ХАБАРИ ДОҒ

 

Инак аз рӯзҳои фараҳфизои Ғалабаи бузург 77 сол сипарӣ мешавад. Сол аз сол шумораи зафарёрони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 кам шудан доранд. Куллиятан дар дили хок, қисме дар корзори он ҷанг, теъдоди боқимонда дар гӯшаҳои дури дунё ва пораи дигар дар зодгоҳ орамидаанд.

Аз диловарию матонат ва қаҳрамонии сарбозони шуҷои Ватан гуфтаему боз ҳам ба қадри зарурӣ на. Мутаассифона, ҳоло ҳам иддае аз сарбозон аз таваҷҷуҳи журналистон дур мондаанд. Дар хусуси бархе аз сарбозони шуҷоъ дар рӯзномаҳои ноҳиявии солҳои пеш каму зиёд нигоштаанд. Аммо ҳастанд диловароне, ки дар дар бораашон кам гуфтаем ва ё ҳич нагуфтаем.

Бо имкони муносиб, ин дафъа аз рӯзгору хизмати сарбозе ёд меорем, ки дар гӯшаи дурдасти кишвар, дар диёри биҳиштосои Сари Хосори кӯҳистони Кулоб дида ба дунё кушодааст. Ӯро ному насаб Халил Абдуалимов аст. 10 марти соли 1925 дар деҳаи зебоманзари Санҷитаки ҷамоати Дараи Калоти ноҳияи Сари Хосор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Халил чаҳорсола шуда буд, ки падараш аз офати вабо тарки дунё кард.

Маълумоти ибтидоӣ (синфи 4) – ро дар зодбум фаро гирифтааст. Дар деҳа деҳқонӣ мекард. Халили наврас баробари барзгарони солдида шудгор мекард, ғалла медаравид, хирман мекӯфт.

Тобистони соли 1941, овозаву дарвозаи ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи гитлерӣ то ба деҳаҳои дурдасти кӯҳистони тоҷик расид. Халил ба синни 16 – солагӣ қадам ниҳода буд. Хонаи онҳоро бародаронаш Умаралӣ ва Абдуҳалим сарбонӣ мекарданд. Бо оғоз шудани ҷанг, онҳоро ба фронт хонданд. Хонадони момаи Басгул ғамхона гашт. Писарони баору номусаш, бар зидди фашистони истилогар ба ҷабҳа, баҳри ҳимояи Ватани паҳновари хеш қомат алам карданд.

Умаралӣ ва Абдуҳалим, ҳарду ҷавонмардони давра, гӯштигири хуб буданд. Онҳоро ҳамчун паҳлавонони номвар сокинони деҳаи Санҷитак эҳтиром мекарданд. Ҳарду ҳам ҷавонони тануманди хушқаду қоматро мемонданд. Аммо додари хурдӣ Халил ҷисман қадпасту газгӯшт буд.

Соли сеюми ҷанги хонумонсӯз, давраи ҳалкунандаи корзорҳо. Навбати хизмати Халил ҳам расид. Ӯро 10 феврали соли 1943 комиссариати ҳарбии ноҳияи Сари Хосор баҳри хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР ба Армияи Сурх даъват кард.

Халил бо ҳамдеҳагонаш – Мирзокарим, Турахон, Саидаҳмад ва Соҳибназар ба пойгоҳи асосии минтақаи онзамона, ба маркази ноҳияи Кангурт омаданд. Як ҳафта дар Кангурт монданд. Бо ҷамъ шудани миқдори муайяни наваскарон аз навоҳии минтақаи Кӯлоб, бо аробаҳои аспакӣ тавассути роҳи Гули Зиндону Тахти Сангин ба роҳ баромаданд. Дар шаҳри Сталинобод ду моҳ аз курсҳои кутоҳмуддати омодагии ҷангӣ гузашта, ихтисоси миномётчигиро касб карданд. 

Ҳини саворшавӣ ба поезд Халил бо ҳамдеҳааш Сафаралӣ Алиев вохӯрд. Вай дар баталиони коргарӣ хизмат мекард. Бинобар сабаби беморӣ ӯро ҷавоб дода буданд. Сафаралӣ ба сарбози бӯи борут нашамида дуои хайр дод.

 

Баъди чанд ҳафта ба Смоленск расиданд. Ва роҳи ҷангии сарбози шуҷоъ Халил Абдуалимов дар ҳайати полки 317 – уми тирандози пиёдагарди фронти 2 – юми Украина, аз шаҳри Смоленск оғоз шуд. Дар яке аз задухӯрдҳо, ҳангоми набард бо фашистон аз пои рост захмдор шуд. Ӯро дар госпитали саҳроӣ хобонда, баъди муддате ба по хезонданд. Ва ӯ боз ба назди ҳамяроқони худ, ба ҷабҳа баргашт.

Сарбози сарихосорӣ ҳамоно бар зидди душманони манҳус, фашистони ғаддор меҷангид. Тарс ҳарос аз ӯ дур шуда буданд. Ё ҳаёт ё мамот меангошт ӯ, Ватандӯсти ғаюр 28 декабри соли 1943 дар корзор, ҳангоми таркиши снаряди душман аз дасти чап ҷароҳати вазнин бардошта аз ҳуш рафт. Вақте ба худ омад, худро дар госпитали саҳроӣ дарёфт. Баъд ӯро барои табобат ба госпитали ҳарбии шаҳри Москва интиқол доданд. Чор моҳ табобат гирифт. Баъди шифо ёфтан ариза навишта дархост то ӯро ба ҷабҳа фиристанд. Вале бо хулосаи комиссияи тиббӣ Х. Абдуалимовро ҳамчун маҷруҳи ҷанг, моҳи апрели соли 1944 аз хизмати ҳарбӣ озод карданд.

Сарбози диловар ба сӯи зодгоҳ роҳ пеш гирифт. Вақте ба наздикии хонаашон расид, модараш - момаи Басгул аз омадани ҷигарбандаш дарак ёфта, афтону хезон ба истиқболи писараш мешитофт. Пас аз вохӯрӣ Халил нахуст аз модараш пурсон шуд, ки кай аз бародаронаш мактуб гирифта буданд. Модараш гуфт, аз Абдуҳалим чор моҳ ва аз Умаралӣ бошад шаш моҳ боз нома нагирифтаанд.

Вай аз суханони модар хулоса бурд, ки бародаронаш дар ҷанг бе ному нишон гаштаанд.

Барои хизматҳои ҷангӣ маҷруҳи гуруҳи 1 – ум, собиқ миномётчии 85 – миллиметра, ефрейтори эҳтиётӣ Халил Абдуалимов бо медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945», орденҳои Ҷанги Ватании дараҷаҳои 1 ва 2 ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Дар даврони осоишта сарбоз ба сифати колхозчӣ, бригадири пахтакорон, мудири ферма ва хаткашон софдилона заҳмат кашид.

Тӯли умри пурбаракати хеш зиндаёд Халил Абдуалимов бо ҳамсари меҳрубонаш Мушкинисо Гулова 6 духтару 2 писарро тарбият карда ба воя расонданд. Алҳол фарзандони диловари ҷанг ашхоси обруманди ҷамъият мебошанд.

 

Умари ШЕРХОН

25.10.2021   

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter