ ба сарзамини давлати Шӯравӣ – СССР ҳуҷум овард. Борон андешаи роҳатро пушти сар монда, самти хидматашро тағйир дод ва бо душмани манҳус дар набард шуд. Панҷ сол алайҳи фашистони малъун, дар набардгоҳҳои Украина, Белоруссия, ҷамоҳири назди Балтик, Полша ва Германия ҷангида, дар озод намудани садҳо шаҳру деҳоти мамолики Аврупо иштирок намуд.

Диловари тоҷик, старшина Борон Гадо рӯзи Ғалабаро дар лонаи гитлерчиён, шаҳри Берлин истиқбол гирифт ва сипас зафарёр бо сари баланд ба Ватан баргашт. Чанде дар зодбум заҳмат кашид, аммо боди рӯзгор ӯро ба самти дигар андохт. Ва ӯ аз соли 1953 то соли 1983 дар шаҳраки Ховалинг зиндагӣ ихтиёр карда, дар ин макони биҳиштосо хонаву дар, оила бунёд намуд.

Солҳои охири ҳаёт таҳамтан биноҳои назди Чилчанори Ховалингро посбонӣ мекард ва басо рамзист, ки ӯ дар рӯзи иди Ғалаба – 9 майи соли 1983 ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд…

Борон Гадо яке аз фарзандони ҷасуру номвари диёр, сарбози матинирода байни иштирокчиёни ҷанг дар ноҳияи Ховалинг маҳсуб меёфт. Хизматҳои ӯ дар размгоҳҳои он ҷанги пурдаҳшат ва ғалаба бар фашистон беназир аст. Вай дар корзор – замони мудҳиши арсаи набард ҷон бар каф бар зидди гитлерчиён ҷангидааст.

Аҷобатест, ки ӯ аз оғози набардҳои нахустин дар корзор имзои шахсии худро «воен» (ҷанговар) интихоб карда буд. Аз он ба баъд, то охири умр, дар ҳуҷҷатҳо худро «воен» менавишт. Ҳини гузоштани имзо Борон Гадои матинирода ҳамоно «воен» менавишт, - ба ёд меовард зиндаёд Сайдаҳмад Каримов…

Сар аз соли 1943 дар сангарҳои сангину даҳшатнок Армияи Сурх ба  пирӯзӣ ноил гашта, ҳоли гитлерчиёнро табоҳ кард. Душман акнун пуштгардон, рӯ ба гурез ва сарбозони шӯравӣ дар таъқибу нобудсозии аду бо ғайрати даҳчанд меразмиданд.

Аммо ба ҳар навъ, муҳорибаҳо шадиду тунду тез буданд.

Пас аз задухӯрдҳо дар сарзамини Белоруссия мустақар ва ҳамоно дар разм будем, ба ёд меовард Карим қаҳрамон. Боре ҳамчун фармондеҳи дастаи разведкачиён баҳри муайян намудани мавқеи душман – аниқият дар назди дарёи Припят, пешорӯи ҷангалистони Брянск, наздикии кӯли Королевскийи Белоруссия супориши оҷил гирифтем…

Иктишофгарон аспсавор ба роҳ баромаданд. Посе аз шаб, гирду ванаро пардаи торикӣ пӯшонда буд. Даруни ҷангалзор даста аспҳоро баста дар тараддуд шуданд. Ба назар ҳама ҷо сокит метофт. Гоҳ – гоҳе шамоли нармаке вазида, навдаҳои дарахтонро ба ҷунбиш меовард.

Пуштаеро нишемангоҳ қарор доданд. Сайдаҳмад аз болои теппа заминҳои ҳамвори пешорӯ, хатти ҷабҳаро бо дурбин назора ва ба ҳар як ваҷаб замин, соя, ҷунбиш, тарҳ ва ҳаракат бо диққат дида медӯхт.

Вақт дар шитоб буд, аммо ӯ ҳамоно собит метофт. Фармондеҳи зираку чуст пурсаброна бо дурбин аз самти муқобил чашм намеканд. Баногаҳ дар назараш суробе намуд. Зеҳн монд, низомие ба бар либоси душман, аниқ «фритс» аст, хулоса бурд ӯ.

Ҳамоно аз суроб чашм намеканд ва дар сар фикри палпечон намудани «забон» - ро дошт. Мавқеъ ва масофаро дар мизон баркашид. Ҳамроҳонашро ба ҳолати омодабош амр дода, нақшаи ҳамларо фаҳмонд.

Ба назар «фритс» чусту чолок метофт, болобаланд ва шонапаҳн. Онҳо эҳтиёткорон роҳӣ шуданд. Ҳариф аз мавҷудияти даста бехабар буд. Торафт наздик мешуданд онҳо. Фурсате қарор монданд. Сайдаҳмад дурбинашро аз қуттичааш раҳо карда, ҳолати душманро дар риштаи таҳқиқ кашид. «Фритс» дар шамолпаноҳе орамида буд. Даста истеҳкоми душман буданашро баъдтар фаҳм бурданд.

Иктишофгарон бо фармони командир ором аз чанд самт ба пастхамӣ мехазиданд. Барои зинда дастгир кардани «забон» тирпаронӣ иҷоза набуд. Сайдаҳмади чусту чолок мисли озодапаланг болои «сайд» хез гирифт. Онҳо бо ҳам дар набард шуданд. «Фритс» - и неруманд бар зидди ӯ усули сари севҷиро истифода бурд. Ҳар ду ҳалук ба ҳалук шуданд. Сайдаҳмад эҳсос намуд, ки ҳарифаш гӯштигири зӯр аст. Пас аз лаҳзаи зӯрозмоӣ Сайдаҳмад бо ҳилае ҳарифро ба замин ғалтонда бе яроқ гардонд.

Командир бо лафзи канда – кандаи немисӣ ба дуғу пӯписа гузашт. «Фритс» низ бо забони немисӣ ҳарчи – ҳарчи мегуфт. Бо азобе иктишофгарон дастҳои «забон» - ро маҳкам паси пушт баста, пешандоз карданд. Дами субҳ даста ба қароргоҳи расида, асирро ба шуъбаи махсуси қисм, ба майор Габитов таслим намуданд…

Пас аз наҳор ба истинтоқи «забон» пардохтанд.

- Ному насаб? – пурсид командир.

- Борун Гадоев, - ҳадаҳа посух гуфт «асир».

- Чӣ? – дар ҳайрат шуд афсар.

- Борун Гадоев, акаи Каримуф, - афзуд душман бо забони тоҷикӣ ва хост худро ба оғӯши мусоҳибаш партояд.

- Ист! – бонг зад командир.

«Фритс» ночор дар ҷояш шох монд…

Пас аз пурсуҷӯй муайян гашт, ки «фритс» ҳуҷҷати махсусе бо худ доштааст, ки онро «туморчаи доминиён» (ба таъбири Сайдаҳмад Каримов) меномиданд. Дар он туморча маълумоти мухтасар нисбати соҳибаш сабт ёфта…

Аз рӯи нақли асир маълум шуд, ки вай иктишофгари советист. Ҳарчанд айёр буданаш маълум шуда бошад ҳам, қиссаи ӯ таҳқиқи иловагиро тақозо дошт. Ҳин сарбози шӯравӣ – разведкачӣ будани «фритс» исботи худро ёфт. Дастаи иктишофгарон аз ин навид хушнуд гаштанд.

Чун Сайдаҳмад боварӣ ҳосил кард, ки асир «фритс» - и худӣ будааст, ҳамватанро ба бағал гирифта хушҳолӣ кард. Ӯро бо худ бурда, аз тамоми нуқлу навои аскарӣ (паёки сарбозӣ) зиёфат дод.

То охири ҷанг, дар рафти ҳарбу зарб Сайдаҳмад ва Борон ду маротибаи дигар бо ҳам вохӯрданд. Борон аз аввал дар қисми пиёдаскарон, баъд дар разведка хизмати аскариро поён бурд.

Пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ онҳо ба зодбум баргаштанд. Сайдаҳмад ба ноҳияи Ховалингу Борон ба Тавилдара. Борон соли 1953 ба Ховалинг кӯчида, то охири умр – соли 1983 дар ин диёр, дар наздикии бародари ҳамсангараш Сайдаҳмад Каримов умр ба сар бурд.

Фарзанди матини кӯҳистон Борон Гадо марди далеру нотарс буд. Софдиливу ростқавлиашро наздикону ошноҳо ба хубӣ медонистанд ва эҳтироми сарбози диловарро ба ҷо меоварданд. Меҳнатдӯстиву хоксорӣ ва парҳезкориаш аз дида ниҳон намемонд. Обруманд буду бологузар.

Сарбози диловар Борон Гадо бо забони немисӣ озодона ҳарф мезад. То ба охир худро «воен» мехонд ва дар тамоми санаду ҳуҷҷатҳо ҳини имзо чунин менигошт: «воен». Ва ба ин рамзи ҷангӣ сахт эҳтиром мегузошт.

Хизматҳои ҷангии старшина Борон Гадо бо медалҳои «Барои озод кардани Варшава» (17.1.1945), «Барои ишғоли Берлин» (2.5.1945), «Барои хизматҳои ҷангӣ» (9.4.1946) ва медалҳои ҷашниву ифтихорномаҳо қадр шудааст.

Пайвандони чолишгар – ҷанговари шуҷоъ: Сунатулло, Исматулло, Хайрулло, Раҳматулло, Фатҳулло, Тоир, Зоир ва набераву абераҳояш давоми умри шердиланд ва чароғи хонадони ҷадди хешро фурӯзон нигоҳ медоранд.

 

Умари ШЕРХОН

27.7.2021    

 

      

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter