Ревизия
Баъди барҳам хӯрдани яке аз давлатҳои пурқудрати ҷаҳон – Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) ибтидо аз солҳои 90-уми асри XX таърихи 74 - солаи аҳди шуравӣ ҳам аз ҷониби донишмандони навзуҳури дупустаи рус ва ҳам душманони сохти сотсиалистӣ ревизия шуд. Ба вижа як зумра донишмандону таърихшиносони худӣ (рус) ба кофтани чирки зери нохун камар барбастанд. То ҳадди тавон ҷор заданд, сафедро сиёҳ гуфтанд, ба қаҳрамонии ҳамватанони хеш, падару бобоҳо, бародарону хоҳаронашон, ки дар раҳи озодии Ватан ҷон нисор карда буданд, шак оварданд. Ин ҳама кам буд, ки онҳо ҳатто фарзандону пайвандони хешро ба вартаи раҳгумӣ мезаданд. Марҳалаи хатарзои таблиғу тарғиби мусолиҳакорони аз охурҳои хориҷиён донхӯранда то солҳои дуҳазорум идома ёфт.
Ин маротиб аз ревизияи бешарафонаи либералҳои навзуҳур бобати корзори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, возеҳтараш дар хусуси як тан аз қаҳрамондухтарони ин ҷанг ёдовар мешавем.
Дар таърихи адабиёти тоҷик, насли советӣ ин қаҳрамони ватанро бо номи Таня мешинохтанд. Ва дар хусуси диловариву матонати ин духтараки ватандӯст устод Абулқосим Лоҳутӣ достоне эҷод намуд, ки он бо унвони «Ғалабаи Таня» маҳбубият пайдо карда буд. Ин достони дилошубу дилнишинро аксар хонандагони советии тоҷик азёд медонистанд.
Таня ё Зоя?
Тӯли 20 -30 соли ахир ҳич як қаҳрамоне дар фазои иттилоотии Русия ба мисоли Таня аз ғалбери буд- набуди «коршиносон» нагузаштааст. Сар аз соли 1991 то ба соли 2021 иштироки ин духтараки воқеан ҳам қаҳрамони 18 - соларо соат ба соат, рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ мӯшикофона аз назари таҳқиқ гузаронданд, ки оё ӯ воқеан ҳам қаҳрамон буд ва ё на. Ва дар бораи ӯ филми ҳуҷҷатии тозаеро низ рӯи навор оварданд. Латтаи муғризон дар об зад. Дар бобати диловарию матонаташ дигар шаку шубҳае намонд.
Моҳи январи соли равон ба зодрӯзи Космодемянская Зоя Анатолйевна 99 - сол (13.9.1923) ва ба маргаш 81- сол (29.11.1941) пур мешавад.
Зоя дар деҳаи Осиновис Гаи, вилояти Тамбов, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадаву дар муҳити сохти давлатдории нав - Ҳукумати Советӣ ба камол расидааст. Ӯро чун ҷавондухтари фаъолу ташаббускор дар синни 15 - солагӣ ба сафи ВЛКСМ пазируфтанд.
Моҳи июни соли 1941, бо оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ талош варзид, ки дар сафи ҳимоятгарони Ватан рост шавад. Ӯро ба курсҳои омодагӣ ҷалб намуданд. Ва аз моҳи октябр вай ба отряди партизанӣ пайваст ва дар зарфи ду моҳ дар дили шаб бо рафиқони хеш казармаи аскарон, яроқу аслиҳа, аспхонаҳои фашистон, воситаи асосии гитлерчиёни савораро тарконда, ҳоли фашистонро хароб карданд.
Петришево
Охирҳои моҳи ноябри соли 1941 ҳангоми иҷрои вазифаи ҷангӣ дар деҳаи Петришево Зоя ба дасти гитлерчиён афтод. Ӯро таҳти азобу шиканҷаи шадид қарор доданд, аммо ҷаллодони фашистӣ комёб нагаштанд. Духтараки ҷасур ба ҳамаи азобу шиканҷаҳои даҳшатнок тоб овард ва ягон нафари ҳамсилоҳонашро нагуфта, худро Таня номид.
Фашистони хунхор 29 ноябри соли 1941 пирону барҷомондагон ва кӯдакони деҳаи Петришеворо дар маркази деҳа ҷамъ оварда, духтараки 18-соларо ба дор овехтанд.
Баъди гузаштани қариб се моҳ, бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР 16 феврали соли 1942 ба партизандухтари ҷасур Космодемянская Зоя Анатолйевна унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (пас аз марг) дода шуд.
Подош
Бо ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар зодгоҳи қаҳрамонон, кишварҳо ва шаҳрҳо дар бораи матонату диловарии фарзандони қаҳрамони Ватан шоирон, нависандагон, драматургҳо, рассомон, ҳайкалсозон асарҳои зиёде офариданд.
Ба Зоя Космодемянская, дар шоссеи Мински назди деҳаи Петришево ҳайкал гузошта шуд ва дар ҷойи оромгоҳи аввалааш дар деҳаи Петршево лавҳаи ёдгорӣ насб гардид.
Соли 1942 ҷасади Зоя Космодемянскаяро аз деҳаи Петришево гирифта, ба шаҳри Москва оварда, дар қабристони Новодевичйе дафн карданд.
Умар АЛӢ