Ба ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон, ки вориси иқтисодиёт ва маданияти қафомондаи давраи собиқа шуда буд, муяссар гардид, ки марҳалаи капиталистии тараққиётро аз сар нагузаронда, ба роҳи дигаргунсозии сотсиалистии ҷамъият қадам ниҳад.
Съезди 1 – уми муассисони Советҳои Тоҷикистон (декабри 1926) дар бораи миллӣ кунондани замин ва об, озодии занон, таълими умумӣ ва ғайра қарорҳо қабул кард.
Солҳои 1925 – 1926 дар уезди Хуҷанд, ки дар ҳайати РСС Ӯзбекистон буд, ислоҳоти обу замин гузаронда шуд. Дар солҳои 1926 - 1929 дараҷаи пешазҷангии хоҷагии қишлоқ, барқарор гардид. Дар соҳаи пахтакорӣ пешравиҳои назаррас ба даст омаданд, бунёди саноати сотсиалистӣ гузошта шуд.
Моҳи сентябри соли 1929 уезди Хуҷанд ба ҳайати РАСС Тоҷикистон дохил карда шуд. Съезди 3 – юми фавқулодаи Советҳои Тоҷикистон 16 октябр дар бораи ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани РАСС Тоҷикистон Декларатсия қабул гардид.
РСС ТОҶИКИСТОН
5 декабри соли 1929 Комитети Иҷроияи Марказии СССР қарор кард, ки шартномаи оид ба таъсиси СССР ба РСС Тоҷикистон дахл дорад. Тоҷикистон ихтиёрӣ ба ҳайати СССР шомил шуд. Ташкилоти ҳизбии вилоятии Тоҷикистон ба ПК(б) Тоҷикистон табдил дода шуд. Съезди 1 – уми ПК(б) Тоҷикистон оид ба сохтмони хоҷагӣ ва маданӣ дар ҷумҳурӣ қарорҳои муҳим қабул кард.
Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ дар Тоҷикистон сохтмони сотсиалистӣ басо авҷ гирифт, индустронӣ асосан ба анҷом расид. Саноати сабук ва баъзе соҳаҳои саноати вазнин тараққӣ кард. Синфи коргар ба вуҷуд омад ва шумораи коргарон босуръат афзуд. Инчунин азнавсозии сотсиалистии хоҷагии қишлоқ ба амал омад.
Аз охири соли 1929 дар навоҳии пахтакор ҳаракати оммавии колхозӣ авҷ гирифт ва минбаъд дар ноҳияҳои ғаллакор ва чорводор низ ҷорӣ шуд. Дар ин давра меҳнаткашони Тоҷикистон бо ҳамкории дигар халқҳои СССР дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ҷамъияти сотсиалистиро асосан бунёд карданд.
Умар АЛӢ
1.12.2021