ХАБАРИ ДОҒ

 


Надежда
Крупская (Улянова) Надежда Констатиновна 26.2.1869 дар Петербург ба дунё омадааст. Иштирокчии ҳаракати револютсионӣ, ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, яке ташкилотчиёни системаи маорифи халқи советӣ, доктори илми педагогӣ (1936), аъзои фахрии Академияи Илмҳои СССР (аз 1931). Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1898.
Аз оилаи офитсер. Ҳангоми хонданаш дар Курсҳои олии занонаи Петербург соли 1890 ба кружоки марксистии донишҷӯён шомил гардид. Солҳои 1891 – 1896 ба ҳайси муаллимаи мактаб фаъолият намудааст.
 
Надежда + Владимир
Соли 1894 Надежда бо Владимир Илйич Ленин бори нахустин дидор диданд. Соли 1895 дар ташкил ва кори «Иттифоқи мубориза барои озод кардани синфи коргар» - и Петербург иштирок намуд. Соли 1896 ҳабс шуда, соли 1898 ӯро ба муддати 3 сол ба Уфа бадарға карданӣ шуданд, вале ӯ хоҳиш кард, ки вайро на ба Уфа, балки ба деҳаи Шушенское, губернияи Енисей бадарға кунанд, зеро В. И. Ленин ҳам дар ҳамон ҷо дар бадарға буд. Дар ҳамон ҷо Надежда Константиновна ҳамсари доҳии ояндаи пролетариати ҷаҳон Влдаимир Илйич Ленин гардид.
Баъди озод шудан дар Мюнхен котиби редаксияи газетаи «Искра», 1904 котиби газетаи «Вперёд» («Ба пеш») ва соли 1905 котиби Бюрои хориҷии КМ РСДРП буд.
 
Бозгашт ба Россия
Моҳи ноябри соли 1905 Крупская ҳамроҳи В. И. Ленин ба Россия баргашт. Котиби КМ партия аввал дар Петербург, баъд (аз охири соли 1906) дар Куоккала (Финляндия) буд. Охири соли 1907 ҳамроҳи В. И. Ленин ба Женева рафта, дар газетаи «Пролетарий» ва пас дар газетаи «Сотсиал – демократ» ба ҳайси котиб фаъолият дошт.  Соли 1911 муаллимаи мактаби партиявӣ дар Лонжюмо. Аз соли 1912 ба робитаи В. И. Ленин бо «Правда» ва фраксияи болшевикӣ дар Думаи 4-уми давлатии Россия кӯмак расонд.

Солҳои 1913 - 1914 дар ташкили маҷаллаи болшевикии «Работнитса» ширкат варзид. Иштирокчии конференсияҳои партиявӣ, аз ҷумла конференсияи 6-уми (Прагагӣ) ва 7 - уми (Апрелии) партия.


Дар Револютсияи Октябр (1917) фаъолона иштирок намуд. Аз моҳи ноябри соли 1920 сардори Сарраёсати маорифи сиёсии Комиссариати маорифи халқ. Аз соли 1921 раиси сексияи илмию методии Совети илмии давлатии Комиссариати маорифи халқ.
 

 
Баъди сари Ленин
Надежда Константиновна Крупская соли 1929 муовини комиссари маорифи халқи РСФСР. Вакили съездҳои 2 - 4, 6 – 17 - уми партия. Аз соли 1924 аъзои Комиссияи Марказии Назорат, аз соли 1927 аъзои КМ ВКП (б). Аъзои КИМУ ва КИМ СССР (ҳамаи даъватҳо), депутат ва аъзои Президиуми Совети Олии СССР (даъвати 1) интихоб шудааст.
Ходими фаъоли ҳаракати байналхалқии коммунистӣ, вакили конгрессҳои 2, 4, 6, 7 – уми Интернатсионали Коммунистӣ. Муаллифи як қатор асарҳо дар бораи В. И. Ленин ва партия, оид ба масъалаҳои маорифи халқ ва тарбияи коммунистӣ.
Бо орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонда шудааст.
Н. К. Крупская 27 феврали соли 1939 дар шаҳри Москва фавтида, дар девори Кремли Москва дафн шудааст.
 
МУСАММО
Дар давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар қаламрави СССР кӯчаву мактабҳо, хоҷагию деҳаҳо ва ғайра номи Крупскаяро доштанд. Аз ҷумла, дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон низ чунон буд. Қисмати зиёди онҳо дар давраи Истиқлол табдили ном карданд. Чанд мисол:
* Крупская, қуллаест дар қисми шарқии қаторкӯҳҳои Пётри I(Помири Шимолу Ғарбӣ), ки дар яке аз калонтарин шохаҳои шимолии он воқеъ гаштааст. Баландиаш 6008 метр…
 
***
* Крупская, деҳаест дар совети қишлоқи Заргари собиқ ноҳияи Коммунистии вилояти Қӯрғонтеппа. Ҳудуди колхози ба номи М. Горкий…
 
***
* Крупская (то соли 1965 Бешкаппа), деҳаест дар совети қишлоқи Оққӯрғон, ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ). Ҳудуди совхози «Иркутск».
 
***
* Крупская, деҳа дар ҳудуди колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Восеъи собиқ вилояти Кӯлоб.
Ва ғайра.

 

Умар АЛӢ

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter