Пас аз хатми мактаб ба зодгоҳ роҳ гирифтанд.
Дар зодбум мардум ҳамоно бо дили афгор азизони хешро ба ҷабҳа мегуселонданд. Фашистон чандин вилояту кишварҳои аврупоии давлати шӯравиро таҳи по карда буданд. Сафарбаркунӣ ба фронт идома дошт. Моҳҳои аввали ҷанг аз деҳаи Оқсу даҳҳо ҷавонмардон ба ҳимояи ватани паҳновари хеш ба ҷабҳа рафтанд. Мардуми миёнсол низ яке пайи дигаре ба фронт мерафтанд. Дар сафи ҷавонмардон падари Моҳлиқо-амаки Қурбонро низ комиссариати ҳарбии ноҳия даъватнома дод.
Моҳлиқо ва Ашӯрбӣ
Корҳои саҳроӣ бар дӯши пиронсолон ва духтарон қисмат шуд. Моҳлиқо ва Ашӯрбӣ ҳам дар кори хоҷагӣ дасти остин барчиданд. Онҳо дастӣ ғалла медаравиданд, бо чигина ба хирманҷо мекашонданд. Баробар бо мӯйсафедон чун деҳқонони кордида бо чапару барзагов хирман мекуфтанд. Ғаллаи тозакардашударо ба ароба бор карда ба заготзернои ноҳияи Данғара месупурданд.
Бо омад - омади фасли тирамоҳ замин шудгор карда, тухмӣ мепошиданд, молаю чапар мекарданд. Хуллас заҳмати онҳо ба қавл гирдгардон буду шабу рӯз заҳмат мекашиданд.
Соли 1942
Дар МТС -и ноҳияи Данғара аввали соли 1942 курси шашмоҳаи ронандагони тракторро таъсис доданд. Аз рӯи нақша роҳбарият мебоист аз ҳисоби духтарон ба ин курс донишҷӯ ҷалб мекарданд. Боз ҳам душворӣ пеш омад. Ҷалби духтарон ба ин курс гарон афтод. Аммо дигар чорае ҳам набуд. Вазъияти душвори ҷангӣ, камбуди дасти корӣ роҳбариятро маҷбур мекарданд, ки духтаронро ба ин кор ҷалб намоянд. Маъмурияти ноҳия барои ҳал ва роҳандозии ин кор ташкилотҳои ҳизбию комсомолӣ, маъмурияти савхозу колхозҳо вазифадор намуданд.
Бо ҳамин васила хоҷагиҳо духтаронро номнавис мекарданд. Ҳини ҷаласаи навбатӣ дар деҳаи Оқсу аз байни духтарон нахуст ду ва лаҳзае пас боз ду нафари дигар боло шуданд. Роҳбарияти колхоз дар назди масъулони ноҳия ваъда доданд, ки ба духтарон аз ҷиҳати моддӣ ёрӣ мерасонанд.
Духтарони фаъолу пешрав Моҳлиқо, Ашӯрбӣ, Холмоҳ ва Сабзагул дар сафи пеш қарор гирифтанд.
МТС
Як дастаи духтарон - шунавандагони курси тракторчигии МТС бо рахти хоб, бинои таълимӣ, омӯзгорон аз шумули мутахассисон – кормандони русзабони стансияи мошини – тракторӣ таъмин гардиданд.
Чун Моҳлиқо ва Ашӯрбӣ бо забони русӣ балад буданд, онҳо ба ҷои шаш се моҳ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Охири моҳи сеюм санҷишҳоро супурда, имтиҳонҳои хатмкуниро низ бо сарбаландӣ пушти сар карданд ва дар вазъияти тантанавӣ соҳиби шаҳодатномаи трактористӣ шуданд.
Боре яке аз муаллимони курси омӯзишӣ Карим Парпиеви тошкандӣ ба журналистӣ варзида Файзуллои Убайдулло (равонашон шод бод) иброз дошта буданд, ки Моҳлиқою Ашӯрбӣ мавзӯҳои ҳаррӯзаи хешро сари вақт аз худ мекарданд. Тамоми қисмҳои тракторҳои ХТЗ ва ЧТЗ -ро озод ва мустақилона кушода, аз нав ҷо ба ҷо мекарданд. Дар курс духтарони дигар низ буданд, вале Моҳлиқо ва Ашӯрбӣ бо лаёқат ва фаҳмиш аз ҳамсабақон чанд сару гардан боло меистоданд.
Озмоиш
Холаи Моҳлиқо қисса мекарданд, ки ӯро ба трактори ХТЗ -и Али Қурбонов (?) ном марди миёнсол ёрдамчӣ монданд.
Фаъолияташ аз устохона, аз таъмири асосии трактор оғоз ёфт, аммо устодаш ӯро ҳамоно ба трактор наздик шудан намемонд. Ҳама корхоро худаш ба субут мерасонд.
Рӯзе Алӣ қисмҳои тракторро кушода, болои замин титу парешон гузошта буд ва худ кадом як мурватеро кушоданӣ мешуд. Моҳлиқо оҳиста болои сари устодаш рост шуда, ба ҳаракатҳои дасти ӯ зеҳн монд. Алӣ ҳис кард, ки шогирд ба кори ӯ аҳамият медиҳад ва пурсид, ки бекор мондаӣ ва амр кард, ки сатили керосинро гиру «рама»-и тракторро тоза кун. Моҳлиқо дастҳояшро мушт карда фикри хешро баён дошт, хубаш сараввал «дилу ҷигари» тракторро шустан зарур будагист.
Алӣ розӣ шуд. Моҳлиқо қисмҳои асосии тракторро пайи ҳам шуста, тоза карда, ба тартиби муайян назди устодаш чид. Бо дархости Алӣ ба анбори қисмҳои эҳтиётӣ рафт ва худ мурвату қисмҳои заруриро интихоб кард. Устодаш он ҳамаро хуш қабул дошт. Моҳлиқо бо тоза кардани калиду қисмҳои трактор пардохт. Тарзи гирумон ва тозакориаш ба устодаш мақбул афтод. Бо ҳамин боварии муаллимашро сазовор гашт.
Мустақилият
Баҳори соли 1942. Моҳлиқо ва Алӣ дар ҳайати бригадаи трактории И.С. Силкин ба саҳро баромаданд. Кори шогирди дирӯза аз кишти чигит сар шуд. Бо фармони директори МТС Александр Архипович онҳоро ба колхози ба номи Фрунзе роҳнамун сохтанд.
Моҳлиқо мустақилона бори аввал пушти фармони трактор нишаст ва ба шудгори замин оғозид. Аҷаб ҳиссиёти гуворое, як мошини калони оҳанӣ дар ихтиёри духтараки деҳотӣ ғулғула афканда ҳаракат мекард. Кори аввали Моҳлиқо ва ҳамкоронаш дар зарфи се-чор шабонарӯз шудгор кардани қитъаи 30 гектараи замини деҳаи Оқсу буд. Қитъаи муайянро дар якҷоягӣ бо деҳқонон шудгор карданд. Баъдан дар кишти чигит дар колхозҳои ба номи Будёний, «Иттифоқ», «Аскари сурх» саҳм гирифтанд.
«Ҳодиса»
Охири соли 1943. Яке аз шабҳои маҳтобии тирамоҳӣ Моҳлиқо бо трактори ХТЗ -и худ замин шудгор мекард. Садои трактори ӯ дар дили шаб ба дуриҳои дур танин меандохт. Дар рӯшании маҳтоб аз ҳуҷраи кории раиси колхоз замини деҳаи Қизилсой, ҳаракати бонизоми трактори Моҳлиқо хушрӯ метофт.
Дар идораи котиби шӯрои деҳот Розиқов, ёрдамчии сардори бригада В. И. Галкин, тракторчӣ Маҳмадиев дар рӯшании чароғи керосинӣ суҳбат доштанд. Чанд бор ба Моҳлиқо обу ғизо бурданд. Қариби саҳар садои хавотиромези раис онҳоро ба худ овард. Чи сабаб трактори Моҳлиқо дар якҷо истодааст, шояд ҳодисае рух дода бошад. Онҳо ҳадаҳа сӯи замин равон шуданд. Трактор ноҷунбон, аммо дар ҳолати корӣ қарор дошт, аммо пушти чамбари трактор касе набуд. Овоз доданд, касе посух надод. Каме дуртар аз трактор болои алафҳои хушкида, фуфайка ва шарвори чупонӣ дар тан, ботинкаи кӯҳнаи сарбозии равғанолуди хокбаста дар пой, кепкаи мардона дар сар Моҳлиқо байни намаде печида масти хоб буд.
Чун диданд, ки ҳеҷ ҳодисае рух надода, чакманеро оҳиста ба болояш партофта оҳиста дур шуданд. Пас аз бедорхобиҳо, хастагӣ дар кори тоқатфарсо тракторчидухтари бефара то ба лаби реша расида хуспида буд.
Мумтоз
Дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945 Моҳлиқо ҳамчун корманди пешқадами МТС ба ҷои мардони ба ҷабҳа рафта, дар трактори ХТЗ, ЧТЗ ва НАТИ дар хоҷагихои давлатии ноҳияи Данғара заҳмат мекашид. Ҳамвора дар киштани ғалладона, зағир ва ғайра иштирок мекард.
Ҳам тобистону тирамоҳ ҳам дар трактор менишасту ҳам бо комбайн ғалла медаравид. Баъд ба хирманҷо омада, ба агрегати ғаллакӯбӣ (молотилка) - ро ба ҳаракат дароварда ғалла мекӯфт. Ҳафтаҳо ба хона нарафта сари хирману хаймаи деҳқонон мехуфт. Ӯро дар қаламрав ҳамчун мутахассиси кордон, тракторчии пешқадам мешинохтанд.
Аз дигар сӯ, аз майдони ҷанг хабарҳои мудҳишу ғамангез дили ӯро хун гардонда буд. Аввал падар, баъд бародарону тағояш дар ҷанг, дар ҳимояи Ватан ҳалок гаштанд. Вай мардонавор ғаму ғуссаҳоро таҳаммул карда, ҳамроҳи дугонаҳояш Ашӯрбӣ Салимова, Ҳалима Қурбонова, Чамангул Ганҷалова ва дигарон шабу рӯз дар ақибгоҳ ба ҷойи мардон меҳнат мекарданд.
Хонадорӣ
Ягона навгонии масарратбахши давраи ҷангии Моҳлиқо ин шиносоӣ бо Мирзомиддин ном ҷавонмарди меҳнатие буд. Онҳо ҳампеша буданд, ҷавони боғайрат, тракторчии пешқадаму заҳматкаше буд. Барои ҳамин ҳам ӯро сардори бригада таъйин намуданд. Ду ҷавон бо ҳам меҳр бастанд. Байни онҳо оташаки меҳру муҳаббат фурӯзон гашт. Ниҳоят рӯзи фараҳ фаро расид. Бо фотеҳаи холаи Ҷоноро тӯй карданд.
Ин ҷуфти муносиб домани 50 сол бо ҳам зистанд, шабу рӯз бо ҳам фаъолият мекарданд. Бо мурур хонаву дари худро обод карданд. Фарзандонашон Буригул, Насконбӣ, Оиша, Асомуддин, Шамсиддин ва Фазиламоҳро ба камол расонданд. Момаи бузург соҳиби 43 набера. 19 абераи дӯстрӯяк гашт. Солҳои охир ин бонуи обруманд дар боғчаи шаҳрак шуғл меварзид.
Бонуи хуррамдил Моҳлиқо давлати пирӣ ронда, аз эҳтироми ҷамъият, фарзандону набераҳояш баҳраманд гашта буду розӣ аз ҳаёти пурҷӯшу хуруши хеш. Хизмати шоёни бонуи меҳнатӣ аз тарафи ҳукумати вақт бо медал ва ифтихорномаҳо қадр гардидааст.
Умар Алӣ