ХАБАРИ ДОҒ

АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

  • Чоршанбе, Март 02 2022

 

 

Фридрих Энгелс: «Армия (артиш) иттиҳоди муташаккили одамони мусаллаҳест, ки аз тарафи давлат ба мақсади ҷангҳои ҳуҷумӣ ё мудофиавӣ ташкил карда мешавад…».

 

АРМИЯ – АРТИШ

Армия (фаронсавӣ агмее, аз лотинӣ агмо) маънии мусаллаҳ мекунадро дорад. Артиш, ҷамъи қувваҳои мусаллаҳи давлатӣ; қисми қувваҳои мусаллаҳ (бе ҚҲБ); танҳо қӯшунҳои хушкигард; иттиҳодияҳои фаврӣ (А. – ҳои умумиқӯшунӣ, танкӣ, ҳавоӣ ва ғ.); ташкилоти мусаллаҳи халқҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки барои озодӣ ё гирифтани ҳокимият мубориза мебаранд.

Артиш ҳамчун иттиҳодияи фаврӣ бори аввал дар Россия соли 1812, Германия соли 1886 ва Франсия соли 1870 ба вуҷуд омада буд…

Таркиби артиш доимӣ набуда, ба хусусияти ҷанг ва тарзи амали он, вазифаи фаврӣ ва намуди артиш, инчунин ба хусусиятҳои майдони амалиёти муҳориба вобаста аст. Артиш, одатан, ба ҳайати ҷабҳа (фронт) дохил мешавад ё худ метавонад дар баъзе самти амалиёт зери итоати Сарфармондеҳи олӣ мустақилона амал кунад.

Аз ибтидои асри ХХ мафҳуми артиш (армия) тадриҷан ба истилоҳи «Қувваҳои мусаллаҳ» иваз шуд.

Қабл аз он ки дар хусуси Артиши миллии Тоҷикистон ҳарф бизанем, бояд аз ибтидои асри гузашта, аз замони ҳамчун ҷумҳурии мустақил, аз соли 1929 дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қомат афроштани Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бигӯем.

 

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ СССР

Ташкилоти ҳарбии давлати советӣ, ки комёбиҳои халқи советӣ, озодӣ ва истиқлоли Иттифоқи советиро муҳофизат мекард. Қувваҳои мусаллаҳ соли 1918 ташкил ёфтааст. Ҳамроҳи ҚМ – и дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ бехатарии тамоми иттиҳоди сотсиалистиро аз суиқасди таҷовузкорон таъмин менамуд. 

ҚМ СССР ба навъҳои зерин иборат буд: қӯшунҳои ракетии таъиноти стратегӣ, қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, флоти ҳарбии баҳрӣ.

 

Роҳбарии олӣ ба мудофиаи мамлакат ва ба ҚМ - и СССР аз тарафи КМ КПСС ва Совети Олии СССР ба амал бароварда мешуд. Президиуми Совети Олии СССР фармондеҳии олии ҳарбиро таъин ва аз ин вазифа озод мекард, сафарбаркунии умумӣ ва ҷузъӣ, вазъияти ҳарбӣ ва ҳолати ҷангро эълон менамуд.

Вазорати мудофиаи СССР ба ҚМ бевосита роҳбарӣ мекард. Ба ҳар як навъи ҚМ мувофиқан сарфармондеҳи он, ки муовини вазири мудофиа маҳсуб меёфт, роҳбарӣ мекард. Роҳбарии қӯшунҳои сарҳадӣ ва дохилӣ дар уҳдаи Комитети давлатии бехатарии СССР ва Вазорати корҳои дохилии СССР буд.

Ба ҳайат Вазорати мудофиа Штаби генералии ҚМ СССР, раёсатҳои фармондеҳии ҚМ, Раёсати ақибгоҳи ҚМ, сарраёсатҳо ва раёсатҳои марказӣ (Сарраёсати кадрҳо, Раёсати марказии молия, Раёсати коргузорӣ ва ғ.), инчунин мақомоти ҳарбии раёсат ва муассисаҳои Мудофиаи гражданӣ дохил буданд.

КПСС ба кори партиявӣ – сиёсии ҚМ, ба воситаи Сарраёсати сиёсии Армияи Советӣ ва Флоти Ҳарбӣ – Баҳрӣ, ки ҳуқуқи шуъбаи КМ КПСС – ро дошт, роҳбарӣ мекард.

 

АРТИШИ МИЛЛИ ТОҶИКИСТОН

Ҷамъи қувваҳои мусаллаҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади ҳимояи кишвар ташкил карда шудааст. Артиш 23 феврали соли 1993 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ мекарданд, таъсис ёфтааст.

Артиши миллии Тоҷикистон се марҳаларо аз сар гузарондааст.

  

МАРҲАЛАИ ЯКУМ

Дар марҳалаи аввал ҳадафи асосии таъсиси артиш ташаккули неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин намояд. Вобаста ба таъиноти мазкур гурӯҳҳои муташаккилу зудамал ташкил карда шуданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат бо қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ буд.

Соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қариб тамоми ҳудуди ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд.

 

МАРҲАЛАИ ДУВУМ

Солҳои 1994 - 1996 марҳалаи дувуми ташаккули сифатан нави артиш оғоз ёфт. Ба тайёр намудани афсарони касбӣ дар Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон (ҳозира Донишкадаи ҳарбӣ) ва муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия ибтидо гузошта шуд, низомномаву оинномаҳо ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ таҳия гардиданд. Дар ин давра дар артиш Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ташкил карда шуданд. Ба таъсиси Қӯшуни таъиноти махсус аҳамияти хоса дода шуд.

 

МАРҲАЛАИ САВУМ

Баъди имзои Созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ байни ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин, соли 1997 марҳалаи севуми (охирини) таъсиси артиш оғоз гардид. Дар ин марҳала бо ёрии бевоситаи дастгоҳи машваратчиёни Федератсияи Россия дар артиш намудҳои нави қӯшун таъсис дода, усулҳои самарабахши идоракунӣ, омодагии ҷангӣ ва амалиёти қӯшунҳо ба роҳ монда шуданд.

Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон аз се намуди қӯшун: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал иборат аст.

 

Умар АЛӢ

22.2.2022

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter