ХАБАРИ ДОҒ

ЁҚУБОВ ӮРУНБЕК, ЯКИБОВ УРУНБЕК, ЯКИБОВ УРУМБЕК…

  • Чоршанбе, Янв 12 2022

Моҳи феврали соли 1944 хушхабаре дар кишвар барқосо паҳн гашт. Сокинони деҳаи Яхтан, вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд), Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нашри Фармони Президиуми Совети Олии СССР дар бораи мукофотонии Урунбек Якибов бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ табли шодӣ мезаданд. Ҳамватанон аз он хушҳолӣ мекарданд, ки сафи ҷавонони қаҳрамони тоҷикистонӣ афзуд.

Завқмандон дар пайи ҷустуҷӯи маълумот оид ба рӯзгор ва фаъолияти пешазҷангии қаҳрамон ҷадал карданд. Чикораву аз кадом гӯшаи диёр сабзидани ҷавонмардро фаҳмидан мехостанд. Бо ҳама меҳрубонӣ ва таблиғоти мутамаркази овони шуравӣ дар хусуси Урунбек маълумоти кофӣ ба назар намехӯрад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳам тарғиби корнамоии сарбозони диловари Ватан дар корзори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 шоистаи таҳсин нест.

 

КӢ КИСТ?

Кунун ҳамааш бо тартиб. Дар нигоштаҳои гуногун - маълумотномаҳо, қомусҳо, сайтҳо ному насаби қаҳрамонро ба чанд навъ менигоранд. Ӯрунбек Ёқубов, дар китоби Л. Сечкина, «Фарзандони шарафманди Тоҷикистон» (Душанбе, «Ирфон», 1968, саҳ. 73 - 75), Якибов Урунбек, дар китоби Л. П. Сечкина, «Твои герои Таджикистан» (Душанбе, «Маориф», 1985, саҳ. 207 - 209), Якубов Урунбек, дар қомуси «Худжанд» (Москва, типографияи №2, 1999 саҳ. 916-917), Якибов Ӯрунбек, дар китоби Ш. Алиев, «Ёдбоди қаҳрамонон» (Хуҷанд, «Ношир», 2015, саҳ. 44 - 45), Якубов Урумбек дар сайтҳои интернетӣ ва ҳоказо.

Саҳеҳатараш варианти «Якибов Урунбек» аст. Аз ин ба баъд дар навиштор ба ҳамин ному насаб такя мекунем. Зеро ному насаби қаҳрамонро ҳамин хел (ба ҳамин тартиб), аз моҳи июли соли 1943, аз бози гирифтани билети ҳизбӣ Якибов Урунбек нигоштаанд. Вақти навиштани билет ному насаби қаҳрамон ғалат шудааст.

Ба ин сӯ, аз соли 1943 Ӯрунбек Якубов (ё Ёқубов) – Урунбек Якибов шудааст. Ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои шахсии диловар солҳои баъдӣ ҳамин тарз омадааст.

 

ЗОДГОҲ

Нисбати зодгоҳи қаҳрамон низ дар маъхазҳо ду гуна омадааст.

Дар навишти якум чунин омада: дар деҳаи Яхтани ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич), вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд)-и РСС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ҷойи дигар, дар деҳаи Яхтан, аморати Бухоро, империяи Россия ба дунё омадааст. Ин ҷо иштибоҳе нест. Зеро то Инқилоби Октябр (соли 1917) ва Инқилоби Бухоро (1920) ин қаламрав – қисмати шимоли Тоҷикистони кунунӣ тобеи Россияи императорӣ буд.

Дар хусуси ӯзбек будани вай шакку шубҳае нест. Урунбек Якибов Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, фарзанд - қаҳрамони Тоҷикистон аст. Нуқта.

Номбурда 10-уми майи соли 1917 дар оилаи марди деҳқон ба дунё омадааст. Дар зодгоҳ то синфи 5 таҳсил кардааст. Дар хусуси то оғози ҷанг фаъолият кардани номвар низ ду навъ аст. Якум колхозчии колхози ба номи К. Маркси ноҳияи Ғончӣ, ҷои дигар омада, ки ӯ ронанда буд.

 

АСКАРӢ

Урунбекро соли 1939 комиссариати ҳарбии ноҳияи Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) ба Армияи Сурхи коргару деҳқон даъват кардааст. Хидмати ҳарбиро дар шаҳри Бокуи РСС Озарбойҷон оғоз бахшидаву дар ҷанги зидди финҳои сафед (1939 – 1940) иштирок намудааст. Соли 1941 баъди адои хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳ баргашта, ба меҳнати осоишта шуғл варзидааст. Баъди ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба СССР, соли 1941 ба ҷабҳа рафтааст. Дар китоби Л. П. Сечкина омадани вай ба Тоҷикистон дар соли 1941 зикр наёфтааст. Ин ҷо қайд шуда, ки соли 1939 ба аскарӣ рафта, то соли 1945 хизмат кардааст.

 

КОРЗОР

Сарбози матин моҳи июни соли 1941 хидматро дар вилояти Тамбов, ба сифати тирандоз – миномётчӣ сар карда, командири расчёти миномётчиёни полки 248 – уми тирандози дивизияи 31 – уми тирандози Армияи 46 – уми Фронти Степной буд.

 

Тирамоҳи соли 1941 бори аввал дар наздикии шаҳри Таганрог бар зидди душман ба ҷанг даромадааст. Тобистони соли 1942 зери бомбаборони шиддатнок ӯ бо дастаи худ аз дарёи Дон гузашта, дар наздикии Батайск бар зидди фашистони немис размидааст…

Миномёти № 524 - ро, ки соли 1941 ба Урунбек дода буданд, вай ҳамеша дар ҳолати ҷангӣ нигоҳ дошта, то моҳи октябри соли 1943 аз он ба сари фашистон зиёда аз 8 ҳазор тир парондааст.

27 сентябри соли 1943 Урунбек бо дастааш аз аввалинҳо шуда, аз дарёи Днепр гузашт ва 3 рӯз бо оташи миномёт ҳуҷуми пай дар пайи гитлерчиёнро зада гардонданд. Дар наздикии деҳаи Сошиновка, ноҳияи Верхнеднепровск, вилояти Днепропетровск дар муҳорибаи шадид иштирок намуда, миномёт ва гулӯлаҳои зиёдро аз душман ғанимат гирифта, фашистони зиёдеро маҳв намуд.

Вай бо тири миномёташ се рӯз ба қӯшуни пиёдагард ёрӣ расонд ва пайи ҳам чандин маротиба ҳамлаҳои душманро зада гардонд. Ҳангоми омадани қувваи иловагӣ аз 7 нафари бо заврақи якуми аз дарё гузашта, 4 аскар зинда монда буду халос. Ҳамаи ҳайати гурӯҳ захм бардошта бошанд ҳам, майдони ҷангро тарк накарданд. Диловарон имконият доданд, ки тамоми полки 248-ум аз Днепр гузашта, дар платсдарми ишғолшуда мустаҳкам ҷой гиранд.

 

АЗ ВАРАҚАИ МУКОФОТОНӢ

Ҳангоми рахнаи хатти мудофиаи душман дар наздикии деҳаи Дудковкаи вилояти Харков 26 августи соли 1943 сержант Урунбек Якибов ҳамроҳи дастаи худ то 20 аскару афсарони фашистро нест карда, ду нуқтаи оташфишониро маҳв намуд. Дар вақти таъқиби душман ӯ бо оташи миномёташ амалиёти тирандозонро моҳирона дастгирӣ мекард…

Зимистони соли 1943, баъди муҳорибаи Сталинград, У. Якибов ба пеш, сӯи Ғарб ҳаракат кард. Дар яке аз муҳорибаҳо ярадор шуд. Вақте ки аз госпитал шифо ёфта ба полк баргашт, вай боз ба назди миномёти № 524 – и худ рост шуд.

Соли 1944 Урунбек Якибов курсҳои афсарони хурдро хатм намуда, боз ба ҷабҳа баргашт ва дар муҳорибаҳои Корсун – Шевченковск, озодкунии Полша ва дар задухӯрдҳои ҳудуди Олмон иштирок кард.

 

ҚАҲРАМОН

Бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 22 феврали соли 1944 барои иҷрои намунавии супоришҳои ҷангии фармондеҳӣ дар ҷабҳаи зидди немисҳои истилогар ва нишон додани матонату қаҳрамонӣ сержант Якибов Урунбек бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардид.

Баъдан, ҷанговари тоҷик дар рахна кардани хатти мудофиаи душман дар ғарбтари Сандомир, гузаштан аз дарёи Варта ва ишғол намудани шаҳри Ченстохов, зада даромадан ба Силезия ва ба даст даровардани шаҳрҳои Крайтсбург, Розенбург, Питтен, Ландсберг ва Гуттентаг расидан ба дарёи Одер ва гирифтани шаҳрҳои Милич, Берншандт, Немслау, Тост ва Бишофстал, гузаштан аз дарёи Одер ва ишғол намудани шаҳрҳои Литнитс, Штейнау, Любен, Гайнау, Ноймаркт ва Кант ва шаҳри Бунтслау дар муҳорибаҳо иштирок ва соҳиби раҳматномаҳои Сарфармондеҳи Олӣ гаштааст.

 

ҲАЁТИ ОСОИШТА

Баъди ғалаба, Урунбек Якибовро соли 1945 ба эҳтиёт рухсат доданд. Ва ӯ дар шаҳри Ӯротеппа дар вазифаи сардори мудофиаи гражданӣ ба фаъолият пардохт. Кумитаи ҳизбии шаҳр сарбози диловарро барои хондан ба пойтахт – шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) раҳнамун сохт. Солҳои 1946 – 1948 дар мактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон таҳсил намуд.

Баъдан, қаҳрамон дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ заҳмат кашид. Солҳои 1948 – 1954 ҳамчун инструктори комиҷроияи вилояти Ленинобод, сардори комитети вилоятии ДОСААФ, 1954 – 1960 директори заводи шишабарории Ленинобод, 1960 – 1978 директори заводи хишти шаҳри Душанбе, 1978 – 1984 директори базаи ангишти Госснаби РСС Тоҷикистон кор кард.

Аз соли 1984 ба нафақа баромада, шаҳри Душанберо иқоматгоҳи доимӣ ихтиёр намуд. Соли 1989 дар синни 71-солагӣ аз олам даргузашт. Дар гӯристони Сари Осиёи пойтахт мадфун аст.

Урунбек Якибов бо медали «Ситораи тилло» (22.2.1944), орденҳои Ленин (22.2.1944), Ҷанги Ватании дараҷаи I, «Ситораи Сурх» (12.4.1945), «Нишони Фахрӣ», медали «Барои шуҷоат» (19.7.1943) ва дигар медалҳои ҷангию меҳнатӣ мукофотонда шудааст.

Депутати Шурои Олии РСС Тоҷикистон (1947, аз ҳавзаи Ӯротеппа).

Дар деҳаи Яхтан хоҷагии ҷамоавие номи ӯро дорад. Дар зодгоҳ нимпайкараи қаҳрамон гузошта шудааст.

Дар арафаи 60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, дар «Гулгашти қаҳрамонон», расми Урунбек Якибов гузошта шудааст.

 

Умари ШЕРХОН

4.1.2022

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter