Охири солҳои 20 – уми асри ХХ барои барпо намудани сохти давлатӣ дар кишвар 25.000 мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқи Осиёи Миёна, аз шаҳри Тошканд ба Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Алӣ Файзиев низ аз зумраи чунин соҳибкасбон буд, ки ҳаёти хешро пурра дар ободонии ҷумҳурии тозамустақил, ба вижа ноҳияи Данғара бахшид.
Алӣ соли 1904 дар оилаи деҳқон, коргари роҳи оҳани ноҳияи Пролетари шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Ӯ то соли 1917 дар тарбияи волидон буд. Соли 1916 модараш аз дунё мегузарад. Як сол пас падарашро казакҳо мекӯшанд. Ҳамин хел Алӣ дар 13 – солагӣ бепарастор мемонад.
Рӯзе як шиноси падараш, коргари роҳи оҳан, челонгар Резников ба сағираи бепарастор раҳмаш омада, Алиро ба хонааш, ба шаҳри Чкалов мебарад. Бо кумаку дастгирии дӯсти падараш вай коргари заводи ҳарбии консертайёркунӣ мешавад. Ҳамзамон дар мактаб хонда хату савод мебарорад.
Соли 1921 ба шаҳри Тошканд баргашта, дар хонаи Мирзоалимбой ном шахс дастёр мешавад. Бой ба ӯ музд намедод ва Алӣ то соли 1924 дар хонаи ҳамин бой мемонад. Баъд ба хизмати бойи дигар - Қувватбой мегузарад. Барои як бурда нон шабу рӯз заҳмат мекашид. Қувватбой шахси золиму бераҳме буд ва ӯро ҳамчун ғулом истифода мебурд. Музд намедод. Ҳамин тавр вай то соли 1926 дар ҳамин хонадон бори заҳмат бар дӯш дошт.
Ба 22 – солагӣ қадам ниҳода буд, ки ӯро ба хизмати аскарӣ гирифтанд. Соли 1927 Алӣ Файзиев узви ВКП (б) шуд. Солҳои 1926 – 1928 хизмати ҳарбиро дар шаҳрҳои Бухоро, Тирмиз ва Самарқанд сипарӣ намуд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ, солҳои 1928 – 1929 дар шаҳри Тошканд ба сифати милитсионер фаъолият кард. Дар ин миён ӯ курси ронандагиро низ ба поён расонд.
Соли 1929 Алӣ Файзиевро дар қатори 25.000 нафарон аз ҷониби зернотрести РСС Ӯзбекистон ба РСС Тоҷикистон сафарбар намуданд. Алӣ барои барпо кардани сохти давлатӣ дар совхози ғаллакории «Данғара» ба фаъолият пардохт. Ҳамин тавр Алии тошкандӣ дар синни 25 – солагӣ сокини ноҳияи Данғара шуд ва то охири умр дар ҳамин диёри мардсоз кору пайкор дошт.
Дар оғози фаъолият душвориҳои зиёд пеш омаданд. Замин ҳоло ҳам дар ихтиёри бойҳо буд. Ҳини ташкил кардани совхоз ва аз дасти бойҳо гирифтани замин Алӣ 18 зарбаи корд хӯрд. Ӯро дар чалак (бак) – и сӯзишворӣ бастанд. Нишонаю захми азобу шиканҷа, пайи корд дар рӯй, бозу, дасту ангуштон, қабурғаҳо то ба охири умраш боқӣ монданд. Бо чунин душвориҳо совхози ғаллакории «Данғара» қомат афрошт. Алӣ Файзиев дар ин хоҷагӣ ҳам ронанда буду ҳам челонгар.
Солҳои 1932 – 1933 челонгар, 1933 – 1936 мудири базаи нафти совхоз, 1936 – 1937 челонгари совхоз, 1937 – 1938 челонгари МТС – и ноҳияи Данғара буд.
Соли 1938 бо роҳхати кумитаи ҳизбии ноҳияи Данғара ба совхоз – техникуми Сталинобод шомил шуда, соли 1940 ҳунаристонро дар 36 - солагӣ тамом кард.
Баъди хатми мактаб КМ ҲК Тоҷикистон Алӣ Файзиевро бо роҳхат ба ихтиёри райкоми Данғара фиристод. Кумитаи ҳизбии ноҳия ӯро ба сифати муовини мудири шуъбаи кадрҳо пазируфт.
Моҳи августи соли 1940 ин вазифа ихтисор ва ӯро инструктори шуъбаи кадрҳо таъйин карданд. Дар ин вазифа то соли 1949 кор кард.
Алӣ Файзиев моҳи феврали соли 1949 инструктори райком таъйин шуд. Ӯро ба ташкилотҳои иттифоқи касаба ва комсомолӣ вобаста карданд. Аз соли 1944 ҳамзамон дар ноҳияи Данғара, ҳамчун шахси боваринок вазифаи намояндагии Главлити Тоҷикистонро ба дӯш дошт.
Чуноне баъдҳо мавсуф қисса карда буд, вақте ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд, ҳамаи хешу табор, ҳамсар ва ду писараш аз ӯ рӯй гардонданд. Дар назди вай ду роҳ буд: хешу табор ё Тоҷикистон. Солҳои баъдӣ якчанд маротиба меҳмонӣ рафт, аммо онҳо Алиро напазируфтанд. Ва ӯ бо ҳамин то охири умр ба Тоҷикистону тоҷикон монд.
Хизматҳои шоёни Алӣ Файзиев бо чандин грамотаву ифтихорномаҳо, Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии СССР, медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945», «Барои меҳнати шоён ба муносибати 100 – солагии зодрӯзи В. И. Ленин» қадр шудааст.
Розия Алиевна Азғарова, фарзанди ин марди шуҷоъ солҳои дароз дар шаҳраки Данғара ба сифати омӯзгор фаъолияти пурсамар дошт.
Умари ШЕРХОН,
10.8.2021