Бо роҳбарии В. П. Глушко МРМ - и пуриқтидор ба вуҷуд оварда шуданд, ки дар ҳамаи ракетаҳои барандаи шуравии солҳои 1957 – 1973 мавриди истифода қарор гирифтанд.
Кайҳоннавард
Космонавт (дар ИМА ва дигар мамолик астронавт), шахсе, ки тайёрии тиббиву биологӣ ва техникиро гузаштааст ва дар парвози кайҳонӣ ба сифати ҳавоннавард (пилот) ё худ экипаж иштирок кардааст.
Кайҳоннавардони радаи 1
Аввалин номзадҳо ба сафи кайҳоннавардон аз байни лётчикҳои ҳарбӣ (дар СССР) ва лётчик – озмоишгарон (дар ИМА) интихоб шудаанд. Баъдан ба экипажи киштиҳои кайҳонӣ муҳандисон ва олимони соҳаҳои гуногуни илм ҳам шомил гаштанд.
Дар СССР омода намудани кайҳоннаврдон соли 1960 (дар ИМА 1959) оғоз ёфт. То соли 1981 аз СССР: Ю. А. Гагарин (1961), Г. С. Титов (1961), А. Г. Николаев (1962, 1970), П. Р. Попович (1962, 1974), В. Ф. Биковский (1963, 1976, 1978), В. В. Терешкова (Николаева – Терешкова (1963), В. М. Комаров (1964, 1967), К. П. Феоктистов (1964), Б. Б. Егоров (1964), П. И. Беляев (1965), А. А. Леонов (1965, 1975), Г. Т. Береговой (1968) ва дигарон ба кайҳон парвоз намудаанд.
Нахустинҳо
1. Юрий ГАГАРИН
(9.3.1934 - 27.3.1968), нахустин лётчик - кайҳоннаварди СССР, ки 12 апрели соли 1961 дар киштии кайҳонии «Восток» аввалин бор ба кайҳон парвоз кард.
Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1961), полковник (1963).
Аз соли 1960 дар отряди кайҳоннавардон буд. Соли 1968 ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд. Дар Майдони Сурхи Москва дар девори Кремли Москва мадфун аст.
2. Валентина ТЕРЕШКОВА
(6.3.1937), лётчик - кайҳоннаварди СССР, полковник - инженер (1970). Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1963).
Аз соли 1962 дар отряди кайҳоннавардон. Аввалин занест, ки 16 июни соли 1963 бо киштии кайҳонии «Восток - 6» ба кайҳон парвоз намуд. Валентина Терешкова дар парвози гурӯҳӣ бо В. Ф. Биковский («Восток -5») атрофи Заминро дар 70 соату 41 дақиқа 48 маротиба давр зада, тақрибан 2 млн километр масофаро тай намуд.
3. Алексей ЛЕОНОВ
(30.05.1934 – 11.10.2019), лётчик - кайҳоннаварди СССР, генерал - лейтенанти авиатсия, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1965, 1975).
Дар отряди кайҳоннаврдон аз соли 1960.
18 марти соли 1965 дар киштии кайҳонии «Восход - 2» бо ҳамроҳии П. И. Беляев ба сифати пилоти дуюм ба кайҳон парвоз кард. Аввалин дар ҷаҳон шахсест, ки аз киштӣ ба фазои Кайҳон баромада, аз киштӣ 5 матр дур шуд ва 12 дақиқа баробари киштӣ парвоз кард.
Бори дувум чун командири киштии кайҳонии «Союз - 19» дар парвози якҷояи «Союз - Аполлон» (15 - 21 июли 1975) иштирок кард…
Умар АЛӢ
12.4.2022