ХАБАРИ ДОҒ

 

 Дар Майдони Ғалабаи шаҳри Душанбе, байни шоҳроҳ, наздикии Раёсати корҳои дохилии пойтахт, танки ИС-2 болои тагсинҷ назаррабоӣ мекунад. Сокинони ҷавон, меҳмонони азизи пойтахти Тоҷикистон шояд фаҳмиданӣ бошанд, ки ин танк кай ва ба кадом хотир мақом ёфтааст…

 Саҳеҳ, соли 1985 ба шарафи 40- солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бо қарори ҳукумати шаҳри Душанбе ҳамчун нишони қаҳрамонии ҷавонмардони Тоҷикистон дар Майдони Ғалабаи пойтахт ин танк гузошта шуд.Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғалаба бар фашизм бо ҷамъоварии маблағ дар заводҳои мамлакат беш аз 10 танк харида, ба ҷабҳа фиристоданд. Пас аз хотимаи ҷанг яке аз ин танкҳоро тавассути қатора ба Душанбе оварда, ба пойгоҳи низомии 201, он замон дивизияи 201-уми артиши СССР, супурданд. Алъон, дар ҳар ду тарафи танк рақами 201 дарҷ ёфтааст ва ин рақам боис ба он шуда, ки бархе аз сокинон онро чун рамзи артиши Русия арзёбӣ менамоянд…

 Оё ин танк коршоям аст, шояд пурсад азизе. Бале, он дар сурати зарурат равон хоҳад шуд. Сар аз соли 1987 дар арафаи Иди Ғалаба танки мазкурро афсарону сарбозони пайгоҳи 201 ҳамасола тармиму бозсозӣ, қисмҳои фарсудаашро барқарор мекунанд… 

 Моҳи майи соли 2014 барои бозсозии танк 10 нафар сарбозону афсарони Пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Ҳарчанд ин танк ҳудудан 28 сол (то соли 2014) ба кор андохта нашудааст, вале ба гуфтаи масъулини пойгоҳи номбурда, он дар ҳолати хуб қарор дорад ва ҳатто метавонад тир холӣ кунад. Аммо, ба хотири бехатарӣ баъзе аз қисмҳои танкро кандаанд, то тӯпи он мавриди истифода қарор нагирад.

 Ба қавли Валерий Черничев, афсари Пойгоҳи ҳарбии Русия (8.5.2014-У.Ш.), баъди чанд соли гузоштани ин танк дар Майдони Ғалаба сӯзишворӣ оварда онро санҷидаанд, маълум шуд, ки танк мисли аввалааш кор мекунад… Соли гузашта (яъне 2013) тармими асосии танк анҷом ёфт. Имсол ҳам то ҷашни ғалаба зоҳири он нав карда мешавад…

 Ҳифзи ёдгории мазкур, рамзи фидокории авонмардони

 Тоҷикистон дар солҳои 1941-1945 аст.*

 * Иззатбек Идизода, " Танки Душанбе тир холӣ мекунад?", рӯзномаи "Тоҷикистон", №19, 8.5.2014,саҳ.4

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter