ХАБАРИ ДОҒ

ИСРАЭЛЯН ГЕОРГИЙ АВАНЕСОВИЧ

  • Чоршанбе, Апр 13 2022

         

(15.6.1920 – 31.1.1989)

Дорандаи се дараҷаи ордени Шараф (1944, 1944, 1945).

Дар деҳаи Сизнеки ноҳияи Степанакерт (вилояти Қарабоғи Кӯҳии Озарбойҷон), дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Миллаташ арманӣ. Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли 1937 синфи 6 – ро тамом кард.
Дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз моҳи июни соли 1941.
Сержант Георгий Исраэлян шаби 7 ноябри соли 1943 ҳангоми дар разведка будан, дар 26 километрии ҷануби шаҳри Старая Русса (вилояти Новгород), бо дастааш ба хандақи душман зада даромада, бо норинҷакҳо 2 блиндаж ва миномёти фашистонро тарконда, 15 гитлерчиёнро маҳв намуд. Барои ин корнамоӣ 17 ноябри соли 1943 Георгий Аванесович бо ордени «Шараф» дараҷаи III мукофотонда  шуд.
Сапёри моҳиру нотарс буданашро вай дар васеъ намудани платсдарми  соҳили  чапи дарёи Великая нишон дод. 24 марти соли 1944 ӯ бо гурӯҳи сапёрҳо қатъи назар аз оташфишонии душман барои гузаштани қисми тирандоз аз хати симхори душман роҳ кушод, ки онҳо муваффақона ба деҳаи Глижино зада даромаданд. Ҳамон рӯз Исраэлян барои аз дарёи Великая гузаштани артиллерияи полк низ мусоидат кард.
Баъди дар деҳаи Глижино мустаҳкам ҷой гирифтани полк Исраэлян бо чанд нафар сапёрон бештар аз 1500 мина хобонд, ки дар натиҷа аскарони зиёди немис ҳалок гаштанд. Душман мехост 29 марти соли 1944 ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузарад, вале минаҳои хобондаи сапёрҳои Исраэлян ба онҳо имкон надоданд.
Шаби 10 апрели соли 1944 болозикр зери оташи миномётҳои душман аз дарёи Пет гузаргоҳ пайдо карда, барои ба соҳили дигари дарё гузаштани артиллерияи советӣ мусоидат намуд.
Барои нишон додани ҷасорат дар ба вуҷуд овардани платсдарми соҳили ғарбии дарёи Великая фармондеҳӣ сарбози шуҷоро ба гирифтани мукофоти давлатӣ пешниҳод намуданд. Ҳамин тавр, бо тавсияи фармондеҳи полки 140 – уми тирандозӣ, майори гвардия Родионов 27 апрели соли 1944 Г. А. Исраэлян бо ордени «Шараф» дараҷаи II сазовор гардид.


Мавсуф дар муҳорибаҳо аз 1 то 6 августи соли 1944 бо сапёрҳои худ дар се майдони мина, ки фашистон дар роҳҳои мошингард хобонда буданд, зиёда аз 170 минаи зиддитанкӣ ва зидди қӯшунҳои пиёдаро безарар гардонд.
Гитлерчиён 2 августи соли 1944 дар наздикии деҳаи Сталидзании РСС Латвия ба ҳуҷуми армияи советӣ тоб наоварда, пули дарёи Неретинаро тарконда, ақиб нишастанд. Исраэлян ба ҷои таркиш расида, ҳамроҳи аскарон пулро аз нав барқарор карданд, ки сари вақт яроқу лавозимот ва нақлиёти натанҳо полк, балки дивизия аз дарё гузашт. Дар натиҷа супориши ҷангӣ сари вақт иҷро шуд.
5 августи соли 1944 Ираэлян бо дастаи сапёрҳои худ дар наздикии деҳаи Римшаси Латвия аз паҳлуи тӯдаи аскарони немис гузашта, роҳи Римшас – Рубенро, ки душман ақиб менишаст, миёнабур намуд. Сапёрҳо қад – қади роҳ камин гирифтанд ва ба наздик омадани фашистон имкон дода, пас якбора ба  ҳамла гузаштанд. Дар задухурди кӯтоҳмуддат 10 немис ҳалок шуда, 16 нафар асир афтод.
Дар асоси тавсияномаи фармондеҳи полки 140 – уми тирандоз майори гвардия Родионов Президиуми Совети Олии СССР 24 марти соли 1945 Исраэлян Георгий Аванесовичро бо ордени тиллоии «Шараф» дараҷаи I сарфароз гардонд.

Қаҳрамон ҷангро дар шаҳри Гданск ба поён расонд ва соли 1946 ба зодгоҳаш – деҳаи Сизнеки Озарбойҷон баргашт.

Соли 1961 Исраэлян ба шаҳри Турсунзодаи РСС Тоҷикистон барои истироҳат омад. Дар ин шаҳр якчанд хешовандонаш сукунат доштанд. Табиати дилфиребу мардуми дилнавози тоҷик ба вай писанд афтод ва ӯ қарор дод, ки дар ҳамин диёр зиндагӣ ихтиёр кунад.
Ҳамин хел Исраэлян муқими Тоҷикистон шуда, дар коргоҳи либосдӯзии ноҳияи  Регар (ҳозира Турсунзода) нахуст устои либосбур, пас сардори сех буд. Соли 1979 ба нафақа баромад. Чанд сол ба баъд ҳамчун либосбур кор кард. Ҳамсараш – Тереза Яковлева низ либосдӯз буд ва дар ателйеи «Лола» - и шаҳр заҳмат мекашид.
     Бо орденҳои Байрақи Сурх, Ҷанги Ватании дараҷаи I, Ситораи Сурх, медали «Барои хизматҳои ҷангӣ» ва ғайра мукофотонда шудааст.
   Сарбози шуҷоъ Г. А. Исраэлян соли 1989 аз дунё гузашт.

 

                                                                                     Умари ШЕРХОН  

                                                                                                     5.4.2022

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter