ХАБАРИ ДОҒ

АМИРАЛӢ САИДБЕКОВ (15.5.1920 – 8.4.1945)

  • Чоршанбе, Сен 22 2021

 

То ба имрӯз аз диёри зебоманзари Балҷувони Тоҷикистон се ҷавонмард дар корзори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 матонату қаҳрамонӣ нишон дода, сазовори унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуда буданд: Сафар Амиршоев (15.12.1912, деҳаи Заргар ҷамоати деҳоти Садайбардаи ноҳияи Балҷувон – 16.7.1944, шаҳри Жожморяй, Литва), Саидқул Турдиев (15.7.1912, деҳаи Хонободи ноҳияи Балҷувон – 3.10.1943, шаҳри Киев, Украина) ва Исмат Шарифов (27.11.1915, деҳаи Ғурунги ноҳияи Балҷувон – 6.3.1945, Латвия). 

Кунун маълум гашт, ки волидони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Амиралӣ Саидбеков низ аз деҳаи Талимазори Балҷувон ба тахмин дар охири асри ХIX - аввали асри ХХ баҳри беҳбуди рӯзгор ба водии Фарғона кӯч баста, дар ин макон сукунат ихтиёр карда будаанд ва Амиралӣ дар ҳамин хонавода дар тумани Риштони вилояти Фарғона ба дунё омадааст.

    

Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (29.6.1945).

Дар деҳаи Талимазор, ҳозира тумани Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ миёнаи педагогӣ.

Боиси тазаккур аст, ки волидони ӯ аслан аз мавзеи Балҷувони Кӯлоб буда, ҳанӯз то таваллуд шудани Амиралӣ ба водии Фарғона кӯч бастаанд.

Пас аз хатми техникуми педагогӣ Амиралӣ ба назди бародари калониаш, ба деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг меояд ва ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоӣ ба фаъолият мепардозад. Ҳамзамон вай дар курсҳои маҳви бесаводӣ ба калонсолон дарс медод.

Соли 1938 Амиралӣ Саидбеков барои иштироки фаъолона дар кори маҳви бесаводӣ бо нахустин мукофоти давлатӣ - Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (дар синни 18 - солагӣ) сарфароз гардонда мешавад.

Соли 1939 комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг ӯро ба хизмати ҳарбӣ, ба Армияи Сурх даъват мекунад. Ҷавонмард иштирокчии ҷанги СССР – Финляндия (1939 – 1940) аст. Баъди хатми курсҳои фармондеҳони хурд лейтенанти хурд А. Саидбеков оғози ҷангро дар вазифаи командири взвод пешвоз мегирад.

Дар варақаи мукофотонии Амиралӣ Саидбеков, ки дар Бойгонии марказии Вазорати мудофиаи СССР (ҳоло Федератсияи Россия) маҳфуз аст, бо чунин суханон оғоз мешавад: «Саидбеков дар ҷангҳои ҳуҷумӣ бо немисҳои истилогар қаҳрамонии ҳақиқӣ, ҷасурӣ ва қатъият, вафодории беандоза ба Ватанро нишон дод. Иҷрои намунавии қарзи фарзандӣ дар назди Ватан, қатъи назар аз хавфу хатар бо ибрати шахсӣ ҷанговарон ва афсаронро ба корномаи беназир рӯҳбаланд намуд…».

Мавсуф дар фронтҳои Ҷанубӣ, Закавказия, Кавкази Шимолӣ, 1 – ум ва 4 – уми Украина бар зидди фашистон ҷангидааст. Дар корзор 7 маротиба захм бардоштааст. 

Охирҳои соли 1944 лейтенанти калон Амиралӣ Саидбеков командири ротаи тирандоз буд. 23 декабр дар маҳали деҳаи Собрантс (Чехословакия) ӯ якумин шуда ротаашро ба ҳуҷум хезонда, мудофиаи душманро рахна намуд ва чанд ҳамлаи ҷавобии фашистонро зада гардонд. Душманро ақиб нишонд ва деҳаро забт кард.

Баъд бо амали ҷасурона самти ҳаракатаи ротаро тағйир (манёвр) дода, душманро аз ҷануб гузашт ва боз як деҳаи дигар – Фешкивтсаро ишғол намуд. Дастаи тоҷикписар ҳуҷумҳои девонавори душманро зада гардонда, мавқеи ишғолкардаи хешро то омадани қувваҳои асосӣ нигоҳ доштанд. Онҳо дар натиҷа қариб 50 гитлерчиро маҳв, 4 – тоашро асир, 5 тӯп, 25 милтиқу автомат, 8 анбори лавозимоти ҷангиро ғанимат гирифтанд.

Марти 1945. Барои озод кардани сарзамини Чехословакия ҷангҳои шадид мерафт. Дар задухӯрдҳо аз 29 март то 8 апрел капитан Амиралӣ Саидбеков, ба ҳайси муовини командири баталиони тирандоз дар корзор чандин маротиба ҷанговарон ва афсаронро ба ҳамлаи мудофиаи душман хезонд. Ҳамин хел, 29 март дар стансияи роҳи оҳани Прухно ротаи ӯ гарнизони душманро иҳота ва торумор кард ва асирони зиёд, аз ҷумла чанд афсар гирифт. Рӯзҳои минбаъда Амиралӣ бо ротааш боз чандин деҳаро аз фашистон озод намуд. 8 апрели соли 1945 тоҷикписар дар ҷушу хурӯши задухӯрдҳо ҷароҳати марговар бардошт.  

Бо фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 29 июни соли 1945 барои иҷрои намунавии супоришҳои ҷангии фармондеҳӣ ва нишон додани матонат ва қаҳрамонӣ дар ҷабҳаи зидди истилогарони фашистӣ ба капитан Саидбеков Амиралӣ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд (пас аз марг).

Бо орденҳои Ленин, Александр Невский, Ҷанги Ватании дараҷаи 1, бо 2 ордени Ҷанги Ватании дараҷаи II, Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонда шудааст.    

Кӯчае дар шаҳри Фарғона номи Амиралӣ Саидбековро дорад. Дар деҳаи Сарикандаи ноҳияи Риштон ба хотири қаҳрамон сутуни ёдбуд гузошта шудааст.

 

Умари ШЕРХОН

13.9.2021

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter