6 – уми ноябри соли 2021 ба қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Бо назари он ки халқи тоҷик зиёда аз ҳазор сол дар ҳолати бедавлатӣ қарор дошт ва ҳам як қисми таърихи начандон дури миллат дар низоми давлатдории Иттиҳоди Шуравӣ ҷараён гирифта буд, тантанаи 27 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Ҳар давлат бо ҳамон роҳе пеш меравад, ки дар қонуни асосиаш муқаррар шудааст. Шаҳрвандони Тоҷикистонро саодати бузурге ёр аст, ки соҳиби чунин Конститутсия мебошанд. Зеро Конститутсияи моро як қатор мамлакатҳои мутараққии дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз шумули Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳон унвон додаанд.
Баъди ба даст овардани истиқлол масъалаи қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ногузир гардид. Аммо нобасомониҳои солҳои 90 – уми асри гузашта ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияро ба таъхир мононд.
Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав пас аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон аз нав оғоз шуд.
Моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав созмон дод. Дар зарфи шаш моҳ гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсияро омода сохт. Нахуст ба шакли идораи парламентӣ ва лоиҳаи дигар ба шакли идораи Президентӣ. Лоиҳаи дувум барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот ба табъ расид.
Лоиҳа 13 апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Дар зарфи беш аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ бештар аз 8,5 ҳазор пешниҳод ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳақ бар ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфта:
«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад».
Воқеан Конститутсияи Тоҷикистон дар таъмини истиқлоли давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ дорад.
Аммо, Конститутсияи аввалини РСС Тоҷикистон, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон меросбари ӯст, соли 1929 қабул шуда буд. Боиси ёдоварист, ки РАСС Тоҷикистон соли 1924 ва РСС Тоҷикистон соли 1929 таъсис ёфтаанд. Баъди барҳам хӯрдани давлати СССР Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард.
Фаромӯш набояд сохт, ки соҳибистиқлолии давлати мо аз Конститутсияи даврони советӣ маншаъ мегирад. Дар зарфи 62 соли мавҷудият ҳамчун ҷумҳурии мустақил дар ҳайати СССР Тоҷикистон чаҳор маротиба Конститутсия қабул кардааст.
Якум соли 1929. Дувум 24 феврали соли 1931 дар съезди 4 – уми Шурои намояндагон. Савум, 1 марти соли 1937. Конститутсияи нави РСС Тоҷикистон дар съезди 6 Шурои намояндагони ҷумҳурӣ. Чаҳорум 14 апрели соли 1978 қабул шудаанд. Конститутсияи охирин 26 сол дар РСС Тоҷикистон, сипас 3 сол дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.
Ниҳоят 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Натиҷаи расмии раъйпурсӣ чунин буд: дар 64 ҳафзаи овоздиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ 2535437 нафар ё ки 94,4 дарсад ширкат варзиданд. Ба тарафдории Конститутсия 2352554 нафар ё ки 87,59 дарсад овоз доданд. Бо ҳамин натиҷа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 аз ҷониби сокинони мамлакат қабул гардид.
Умар АЛӢ
1.11.2021