ХАБАРИ ДОҒ

 

Нозбардор

Даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шарофати ғамхорӣ ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони зиёде соҳибмаълумот ва соҳибкасбу соҳибмансаб гаштаанд. Кадом соҳоти ҷамъияти кунуниро бе зан, бонуи соҳибкасб, фаъол ва маъруфу маҳбуб метавон тасаввур кард? Дар ҳама ҷабҳа бонувон баробар бо мардон кору пайкор доранд.

Бо ҳама иқтидор, шукӯҳу шаҳомати давлати абарқудрати шуравӣ, озодӣ, баробарии зану мард чил – панҷоҳ сол қабл, дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз мардумони кӯҳистони баланди баланд ками дар кам занонро медидед, ки ба мартабаҳои баланд расида бошанд. Бавижа, солҳои 30 – 50 – уми асри сипаришуда.

 

Намуна

Аз замоне, ки худро ёд дорам, аз зумраи хонаводаи наздикон танҳо як бонуи кӯҳистониро медонистам, ки аз 17 – 18 – солагӣ, ба ҳайси корманди хонаи бачагони собиқ ноҳияи Кангурт ба фаъолият пардохтааст. Аҳли авлод ин бонуи хушқаду баст ва босалобатро хола ё янга ном мегирифтанд.

Соҳибмансабро ному насаб Эркамоҳ Ҷӯраева аст. Он бонуи нурбор ва нозофарин дар деҳаи Чашмаи Чӯҷаҳои тумани (баъд ноҳия) Кангурт, дар хонаводаи муллои деҳа бобои Ҷӯра таваллуд шудааст. Бо амри тақдир инҷониб низ дар ин деҳаи як замон ободони кӯҳистон арзи ҳастӣ намудаам.

Солҳои 60 – 70 – уми асри ХХ як пораи аҷдоди азими кангуртиҳо сокини деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара гашта буданд. Ҳар бори ба хабаргирии хоҳар омадани холаи Эркамоҳ аз ноҳияи Восеъ дар хонадони Ҳайдарбойиён шарар меборид. Ба қавли тағоии Алихон бо падид омаданаш Эркамоҳ ба деҳаи Алиҷон нур меафканд, хушиву хуррамӣ меовард. Ва бесабаб ҳам, бобои Ҷӯра ҷигарбандашро Эркамоҳ ном намондааст. Духтари нурбор, нозофарини падар қобилу кордон ба камол расид.

 Ифтихор

Пайвандону наздикони хоҳари холаи Эркамоҳ – ҳамсари тағоии Ҷӯрахон янгаи Парчамоҳ бо аҳли авлод дар гирди нозофарин парвона мегаштанд. Пас аз шом бародарон бо фарзандон дар хонаи Ҷӯрахони Бӯрихон, гирди меҳмони деринтизор – холаи Эркамоҳ давра мезаданд. Бародарон Алихону Ҷӯрахон, Шераливу Мустафоқул, ҷиянҳои хола Файзуллову Нуралӣ, Шодмону Нурулло, Сулаймону Умархон ва дигарон мафтуни суҳбатҳои дилнишин мегаштанд. Болои боми якқабатаи соҳибхона, ки аз 40 метр зиёд дарозӣ дошт, дар гӯшаи ҷудогона занону духтарон, гӯшаи дигар мардон гирди хони пурнозу неъмат хушҳолӣ мекарданд. Ва аз суҳбати меҳмони хушном серӣ надоштанд. 

Садои дилхурӯши думбра, ханҷараи ворисони Карими Шиши Кангуртӣ шӯхиву ҳазл ва қиссагӯиҳо ба қавле то мурғфарёд идома меёфт. Навову овои дилнишин аз хонаи марзи деҳ, аз фарози кӯҳи Кабуд шабонгаҳ ба дуриҳои дур танин меандохт:

 

Аз ҷавонон ба ҷаҳон номи наку мемонад,

Фасли гул мегузарад, лаззати бӯ мемонад.

Ин ҷаҳон косаи даврест ба номи ҳама кас,

Ҳама чиз мегузарад, дидаву рӯ мемонад.

 

Аҳли аҷдод аз доштани чунин хешованд, бонуи нурофарин меболиданду мефахриданд. Рӯзи дигар холаи раисаи мо савори мошини ГАЗ – 469 – и сабзфом пас мегашт. Зеро ӯро кори масъули давлатӣ интизор буд. Бонуи нурбор бо сару тани шинами расмии вазифавӣ аҷаб хушрӯ, босалобат ва шаҳомате дошт.

 

Кангурт

Ба андешаи инҷониб он овон Эркамоҳ Ҷӯраева яке аз шинохтатарин бонувони собиқ вилояти Кӯлоб маҳсуб меёфт. Шояд донистаниед, ки ин бонуи соҳибмансаб аз куҷо, ба чӣ таърих ва чӣ сон муваффақ гашта? Мегӯем, бонуи номвар Эркамоҳ Ҷӯраева 100 сол қабл, возеҳтараш 10 феврали соли 1922 дар собиқ ноҳияи Кангурт, дар хонаводаи  марди фозил ба дунё омадааст.

Духтари нозпарварди падар аз хурдсолӣ бо ақлу дониш ва қобилияти баланд аз дигар ҳамсолонаш фарқ мекард. Дар мактаб хонандаи пешсаф ва фаъол буд. Пас аз хатми мактаб гомҳои нахустинашро ба сифати мураббии хонаи бачагони ноҳияи Кангурт оғоз бахшид. Баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС), котиби колхози «Интернатсионали III», корманди нозироти омор, мудири шуъбаи тарғиботу ташвиқот, мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизбӣ, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Кангурт заҳмат ба бар дошт (1939 – 1953).

 

Раиса

Бо барҳам хӯрдани ноҳияи Кангурт Эркамоҳ Ҷӯраева мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизбии ноҳияи Ховалинг таъин гашт. Солҳои баъдӣ дар вазифаҳои инструктори ҳизбии ноҳияи Арал (ҳозира Восеъ), муовини директори Омӯзишгоҳи касбӣ – техникии №16 (1953 – 1957), директор (1966 - 1987), агрономи соҳавии идораи пиллаи ноҳияи Восеъ (аз соли 1987) ифои вазифа намуд.

Эркамоҳ Ҷӯраева борҳо вакили шуроҳои маҳаллии деҳот, шаҳрак ва ноҳия интихоб гардидааст.

 

Суди Олӣ

Ӯро акнун чун бонуи бозаковат, солору пуртаҷриба дар вилояти Кӯлоб мешинохтанду эҳтиромашро қоил буданд. Чилсола буд, ки ӯро боз вазифаи ҷамъиятии пурмасъулият пеш омад. Бо бовари аҳли ҷамоатчигӣ Эркамоҳ Ҷӯраева машваратчии Суди Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шуд. Ва ин бонуи барнодил тули 20 сол (1962 - 1974) машваратчии Суди Олии ҷумҳурӣ буд.

Бонуи нозофарин, ходими ҷамъиятӣ, агрономи муваффақ Эркамоҳ Ҷӯраева 6 июни соли 2002, дар синни 80 дунёи фониро падруд гуфт. Аз қаҳрамонмодар фарзандон, набераву абераҳо ва хотираи нек ба ёдгор монда.

Хизматҳои арзандаи бонуи заҳматӣ Эркамоҳ Ҷӯраева бо орденҳои «Нишони Фахрӣ» (1979), «Шараф» (1998), медалҳои «Барои меҳнати шоён дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945» (1974), «30 – солагии Ғалаба дар ҶБВ» (1975), «40 – солагии Ғалаба дар ҶБВ» (1985), «50 – солагии Ғалаба дар ҶБВ» (1995), «Собиқадори меҳнат» (1979) ва медали тиллои «Барои мустаҳкамкунии сулҳ» (1992) қадр шудааст.

 

 

Умари ШЕРХОН

17.3.2022

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter