ХАБАРИ ДОҒ

ФОШГАРИ «АГЕНТҲОИ ГАРОНБАҲО»

  • Чоршанбе, Апр 06 2022

 ҶОСУС

Дар ҳама давру замон, дар дилхоҳ мамлакат нафароне пайдо мешаванд, ки нисбати давлати худ хиёнатро раво мебинанд. Ин тоифаи мардум аслан барои зиндагии хуш ва рӯзгори «шоҳона» даст ба ин кор мезананд. Ҷосусон, хиёнаткоронро разведкаи хориҷӣ аз миёни мутахассисони соҳаҳои махсус, мақомоти амниятӣ, ашхоси масъули давлатӣ, олимону донишмандони соҳаҳои муҳим (махфӣ) - и саноативу ҳарбӣ, афсарони миёна ва воломақоми идораҳои бехатарӣ, институтҳо, вазоратҳо ва ғайра «меҷӯянд». Мутаассифона, чунин ашхос - хиёнаткорон, косалесони мамолики хориҷӣ дар ҳар давлат, мудом пайдо мегарданд. Иддае барои нафс, маблағ на танҳо Ватан, балки аҳли аҷдоду пайвандони хешро «мефурӯшанд».

Хиёнати чунин «ғамхорон» ба давлат миллион, миллиардҳо зарар ба бор меорад. Кашфи ҷосусон - хиёнатгарон барои мақомоти амниятӣ дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Бозёфти ифшогар барои ҳар як мақомоти махсуси давлатӣ муваффақияти арзандае арзёбӣ мегардад.
Яке аз бозёфтҳои разведкаи СССР ин ба ҳамкории ихтиёрӣ, албатта, бо талофии «ҳаққи хидмат», 37 сол муқаддам ба вуқуъ пайваста буд. Ин шахсро касе ҷалб (вербовка) накардааст. Ӯ худ ихтиёрӣ барои «хидмат», моҳи апрели соли 1985 омода буданашро изҳор менамояд.
Ӯ ба амалӣ нашудани бисёр амалиётҳои зидди ҳукумати советӣ ба разведкаи СССР дар давраи солҳои 1985 - 1992 ёрии бебаҳо кардааст. Ин агенти ихтиёрӣ – Олдрич Эймс бисёр «агентҳои гаронбаҳо» - ро (барои ИМА) фош сохтааст.
 
ХИЁНАТКОРОН
Нафарони зерин аз ҳисоби кормандони хадамоти махсуси СССР, ки онҳоро Олдрич Эймс ошкор сохт («фурӯхт»), барои хадамоти махсуси амрикоӣ талафоти ҷиддӣ - ҳалокатбор маҳсуб меёфт:
1. Сергей Моторин, корманди КГБ СССР, котиби сеюми шуъбаи консулии Сафорати советӣ дар Вашингтон.

2. Адолф Толкачёв, ходими шуъбаи махсуси Институти илмии тадқиқотӣ (вай шабакаи «худӣ - бегона» - ро фурӯхт ва барои ин хиёнат ӯро соли 1986 парронданд).

3. Валерий Мартинов, корманди КГБ, котиби сеюми Сафорати советӣ дар Вашингтон (28.5.1987 барои хиёнат ба Ватан парронда шуд).

4. Владимир Поташёв, мутахассис оид ба масъалаҳои яроқпартоӣ, ҳангоми кор дар институтҳои ИМА ва Канада СРУ - ро бо маълумотҳои махфӣ таъмин мекард (13 сол ҳабс шуд. Аммо ӯро Президенти Россия Б. Н. Елтсин авф кард. Дар ИМА зиндагӣ ихтиёр кард).
5. Борис Южин, афсари КГБ, соли 1978 ба ҷосусии СРУ гаравид (Соли 1986 ба муддати 15 сол ҳукми зиндон гирифт. Вале соли 1992 ӯро Президенти Россия Б. Н. Елтсин авф кард. Амрикоро макони сукунат ихтиёр кард).
 6. Дмитрий Поляков, генерал - майор, яке аз агентҳои гаронбаҳотарини СРУ. Соли 1961 ихтиёрӣ ба хизмати СРУ пардохт. 19 нафар разведкачии советиро, ки ба таври пинҳонӣ кор мекарданд, ба амрикоиҳо фурӯхт. Зиёда аз 150 агенти советиро аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ фош кард. Номи 1500 афсар - разведкачиёни амалкунандаро супурд. Бисёр ҳуҷҷатҳо вобаста ба сиёсати хориҷии СССР бо дигар кишварҳо ба СРУ расиданд. Охири соли 1986 ҳабс ва 15.3.1988 чун хоини Ватан парронда шуд.
Ба қавли директори СРУ Ҷеймс Вулси, аз ҳамаи агентҳои ҷалбшуда генерал - майор Дмитрий Поляков дар давраи «ҷанги сард» бе муҳобо, алмоси ҳақиқӣ» - ро мемонд.
 
ОМАД Ё КӢ КИСТ?
Моҳи апрели соли 1985 ба назди даромадгоҳи Сафоратхонаи советӣ дар Вашингтон (ИМА) шахси ношиносе омада, ба посдор лифофае супурд. Дар он номаи сарбаста ба унвони резиденти советӣ (… намояндаи разведкаи як давлат дар давлати дигар, ки бо ҷосусони он ҷо роҳбарӣ мекунад) буд.
Ношинос худро муаррифӣ мекард, ки кист ва, ҳамчунин, дар бораи ду афсари КГБ, ки аз тарафи амрикоиҳо ба ҷосусӣ ҷалб карда шуда буданд, маълумот медод. Дар хатчаи дигари лифофа чунин навиштаро хонданд: «$50 000 (доллари амрикоӣ)», ҳаҷми маблағе, ки барои он вай омода аст дар оянда низ маълумоти махфӣ расонад.
Ҳамин тавр, ба иқрори «ношинос» - Олдрич Эймс, ки дар суди амрикоӣ (28.4.1994) ҳукми ҳабси якумра гирифт, ҳамкории ӯ бо разведкаи советӣ оғоз шуд. То ба ин дам мақомоти амнияти собиқ давлати советӣ ва идораи махсуси рус дар хусуси ҷосуси болозикр маълумоте расонаӣ накардаанд. Далелҳои истифодашуда аз расонаҳои хориҷӣ дастрас гаштаанд.
 
ОЛДРИЧ ХЕЙЗЕН ЭЙМС
Дар шаҳраки иёлати Висконсин соли 1941 таваллуд шудааст. Падараш Карлтон Эймс аз соли 1951 корманди СРУ (Идораи марказии разведкаи ИМА) буд. Бо амри падар Олдрич низ ба ин муассисаи иктишофӣ ба кор омад.
Баъди хатми донишгоҳ ва курсҳои махсуси иктишофӣ соли 1980 Олдричро ба Мексика раҳнамун сохтанд. Вай, ҳарчанд истеъдоди комил дошт, аммо ҳамчун корманди одии СРУ фаъолият мебурду вазъи молиявиаш хароб.
 
РАНҶИШ – «ҚАСД»
Тасодуф боре ба дасти Олдрич дафтари аъмоли падараш расид. Дар он тавсифнома омада: «… Карлтон Эймс барои разведка корманди ношуданист, оянда надорад…».
Барои чунин беҳурматӣ нисбат ба падар вай сахт ранҷид ва қасд ба дил гирифт. Ва дар паи амалӣ шудани қасдгирӣ раҳ кофт. Ҳангоми «зери ниқоби» Сафорати ИМА дар Анқара ва ҳам дар дастгоҳи марказии СРУ фаъолият бурдан, забони русиро хуб омӯхт. Чанд сол дар Ню - Йорк зист ва бо сафирони советӣ кор бурд, аз ҷумла бо муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Шевченко. Шевченко ба вай хидмати худро ба манфиати разведкаи амрикоӣ пешниҳод намуд. Олдрич Эймс ба андешаи халқ «харбуза аз харбуза ранг мегирад» аз ӯ ибрат гирифт ва ба тарафи советӣ гузашт.
 
«КАМОЛОТ»
Соли 1985, замоне, ки Олдрич Эймс ҷосуси советӣ шуд, ӯро ба Вашингтон гузаронданд. Аз рӯи вазифа вай аз ҳамаи амалиётҳои зиддисоветӣ ва зидди разведкаи СССР, ки дар кулли кишварҳои сайёра гузаронда мешуданд, воқиф мегашт. Аз июни 1986 то июли соли 1989 Эймс дар Рим кор кард ва ба разведкаи советӣ ба қавле халта - халта ҳуҷҷатҳои махфӣ, махсусан махфӣ ва тамоман махфиро фурӯхт.
Баъди бозгашт ба Лэнгли (қароргоҳ - бошгоҳи СРУ) ӯро ба шуъбаи контрразведкаи СРУ гузаронданд. Вай дар шуъбаи советии гурӯҳи аналитикии марказ вазифа гирифт ва ба омӯхтани тамоми маълумоти махфӣ: чи хаттӣ ва чи телефонӣ имкон пайдо кард.
Ба иттилои як муаллифи амрикоӣ, «барои КГБ ин чуноне буд, ки гӯё ба манбаи маълумоти тамоман махфии ба ном «Си - Ай - Эй онлайн» обуна шуда бошад. Ба иқрори манбаъҳои амрикоӣ Олдрич Эймс ба амалӣ нашудани бисёр амалиётҳои зиддисоветӣ ба разведкаи СССР (ва ҳам Россия) дар давраи солҳои 1985 - 1992 ёрии бебаҳо расондааст.
Ниҳоят ӯро боз ба он гунаҳкор донистанд, ки бисёр агентҳои гаронбаҳоро фош намудааст…
 
НАФС
Агентро чӣ хел ошкор сохтанд? Ба андешаи амрикоиҳо зиндагии ашрофона Олдрич Эймсро «фурӯхт». Аз рӯи таҳлилҳо хароҷоти иктишофгар аз даромадаш ба назар зиёд намуд.
Агар Эймс аз ҳикмати Ҳаким Фирдавсӣ ошно мебуд, аз эҳтиёт кор мегирифт:
 
Маро дахлу харҷ ар баробар будӣ,
Замона маро чун бародар будӣ.
 
Олдрич бо маблағи «бе дарди миён» 3 мошини «Ягуар» ва боз бисёр чизҳои зиёди гаронбаҳоро харид. Хадамоти махсуси худӣ аз соли 1990 аз пайи Эймс шуданд ва 21 феврали соли 1994 ба ҳабс гирифтанд.
Вақте ки аз Олдрич Эймс баъди баровардани ҳукм пурсиданд, ки агар имкони интихоб пайдо шавад, аз СРУ ва КГБ кадомашро бармегузид, оромона гуфт:
«Ман роҳи тайкардаамро такрор мекардам».

 

 

Умар АЛӢ

31.3.2022

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter