ХАБАРИ ДОҒ

  

То замони барҳам рехтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва то ба сифати фармондеҳи дивизияи 201 – уми мототирандозии Гатчина дар Тоҷикистон таъйин гаштан Муҳридин Ашуровро ба ҷуз доираи низомиёни шуравӣ ва наздикон кам касон мешинохтанд. Номи ин фармондеҳи диловар дар матбуоти даврии тоҷик аз соли 1991 ба ин сӯ расонаӣ гардид. Ва вобаста ба вазъи сиёсӣ дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ номи ин шахсият дар авроқи таърих набишта шуд.

Аввали солҳои 90 – уми асри гузашта вазъ дар Тоҷикистон носубот гашт. Таваҷҷуҳи доираи махсуси ҷомеа ба дивизияи мазкур нигаронда шуда буд, ки онро ҳукумати ҷумҳурӣ соҳибӣ мекунад ва ё на. Аммо роҳбарияти вақти кишвар аз чунин масъулияти вазнин худро канор гирифтанд ва он ҳама лавозимоти ҷангиро дарди сар ангоштанд. Ана дар ҳамин вазъияти мураккаб раҳбарияти вазорати мудофиаи Россия фармондеҳии ин дивизияро ба полковник Муҳридин Ашурови 42 – солаи дар сангарҳо обутобёфта бовар кард. Бо мурур фармондеҳи тановару саркаш исбот намуд, ки тоҷик низ метавонад чунин як қушуни муқтадирро раҳбари намояд.

Муҳридин Ашуров зодаву парвардаи Тоҷикистон аст. Вай 22 марти соли 1950 дар зебошаҳри Душанбе дида ба дунё кушодааст. Моҳи сентябри соли 1957 ба синфи якуми мактаб – интернати ба номи В. Чкалов (ҳоло ба номи Карим Сатторов) – и ноҳияи Ҷиргатол рафта, синфи 10 – умро дар ҳамин дабистон соли 1968 тамом мекунад.

Сабаби кӯч бастани хонаводаи онҳо аз пойтахт ба ноҳияи Лахши кунунӣ ин ба касбияти модараш рабт дошт. Зеро модари Муҳридин – Руқия Ашуроваро соли 1955 ҳамчун радисти калон ба аэропорти Ҷиргатол раҳнамун сохта буданд. Пештоз мегӯем, ки Руқиябону 40 соли ҳаёти хешро ба ин маслак бахшида.

Муҳридин мактабро бо сарфарозӣ тамом карда, ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи олии фармондеҳии танкии Тошканд ба номи маршали қушунҳои танку автомобилҳои зиреҳпуш П. С. Рибалко супурд. Ӯ забони русиро аз модар омӯхтаву бо боварӣ ба дониши худ мусаллаҳ ба ин омӯзишгоҳи олӣ устуворона гом ниҳод.

Ҳамин тавр бо дохил шудан ба ин омӯзишгоҳ хидмати ӯ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Армияи Советӣ оғоз шуда, 37 соли ҳаёти ҷавонмардро дар бар гирифт. Чаҳор сол дар ин омӯзишгоҳ санъати ҳарбии техникӣ андӯхт.

Баъди хатми муваффақонаи омузишгоҳ М. Ашуровро соли 1972 ба шаҳри Душанбе, ба ҳайси муовини сардори штаби дивизияи 201 – уми мототирандозӣ фиристоданд. Мавсуф солҳои 1976 – 1978 сардори штаби дивизияи мазкур дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар) буд.

 Соли 1979 Вазорати мудофиаи СССР малакаи фармондеҳӣ, ташкилотчигӣ ва саркашии Муҳридин Ашуровро ба инобат гирифта, ӯро ба сифати мушовир ва фармондеҳи ду дивизияи куҳгарди қушунҳои ҳарбии шуравӣ ба Афғонистон фиристод. Ва ӯ то соли 1981 дар ҳайати қушунҳои мазкур дар ин мамлакат бар зидди террористон дар разм шуд.

Муҳридин Ашуров солҳои 1981 – 1984 шунавандаи Академияи ҳарбии қушунҳои танку автомобилҳои зиреҳпуш ба номи Р. Я. Малиновский буд. Баъдан солҳои 1984 – 1989 дар Гуруҳи қушунҳои советӣ, дар Германия, дар вазифаҳои сардори штаб ва командири полки танкӣ адои хизмат намуд.

Солҳои 1989 – 1990 ҳамчун командири полки танкии округи ҳарбии Белоруссия хидмати шоиста анҷом дод. Ӯ дар ин давра низ фармондеҳи касбӣ будани хешро собит сохт.

Моҳи майи соли 1992 полковник Муҳридин Ашуров командири дивизияи 201 – уми мототирандози Гатчина дар Тоҷикистон таъйин гардид. Бозгашт ба зодбум дар айни фоҷиаи мамлакат рост омад. Кишвар дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Дар шароити ҷудоии дивизия аз Россия, гум шудани таъминот ва сиёсати сарфаҳмравии ҳукуматдорони рус дар муносибат ба воқеаҳои Тоҷикистон М. Ашуров аз худ таҳаммул ва дар сурати зарурат ҷасорат нишон дод. Он овон қушунҳои дивизияи мазкур ҳам бехатарии худ ва ҳам аҳолии русзабони шаҳри Душанберо зери ҳимоят гирифт. Ҳамчунон дивизия дар ҳамдастӣ бо қушунҳои сарҳадии Россия дар қаламрави Тоҷикистон пеши роҳи сарҳадшиканӣ аз сӯи Афғонистонро гирифтанд.

Муҳридин Ашуров иштирокчии фаъоли раванди сулҳи гуруҳҳои даргири тоҷикон, дар оғози он буд. Моҳи ноябри соли 1992 ҳатто муовини раиси Шурои давлатии ҷумҳурӣ таъйин гашт, аммо баъди чанд рӯз ба хотири иҷрои статуси (ҳолати) бетарафии қушунҳои Россия дар минтақа истеъфо дод.

Моҳи июни соли 1993 ӯро аз Тоҷикистон бозхонда, ба Академияи ҳарбии Штаби генералии Вазорати мудофиаи Россия раҳнамун сохтанд. Баъди хатми академия, соли 1995 М. Ашуров муовини якуми командири корпуси 8 – уми армияи гвардиягии округи ҳарбии Кавкази Шимолӣ (Волгоград) таъйин гардид. Мавсуф ҳамчун фармондеҳи қисми корпус дар ҷанги якуми чечен (1994 – 1996) иштирок намуд.

Соли 1998 роҳбарии раёсати омодагии ҷангӣ – муовини фармондеҳи қушунҳои округи ҳарбии Кавкази Шимолӣ оид ба омодагии ҷангиро ба ӯ бовар карданд. Дар ин вазифа, вай дар зада гардондани ба зӯрӣ рахнагарони сарҳад, размандагони чечен ва террористони байналмилалӣ дар Доғистон ширкат варзид.

Моҳи декабри соли 1999 М. Ашуров ҳамчун фармондеҳи групировкаи (гуруҳбандии) ҳарбии «Ҷануб», ки дар манотиқи куҳии Чеченистон амал мекард, амалиёти десантии ногаҳонӣ оид ба фуровардани қушунҳо дар сарҳади Гурҷистон ва ишғолу зери итоати худ гирифтани дараи Арғунро бо қушунҳои сарҳадӣ дар амал татбиқ намуд.

Дар фасли зимистон бо чархболҳо дар баландиҳои 1800 то 3000 метр аз сатҳи баҳр фуровардани десант, ишғоли баландиҳои муҳими стратегӣ яке аз амалиётҳои бағоят муҳим ва матонату диловарӣ таҳти фармондеҳии қавии ҷавонмарди тоҷик Муҳридин Ашуров ба вуқуъ пайваст. Баъди мустақар гаштан ва мустаҳкам сохтани мавқеъи сарбозону афсарон онҳо ба мустаҳкам сохтан ва фароҳам овардани шароити аскарон ҷадал намуданд. Ҳамзамон онҳо чаҳор маротиба ҳамлаи ғоратгарон, террористони хориҷиро дар дараи Арғун зада гардонданд.

Барои нишон додани матонату қаҳрамонӣ дар рафти амалиёти зиддитерористӣ дар Кавкази Шимолӣ бо фармони Президенти Федератсияи Россия 23 марти соли 2000 генерал – лейтенант Ашуров Муҳридин Ашурович бо унвони Қаҳрамони Федератсияи Россия мушарраф гардид.

Баъди пеш кардани террористони хориҷӣ ва зархаридони чечену гурҷӣ, ишғол ва мустақар гаштани қушунҳои пешгарди армияи Россия таҳти фармондеҳии саркаш, генерал – лейтенант Муҳридин Ашуров дар лаҳзаи фориғ, дар умқи дараи Арғун, болои санги азиме тани танҳо нишаста, аз лавкаи ноне газ мегирифту хомӯшу андешаманд чашм ба фарози қуллаҳо буд. Ба ҷуз бурдаи нон пешаш анвое дигар набуд.

Ин лаҳзаи аҷибро журналисти ҳарбие сабт кардаву онро тавассути шабакаи телевизионии Россия ба маъраз гузошт. Пас ин наворро дигар шабакаҳои телевизионии Федератсияи Россия ва хориҷӣ то ба чанд муддат чархонданд.

Ин наворро мо низ он рӯзҳо тамошо карда, ба фармондеҳи шертани кӯҳистонӣ аҳсант мехондем. Ба назар гӯё фармондеҳи саркашу тановар худро дар подомани кӯҳи Чилтани Лахш, ки овони ҷавониаш дар ин диёр сипарӣ шудааст вам одари меҳрубону заҳматкаши хешро пеши назар дошт…  

Баъди ин дастовард, музаффаристи бузург Муҳридин Ашуров хидматро дар Армияи Россия идома бахшид. Солҳои 2002 – 2004 ҳамчун Мушовири асосии ҳарбӣ дар назди Вазорати мудофиа ва сардори Штаби генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Сурияи Араб адои хидмат намуд.

Соли 2005 бо сабаби вазъи саломатӣ ба истеъфо баромад.

Бо ордени Ситораи Сурх (барои хидмат дар Афғонистон), ордени «Барои шуҷоати шахсӣ» (барои хидмат дар Тоҷикистон), ордени «Шуҷоат» (барои хидмат дар Чеченистон), унвони Қаҳрамони Федератсияи Россия (2000, барои хидмат дар Чеченистон), ордени кишварҳои дигар, зиёда аз 20 медалҳои СССР ва Россия, соати тиллоии хосаи инъомӣ аз раиси Ҳукумати ФР, туфангчаи хосаи инъомӣ аз вазири мудофиаи ФР мукофотонда шудааст.

Қаҳрамони Россия, генерал – лейтенант Муҳридин Ашуров 26 июли соли 2007 дар синни 57 – солагӣ бар асари беморӣ аз дунё гузашт. Турбати қаҳрамон дар оромгоҳи Димитриевск (Марказӣ) – и шаҳри Қаҳрамони Волгоград ба хок супурда шудааст.

Дар қомусҳои русӣ ҳарчанд омада, ки генерал – лейтенант Муҳридин Ашуров арбоби низомии Россия аст, мо набояд аз хотир барорем, ки фармондеҳи ҷасуру тановар фарзанди азизи Тоҷикистон асту зодаи шаҳри дилрабои Душанбе.

 

Умари ШЕРХОН

20.9.2021

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter